КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ИДОМА ДОРАНД

Бо мақсади ошно намудани ходимони ВАО бо корҳои бузурги созандагие, ки тӯли соли 2021 дар қаламрави вилояти Ҷиззах ба сомон расидаанд, ҳокимияти вилоят барои рӯзноманигорони маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ сафари матбуотӣ (пресс-тур) созмон дод.

Бо мақсади ошно  намудани ходимони ВАО бо корҳои бузурги созандагие, ки тӯли соли 2021 дар қаламрави вилояти Ҷиззах ба сомон расидаанд, ҳокимияти вилоят барои рӯзноманигорони маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ сафари матбуотӣ (пресс-тур) созмон дод.
Онҳо аввал ба бинои бозсозигардидаи Шӯрои вилоятии намояндагони халқ рафта, бо шароитҳое, ки барои депутатҳо муҳайё карда шудааст, аз наздик шинос гардиданд.
Мувофиқи барномаи сафари матбуотӣ рӯзноманигорон  ба фаъолияти панҷ объект дар маркази вилоят – шаҳри Ҷиззах ва як объекти дигар дар ҳудуди ноҳияи Шароф Рашидов шиносоӣ пайдо намуда, дар бораи онҳо маълумотҳои муҳим гирифтанд.
Дар бинои Мономаркази «Ишга марҳамат!» барои 490 нафар ҷой мавҷуда буда, он дар ҷойи  собиқ коллеҷи касбу ҳунари иқтисодиёт ва хидматрасонӣ таъсис ёфтааст. Барои таъмир ва ҷиҳозонидани бинои мазкур Фонди давлатии бошуғлфарогирӣ 14 миллиарду 400 миллион сӯм ва Бонки ҷаҳонӣ як миллиарду 145 миллион сӯм маблағ сарф кард.
Ходимони РАО дар филиали Институти технологии «Sambhram» ва «Мактаби президентӣ» бо қулаиҳое, ки дар ин масканҳои таълим барои илму донишандӯзии ҷавонон ҷой доранд, бо чашми худ диданд. 
Дар аснои сафар ва шиносоӣ бо сохтмони биноҳои истиқоматии 16 ошёнаи маҳаллаи «Олмазор»-и шаҳри Ҷиззах маълум гардид, ки ҳар як бино барои 80 хонавода пешбинӣ гардидааст. Дар ин ҷо 6 то бинои 16 ошёна  ва 4то бинои 9 ошёна месозанд ва марҳила ба марҳила ба истифода месупоранд. Чунки то ин дам 15 то хонаи ҳафтошёнагӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Атрофи биноҳо  бо майдончаҳои варзишии бачагона иҳота ёфтааст.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди  «Голд Фиш агро» соли 2021 ташкил ёфтааст. Арзиши умумии он 30 миллиард сӯм мебошад. Ин кластер ба истеҳсол, аз навкоркарди моҳӣ ва баровардани хӯрокаи он ихтисос дода шудааст. Дар ҳавзаҳои сунъӣ технологияи замонавии кишвари Чин устувор карда шудааст.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: