Котиби давлатии ИМА: «ДАР ӮЗБЕКИСТОН БОБАТИ БЕҲТАР НАМУДАНИ ВАЗЪИЯТ БИНОБАР ОЗОДИИ ДИНӢ ҚАДАМҲОИ ҶИДДӢ ГУЗОШТА ШУДАНД»

10 июн Департаменти давлатии ИМА Маърӯзаи навбатиро вобаста ба озодии динӣ дар соли 2019-ум интишор кард, ки дар он ба ҳолати озодии эътиқоди динӣ дар ҷаҳон баҳо дода мешавад.

10 июн Департаменти давлатии ИМА Маърӯзаи навбатиро вобаста ба озодии динӣ дар соли 2019-ум интишор кард, ки дар он ба ҳолати озодии эътиқоди динӣ дар ҷаҳон баҳо дода мешавад.
Ҳуҷҷат ҳар сол чоп мегардад ва дар асоси он аз ҷониби котиби давлатии ИМА бобати ба рӯйхати «кишварҳое, ки боиси ташвиши махсус мебошанд» дохил кардани ин ё он давлат қарор қабул карда мешавад. 
Котиби давлатӣ Майкл Помпео маърӯзаро муаррифӣ намуда, аҳамияти бартариятноки масъалаҳои таъмин сохтани озодии диниро дар рӯзномаи сиёсати хориҷии ИМА таъкид кард ва ба вазъияти як қатор кишварҳо баҳо дод. Котиби давлатӣ дар бораи анъанаҳои мусбати соҳаи таъмин сохтани озодиҳои динӣ сухан ронда, се мамлакатро хотиррасон кард. Аз ҷумла дар Суди байналхалқии СММ аз ҷониби Гамбия пешниҳод шудани даъво вобаста ба ҷиноятҳо ба муқобили мусулмонони роҳинҷа, ҳамчунин дар Аморати Муттаҳидаи Араб, дар аввалин кишвари Шарқи наздик оғоз ёфтани сохтмони маъбади Серкови Исои Масеҳи муқаддаси рӯзҳои охирин қайд гардид. 
Роҳбари Департаменти давлатӣ пешрафти Ӯзбекистонро дар соҳаи мазкур махсус таъкид намуд.
«Дар Ӯзбекистон бобати беҳтар сохтани вазъият бинобар озодии динӣ қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуданд ва ин иқдом идома дорад. Ман, вақте, ки дар оғози сол ба ин кишвар будам, бо пешвоёни динӣ суҳбати пурмазмун доштам, – изҳор дошт Майкл Помпео, – Мо ягон ҳодисаи тафтишотии мақомоти ҳуқуқу тартиботро бар муқобили гурӯҳҳои ба қайд гирифтанашудаи динӣ дар соли 2019-умро нисбат ба 114 тафтишоти баргузоршуда дар соли 2018 ва 240 тафтишоти соле пештар мушоҳида накардем. Ин муваффақияти азим, пешрафти назаррас мебошад».
Сафири оид ба супоришҳои махсус дар соҳаи озодии динӣ Сэм Барунбэк, ки ба сухан баромад, низ таъкид сохт, ки «ба шарофати пешрафт Ӯзбекистон ва Судан аз рӯйхати кишварҳое, ки дар соҳаи озодии динӣ боиси ташвиши махсус мебошанд, хориҷ карда шуданд». 
Хотиррасон менамоем, ки моҳи декабри соли 2018 роҳбари Департаменти давлатӣ бо қарори худ Ӯзбекистонро расман аз табақаи мазкур хориҷ намуд ва бо ин пешрафти назарраси мамлакатро дар соҳаи таъмин сохтани озодии эътиқоди динӣ эътироф кард. 
Муовини раиси Комиссияи оид ба озодиҳои байналхалқии динии ИМА хонум Надин Маэнза қарори мазкурро тавзеҳ дода, қайд намуд, ки мутаассифона, бисёр давлатҳо чораҳоеро, ки Ӯзбекистон барои таъмин сохтани озодии эътиқоди динӣ меандешад, қабул намекунанд. 
«Аз ҷониби роҳбари Департаменти давлатӣ эътироф гардидани пешрафт ва комёбиҳои Ӯзбекистон хеле хушоянд аст», – қайд намуд Надин Маэнза.
Муовини директори Маркази байналхалқии тадқиқотҳои ҳуқуқӣ ва динии Донишгоҳи Бригама Янга Элизабет Кларк, ки дар муҳокимаи лоиҳаи нави қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ» фаъолона иштирок мекунад, низ комёбиҳои Ӯзбекистонро дар самти мазкур баланд арзёбӣ намуд.   
«Ӯзбекистон, воқеан барои саъю кӯшишҳояш, ки дар роҳи таъмин сохтани озодии динӣ амалӣ менамояд, сазовори эътибор мебошад», – изҳор дошт профессор Элизабет Кларк.

АИ «Дунё»,
ВАШИНГТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: