«КОСОНСОЙФАРМ» – ИҚДОМИ НЕК ДАР РУШДИ ДОРУШИНОСӢ

Дар кишварамон бобати дар шароити маҳаллӣ истеҳсол кардани масолеҳи доруву дармон чорабиниҳо андешида мешаванд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 майи соли 2017 «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодии «Нуқусфарм», «Зоминфарм», «Косонсойфарм», «Сирдарёфарм», «Бойсунфарм», «Бӯстонлиқфарм» ва «Паркентфарм» барои истеҳсоли доруву дармон ва маводи тиббӣ дар кишвар нигаронида шудааст.
Дар минтақаи озоди иқтисодии «Косонсойфарм» ҳамагӣ 13 лоиҳа мавҷуд буда, татбиқи онҳо дар солҳои 2018-2021 пешбинӣ шудааст. Барои иҷрои лоиҳаҳо ҳамагӣ 103,9 гектар замин ҷудо карда шудааст. Аз ин дар мавзеи Гурмирон 35,8 гектар барои лоиҳаҳо ва аз мавзеи Худойбердиев 68,1 гектар барои рӯёнидани растаниҳои дорувор пешбинӣ шудааст.
Дар чаҳоряки якуми соли 2019 се лоиҳа, аз ҷумла ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди «Спиринт фармасевтик», «Фирдавсбекфарм», «Кореан Мару» ба кор андохта мешаванд. Аз 10-то лоиҳа 5-тоаш аз корхонаи хусусии «Ҷӯрабек ота», ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди «Ахсикент соф саноат», «Саломатлик диёр келажак сари», «Мед диагноз», «Меdiclean» аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва 5-тои боқимондааш бо корхонаҳои муштараки дигари Федератсияи Русия дар солҳои 2019-2021 марҳила ба марҳила ба фаъолият шурӯъ мекунанд.
Бо ибтикори маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Косонсойфарм» барои фароҳам овардани шароити мусоид ба сармоягузорони хориҷӣ бо ширкатҳои калони дорушиносӣ машваратҳо ба роҳ монда мешаванд.
Бинобар коммуникатсия низ корҳо ба анҷом расонда мешаванд. Дар 2,9 километр хати гази табиӣ кашида, 1-то ГРП насб намуданд. Ба 2,7 километр хати барқ оварда, 2-то трансформатори нав васл мегардад. Як чоҳи артезианӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, боз  ба кор андохтани як чоҳи нави артезианӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин, мумфарш кардани 3,6 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст. Имрӯзҳо дар ин ҷо корҳои сохтмону монтаж муташаккилона давом мекунанд.
Минтақаи озоди иқтисодии «Косонсойфарм»  баробари бо шуғл фарогирии  аҳолии вилояти Намангон бо доруҳои арзон ва маводи тибб низ таъмин менамояд.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: