КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАНД

Соли ҷорӣ дар пойтахт ба амал омадани сӯхтор бештар қайд шудааст. Аксари онҳо дар хонадонҳо рӯй додаанд.

Аз ин боис ходимони хидмати бехатарӣ аз сӯхтор доири пешгирии ин офат дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиро пурзӯр мегардонанд. Дар маҳаллаҳо ва ҷойҳои серодам оиди омил ва сабабҳои сарзании сӯхтор, чораҳои пешгирии он суҳбатҳо ташкил менамоянд. Дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ лавҳа аз видеоҳое, ки сабаб ва оқибатҳои сӯхтор тасвир шудаанд, ба намоиш гузошта, ба ҳушёрӣ даъват менамоянд.
Ба корҳои профилактикӣ ходимони идораҳои таъминоти газ, барқ низ ҷалб шудаанд.
Ҳамватанони азиз, барои пешгирии сӯхтор ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя намуда, худро аз ин офат эмин дорем!

Бекҷон РАҲМОНАЛИЕВ,
инспектори шуъбаи 
бехатарӣ аз сӯхтори ноҳияи Юнусободи пойтахт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: