КОРҲОИ ОМОДАГӢ БА БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ БАРРАСӢ ШУД

Президент Шавкат Мирзиёев 3 май бо тақдимот оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва паралимпӣ шинос шуд.

Президент Шавкат Мирзиёев 3 май бо тақдимот оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва паралимпӣ шинос шуд.

Барои омодагии варзишгарони мо ба ин мусобиқаи бонуфуз, ки дар Токиои Ҷопон баргузор мешавад, шароити васеъ фароҳам оварда шудааст. Бо иштироки мутахассисони баландихтисос садҳо тренингҳо ташкил карда шуданд. То имрӯз варзишгарони мо ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ 41 роҳхат ва ба Бозиҳои паралимпӣ 16 роҳхат гирифтанд.
Дар рафти муаррифӣ омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ танқид карда, он ғайриқаноатбахш дониста шуд. Зарурати дастгирии варзишгарон ва дастаҳои онҳо барои зиёд кардани шумораи литсензияҳо бинобар натиҷаи мусобиқаҳои интихобӣ дар моҳҳои май-июл таъкид гардид. Дар бораи пурзӯр намудани хидматрасонӣ ба варзишгарон ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи онҳо дастурҳо дода шуданд.
Вазифа гузошта шуд, ки фаъолияти федератсияҳо якҷоя бо менеҷерони ҷалбшуда такмил дода,  барои ҳар як намуди варзиш  оид ба беҳтар намудани омодагии ҷисмонӣ, тиббӣ ва равонии олимпиадаҳо барномаҳо таҳия карда шаванд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: