Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, муфтӣ Нуриддин Холиқназаровро қабул кард.
Зимни суҳбат натиҷаи корҳое, ки дар соҳаҳои диниву маърифатӣ, инчунин омӯзиш ва расондани мероси илмии аҷдоди бузурги мо ба мардум амалӣ мешаванд, баррасӣ гардиданд.
Дар замони пуртаҳлукаи имрӯза ба аҳолӣ, хусусан ҷавонон дуруст тавзеҳ додани арзишҳои ислом ва мубориза бурдан бар зидди ҷаҳолат бо маърифат аз ҳарвақта муҳимтар аст. Аз ин рӯ, оид ба таъмини суботи муҳити иҷтимоию маънавӣ дар мамлакати мо, минбаъд баланд бардоштани сифати таълими динӣ, омӯхтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар ин самт ва ҷорӣ намудани он ба фаъолияти муассисаҳои динию маърифатӣ мунтазам корҳо анҷом дода мешаванд.
Моҳи шарифи Рамазон дар кишвари мо дар фазои меҳрубониву шафқат гузашт. Мувофиқи қарори Президент аз 21 март дар ин моҳ чорабиниҳои маънавию маърифатӣ, ки ҳамватанонро ба накӯиву саховатмандӣ, расидан ба қадри зиндагии осоиштаву ором даъват мекунанд, гузаронда шуданд.
Бо ташаббуси сарвари давлат бо иштироки тамоми имом-хатибон дар маҳаллаҳо барои беш аз 1 миллион нафар мардуми камбизоат ифторҳо ташкил карда шуданд. Тавассути фонди хайрияи «Вақф» ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба маблағи 2 миллиарду 446 миллион сӯм кумак расонда шуд.
Хабари дигари муҳими моҳи Рамазони имсола аз ҷониби давлат ба зиёрати умра фиристодани 1,4 ҳазор шаҳрванди камбизоат буд.
Дар мулоқот доир ба таҳкими минбаъдаи таҳаммулпазирии динӣ, таъмини кафолатҳои озодии виҷдон дар ҷомеа табодули афкор сурат гирифт.