КОТИБИ ИҶРОИЯИ CАМОҲЯ ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОНРО ПУШТИБОНӢ КАРД

Сафири Ӯзбекистон дар Австрия Абат Файзуллоев эътимодномаи худро ба Котиби масъули Созмони Аҳдномаи манъи озмоиши ҳамаҷонибаи ядроӣ (CАМОҲЯ) Лассина Зербо ҳамчун намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди ин сохтори байналмилалӣ супурд.

Сафири Ӯзбекистон дар Австрия Абат Файзуллоев эътимодномаи худро ба Котиби масъули Созмони Аҳдномаи манъи озмоиши ҳамаҷонибаи ядроӣ (CАМОҲЯ) Лассина Зербо ҳамчун намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди ин сохтори байналмилалӣ супурд.
Зимни мулоқот Лассина Зербо қайд кард, ки ӯ аз дигаргуниҳои мусбате, ки дар Ӯзбекистон ба амал меоянд ва ислоҳоти босуръате, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев ба амал бароварда мешаванд, хуб огоҳ аст. Вай таъкид кард: ба динамикаи ҳамкориҳо баҳои баланд медиҳад, ки ба шарофати он ҳамкории Маркази миллии маълумоти Ӯзбекистон бо Маркази байналмилалии CАМОҲЯ дар Вена тақвият меёбад.
Котиби иҷроияи CАМОҲЯ гуфт:  ният дорад, ки имкони расонидани кӯмаки техникиро дар таҳкими Маркази иттилооти миллии Ӯзбекистон, фиристодани мутахассисони Ӯзбекистонро барои таҷрибаомӯзӣ ба марказҳои пешрафтаи ҷаҳон ва ҷалби васеи онҳоро ба чорабиниҳои таҳти сарпарастии созмон баррасӣ кунад.
Нақши махсуси Ӯзбекистон дар ташкили минтақаи аз силоҳи ядроӣ озод дар Осиёи Марказӣ қайд карда шуд. «Таҷрибаи беназири офаридани он, ки дар Ӯзбекистон ғанӣ шудааст, бешубҳа сазовори таваҷҷӯҳ ва тарғиб аст» — гуфт роҳбари ташкилот.
Лассина Зербо ташаббуси нави Президенти Ӯзбекистонро дар бораи баргузор намудани форуми байналмилалии коршиносон оид ба  бесилоҳсозии ядроӣ ва ташкили минтақаҳои аз силоҳи ядроӣ холӣ, ки 29 октябри соли 2020 ҳангоми суханронии сарвари давлат дар Форуми байналмилалии ҳамкории шимолии иқтисодӣ изҳор карда шуд,  пуштибонӣ кард. Инчунин омодагии ташкилотро барои расонидани кӯмак дар баргузории ин чорабинӣ ва иштирокаш дар сатҳи баландтарин қайд кард.

АИ «Дунё».
ВЕНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: