КОРҲОИ ОБОДОНӢ ИДОМА ДОРАНД

Тайи солҳои охир дар дурдасттарин деҳу маҳал ҳам корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ ҷараён доранд.

Ин ҳама корҳо дар доираи барномаҳои давлатии «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» сурат мегиранд. 
Аз сӯйи дигар мувофиқи дархост ва пешниҳоди аҳолии маҳал, фаъолон ва мутассаддиён гурӯҳи кории ҷумҳурӣ вазъи воқеиро меомӯзад, хулоса мекунад, барои таъмир ва ободонӣ маблағи муайян ҷудо  менамояд. Чунончӣ, ҳоло дар маҳаллаву мавзеъҳои зиёд ба туфайли маблағҷудокунӣ корҳои созандагӣ идома доранд.
Дар маҳаллаҳои «Лолазор» ва «Ёрқин»-и ноҳияи Зафаробод ҳамин гуна манзараро мебинем. Аз буҷаи ҷумҳурӣ барои беҳ сохтани инфрасохтори ҳудуд ду миллиард сӯмӣ ҷудо карда шудааст. 
Барои беҳ гардонидани маҳаллаҳои «Усмат» ва «Оқтош»-и ноҳияи Бахмал низ ду миллиард сӯмӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Назар ба гуфти раисони маҳаллаҳои мазкур Ботур Пиримқулов  ва Ӯрозалӣ Седалов се пули хурд месозанд. Роҳе, ки истгоҳи мошинҳоро бо бозорчаи деҳқонӣ мепайвандад, асфалтпӯш карда мешавад. Дар ду маҳалла беш аз ҳафт ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.
Ду маҳаллаи ноҳияи нисбатан кӯчаки Янгиобод: – «Баландчақир» ва «Ҳавотоғ» низ аз ин гуна эътибор бебаҳра намондаанд. Харҷи маблағе, ки баҳри ободонӣ  пешбинӣ гардидааст, пеш аз ҳама барои дар кӯчаҳои «Боғишамол»-у «Саховат»-и маҳаллаи « Баландчақир» ва « Чанговул»-и маҳаллаи «Ҳавотоғ» сохтани иншооти об, ба масофаи 4-4,5 километрӣ кашидани  хати нави об, асфалтпӯш кардани 1,5 километрӣ  роҳҳои дохилӣ ба нақша гирифта шудааст.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: