КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛЛАИ «ЭҲТИРОМ»

Маҳаллаи «Эҳтиром»-и ноҳияи Сариосиё аввали соли ҷорӣ ба Барномаи «Маҳаллаи обод» дохил гардид.

Тибқи ин барнома дар маҳалла як қатор корҳои ободонӣ ба амал татбиқ гардид. Сараввал бо мақсади аҳолиро бо оби нӯшокӣ таъмин намудан баҳри бунёди манораи обфишор кор оғоз гардид. Дере нагузашта оби нӯшокӣ бароварда шуд. 
Дар суҳбат ба мо корманди ҷамоатии маҳалла Сафарбой Ниёзов фикру андешаҳояшро оид ба рафти кор дар ин ободиҳо чунин баён намуд:
– Рости гап, мо чашмдошт набудем, ки дар як муддати кӯтоҳ дар маҳаллаи мо ҷараёни корҳо ин тавр тез сурат мегирад. Зиёда аз 500 метр роҳи пиёдагард, ки ба истифода супурда шуд, ба маҳаллаамон ҳусни тоза зам менамояд. Агар бо як сухан ифода намоям, ин ҳама ободиҳо маҳз барои манфиати мардум аст. Зеро дар Ӯзбекистони мо қадри инсон баланд аст, ки инро бевосита Президент Ш. Мирзиёев борҳо таъкид намудаанд. 
Таъмиру асфалтпӯш гардонидани роҳҳои дохилӣ низ ба нақша гирифта шуда буд. Инак, оғози ҳафта асфалтпӯш намудани роҳу кӯчаҳои дохилии маҳалла шурӯъ гардид. Инро шуъбаи корхонаи унитарии аз роҳҳо истифодабарии ноҳия ба зиммаи худ гирифтааст. Ҳоло як қисми зиёди роҳҳои дохилӣ мумфарш гардиданд. 
— Хурду калони мардуми деҳаи Ӯзгариши маҳаллаи «Эҳтиром» аз ин ғамхориҳои ҳукумати кишвар миннатдоранд. Хусусан, бо гузоштани стансияҳои фаръии нав ва иваз намудани симчӯбҳо маҳаллаи мо рангу намуди ба худ тозае мегирад. Умед ба он дорем, ки ин навгониҳою ободкориҳо бардавом мегарданд, – мегӯяд раиси маҳалла Дилафрӯз Хӯҷаева. 

Олим ПАНҶИЗОДА.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: