КОРҲОИ СОХТМОН ДАР МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ

Муассисаи таълими томактабии рақами 2-юми ноҳияи Чуст дар ҷойи баланди хушманзараи маркази деҳаи Варзик воқеъ аст.

Ба он Қурбонҷон Холдорова роҳбарӣ мекунад. Ба ҳудуди муассиса қисман як чинори бузургу куҳансол ва бештар дарахтони сӯзанбарг, сафедор, арча ва зардолу соя меандозанд. Аҷибаш ин аст, ки ҷамоати муассиса монанди аҳолии маҳаллаи «Пилол» оби маъдандору шифобахши зери чинори бисёрасраро истеъмол мекунанд.
Дар дохили муассиса нафаре гармои баҳору тобистонро ҳис намекунад. Ҳудуд сояву салқин аст. Дар майдончаҳои он кӯдакону бачагон аз гармии офтоби сӯзон паноҳ ёфта, бозиву хурсандӣ мекунанд. Бо ин ҷиҳатҳо ҳамеша хотири тарбиягарон, падару модарон ҷамъ аст. Шояд аз ҳамин ҷиҳат бошад, ки дар муассиса шумораи тарбиягирандагони хурдсол меафзояд. Дар натиҷа барои таълиму тарбия гирифтану машғули бозиҳо шудани наврасон ҷойҳо камӣ мекарданд. Қатор-қатор биноҳои то солҳои 50-уми асри ХХ бунёдёфта пасту танг буданд. Пештар дар деҳаи ҳамсояи Каркидон кӯдакистони замонавӣ сохта шуда буд. Мудираю тарбиядиҳандагони варзикӣ инчунин дар ҳамин хел муассисаи ҷойҳояш васеъву ҳозиразамон фаъолият бурданро орзу мекарданд. 
Орзуи деринаи онҳо амалӣ гардид. Бозсозии муассисаи деҳаи Варзик низ ба барномаи давлатӣ дохил карда шуд. Арзиши сохтмон 2 миллиарду 991 миллион сӯмро ташкил кард. Моҳи август бинокорони ҶММ «Зуҳалинвестсервис», ки аксарияти онҳо варзикианд, бо фармоиши ширкати «Инжиниринг»-и вилояти Намангон ба кор шурӯъ карданд. Биноҳои кӯҳнасохти муассисаро аз байн бардоштанд. Нишебию ноҳамвориҳои ҳудуд ҳамвор карда шуданд. То имрӯз бинои асосии дуошёна барои 140 ҷой, толори чорабиниҳо ва ошхонаи ҳамшафати он қад афрохтааст. Бомҳо шиферпӯш гардида, дару тирезаҳо шинонда шуданд. Кошинкориҳо ба охир расиданд. Корҳои пардоздиҳӣ давом доранд. Паноҳгоҳҳои тобистонаю ҳавзи яланги шиноварии бачагон, сохтори замонавии гармидиҳанда ва ҳавзи зидди сӯхтор бунёд гардида истодааст. Трансформатори алоҳидаи барқӣ гузошта шуд.
– Ҳоло, – шарҳ дод саркори бинокорон Собирҷон Ҳоҷимирзоев, – дар сохтмон қариби 90 нафар коргар меҳнат карда истодаанд. Боз сафи коргаронро зиёд мекунем. Пешсафон хеле сершуморанд, лекин аз аввал сардори бригада Умедҷон Зиёваддинов, аз устоҳо Рисқинбой Азимов, аз коргарон Аҳмадҷон Салоеву Музаффар Маҳмудов виҷдонан бисёр корҳоро анҷом дода истодаанд. Ба ҳар коргари навомада пешмузд медиҳем. Ҳар ҳафтаю даҳаро ҷамъбаст намуда, коргаронро бо музд таъмин мекунем. Ҳар моҳ доир ба корҳою ҷамъбастҳо ба идораи болоии дахлдор ҳисобот супорида мешавад, – мегӯяд ӯ. 

Ш.МИРЗОЕВ,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: