Ҳаёти ҳамарӯзаи мо, пешрафти иқтисодиро бидуни нирӯи барқ наметавон тасаввур кард.
Бинобар ҳамин ҳам дар мамлакати мо таъминоти босифат ва муттасили аҳолӣ бо нирӯи барқ аз ҷумлаи вазифаҳои бартаринок ба шумор меравад.
Ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон истеҳсоли 1 киловатт /соат энергияи электр 450 сӯм арзиш дорад. Ба аҳолӣ нирӯи барқ ба қимати 250 сӯм пешкаш мегардад. Мақсад аз ин дастгирии моддии халқ мебошад.
Бешубҳа, дотатсия кори хуб аст, вале набояд фаромӯш кард, ки кори барзарар дар рушди соҳа таъсири манфӣ мерасонад. Агар вазъиятро тағйир надиҳем, барои бозсозӣ имконият фароҳам намеояд, ба муҳити сармоявӣ зиён мерасад. Аз маҳсулоти арзишаш садсӯмаро ба қимати 50 сӯм фурӯхтан кӣ манфиат мебинад? Кӣ ба бозсозии чунин соҳа маблағгузорӣ мекунад? Ин омил барои татбиқ сохтани лоиҳаҳои нав монеа ба шумор меравад. Дар бораи зараре, ки аз дотатсияи энергетикӣ ба кишвар мерасад, метавон бисёр сухан гуфт.
Ба маврид аст қайд намоем, ки кайҳо фурсати дар бораи мушкилоти соҳа сухан гуфтан фаро расидааст, аз он дигар наметавон чашм пӯшид. Баъзе истгоҳҳои электрии мамлакати мо дар нимаи аввали садсолаи гузашта бунёд шуданд, «навашон»- баъдтар, пас аз 10-20 сол. Онҳо кайҳо боз таҷдид нагардиданд ва куҳна шудаанд. 65 фоизи шабакаҳои электрӣ ва трансформаторҳо муҳлати хидмати худро гузаштаанд.
Баробари ин афзоиши аҳолӣ, вусъат пайдо кардани ҳудудҳои буду бош, баланд гардидани сатҳи ҳаёт, дар ҳар кадом хона истифода шудани телевизорҳо, кондитсионерҳо, яхдонҳо, компутерҳо, воситаҳои алоқаи мобилӣ ва ашёҳои дигари техникаи маишӣ, афзудани саръати сохтмон ва хидматрасонӣ боиси катъиян зиёд гардидани харҷи энергияи электр мешаванд.
Зиёда аз ин ҷамъияти саҳомии «Ҳудудий электр тармоқлари» барои аҳолӣ беподош устувор кардани АСКУЭ, яъне ҳисобкунакҳои электрониро ба зиммаи худ гирифт. Ин бошад, хароҷоти иловагист, агар соддатар карда гӯем, зарари моддӣ мебошад. Ба рақамҳо муроҷиат мекунем: ҳар кадом ҳисобкунак бо устувор карданаш 770 ҳазор сӯм арзиш дорад.
Ҳоли ҳозир дар истифодаи энергияи муқобил (офтобӣ, бодӣ ва ғайра) низ мушкилот мавҷуд мебошад. Барои сарпур сохтани маблағҳои харҷшуда вақти зиёде тақозо мегардад. Ҳар кадом сармоягузор бошад, дар бораи зуд даромад гирифтан фикр мекунад. Чунончӣ, мутахассисон таъкид мекунанд, ки арзиши 1 киловатт/соат нирӯи барқ, ки аз ҷониби истгоҳи барқии бодӣ ё худ офтобӣ коркард шудааст, то ба 6 сент мерасад. Аз тариқи тамдид додани муҳлати баргардондани хароҷот метавон ин нишондиҳандаро кам кард, вале ягон сармоягузор ба чунин шарт розӣ намешавад.
Бо назардошти омилҳои мазкур муътадил сохтани тарифҳо барои энергияи электр пешбинӣ мегардад. Истеъмол меафзояд, мувофиқи он зараре, ки ба давлат мерасад, низ зиёд мешавад. Замоне мерасад, ки низоми мазкур ба буҳрон дучор мегардад. Яъне барои баланд бардоштани даромаднокии низом ба он набояд муносибатҳои бозаргонӣ зиён расонанд.
Бешубҳа, баланд бардоштани нарх ба ҳеҷ кас маъқул нест. Вале моҳияти тағйироти нав аз он иборат мебошад, ки фарқияти нарх кам аст. Арзиши 1 киловатт/соат энергияи электр ба 295 сӯм мерасад, яъне ҳамагӣ 45 сӯм зиёд мешавад. Агар ба инобат гирифта шавад, ки як оила моҳе ба ҳисоби миёна 150 киловатт/ соат энергияи электр харҷ мекунад, пардохти иловагӣ ҳамагӣ 6800 сӯмро ташкил хоҳад дод. Ин ба арзиши як-ду литр сардоба ё худ аз интернет пайдо кардани як файл баробар аст.
Баландшавии нарх чандон ваҳмангез нест. Пардохтро метавон аз тариқи фурӯзонакҳои каммасраф, дар газ ҷӯшондани об, шабона хомӯш кардани кондитсионер сабуктар кард.
Дар мавриди боло набардоштани нарх бобати сабук шудани ҳаёт метавон бисёр сухан гуфт. Вале ҳамеша ҳаёт чунин давом намекунад, замони аз ин хусус андеша кардан фаро расид. Баъдан моро насли оянда барои ин хатоямон намебахшад?
Дар соҳаи энергияи электр ҷорӣ намудани «меъёри иҷтимоӣ» пешбинӣ мегардад. Чунончӣ, агар талаботи моҳонаи як оила аз 250 киловатт/соат энергияи электр зиёд набошад, пардохт мувофиқи нархи муқарраршуда амалӣ мегардад. Ҳангоми аз меъёри муқарраршуда зиёд будан тарифи иловагӣ истифода мешавад. Ин истеъмолгаронро ба сарфа кардан даъват менамояд, харҷҳои беҳудаи энергияи электро аз байн мебардорад.
Ҳамин тариқ, муътадилсозии тарифҳо ба нигоҳ доштани эътидоли таъминоти электр хидмат мекунад. Пеш аз ҳама, барои ба соҳа ҷалб намудани сармояҳо, ба роҳ мондани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ имконият фароҳам меояд, муфлисшавии корхонаҳо оид ба истеҳсолот ва расонда додани энергияи электр пешгирӣ мешавад.
Захираҳои давлатӣ, ки барои дотатсияи энергетикӣ ҷудо карда мешаванд, коҳиш меёбанд, имконияти ба кӯдакистонҳо, мактабҳо, беморхонаҳо, иншооти дигари иҷтимоӣ, соҳаҳои пешбари иқтисодӣ равон кардани онҳо зиёд мешавад.
Обидҷон ДИЛМУРОДОВ, мутахассиси ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудий электр тармоқлари».
ӮзА.