КОҲИШ ДОДАНИ КАМБИЗОАТӢ — МАЪНОИ ТАҒЙИР ДОДАНИ ҲАЁТРО ДОРАД

Дар солҳои охир баъди ба роҳ монда шудани механизми самарабахши мулоқот бо халқ вазъияти ҳақиқӣ оид ба камбизоатӣ пеши назарамон падид омад.

Дар солҳои охир баъди ба роҳ монда шудани  механизми самарабахши мулоқот  бо халқ вазъияти ҳақиқӣ оид ба камбизоатӣ пеши назарамон  падид омад. Камбизоатӣ мафҳуми доираи танг нест. Ин масъала танҳо ба одамоне, ки дар мушкилоти молиявӣ ва ночорӣ зиндагӣ мекунанд, марбут нест. Камбизоатӣ ин масъалаи марбут  ба саломатии мардум, имкониятҳои давлат, таъмини ҳуқуқҳои афзалиятноки шаҳрвандон, иқтидори умумӣ аст.
Аз ин рӯ, имрӯз тамоми талошҳо дар иқтисодиёт ба фароҳам овардани манбаи даромади аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудааст. Барҳам додани камбизоатӣ масъалаи миқёсаш хеле калон маҳсуб меёбад. Дар баробари ин мушкилот худ аз худ бо додани нафақаи иҷтимоӣ ва ё манзил ба касе ҳал намешавад. Ин дар баробари инфрасохтори иқтисодӣ тадбирҳои мураккабро, аз қабили сармоягузорӣ, беҳбуди таъминоти нерӯи барқ, рушди маориф тақозо мекунад.
Дар ин раванд, пеш аз ҳама, касб омӯзондан ба занону ҷавонон ва бо ин васила таъмини шуғли онҳо корҳои густурда анҷом дода мешаванд. Бо ин мақсад сиёсати давлатӣ ба низоми амудӣ табдил меёбад, ки аз марказ то дараҷаи  маҳалла пеш бурда мешавад.
Ҳизби халқии демократӣ бо дастгирии ҳамаҷонибаи ин ислоҳот, чунин мешуморад, ки масъалаҳои ислоҳоти пайвастаи демократии идораи давлатӣ, рушди институти маҳалла, зиёд гардондани даромади аҳолӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, пурзӯр гардондани эътибор ба маориф ва тиб, беҳбуди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аҳамияти сиёсии бунёдӣ доранд.
Мавриди зикр аст, ки аз соли оянда маблағҳои аз ҷониби давлат пешниҳодшуда ва имкониятҳои фароҳам овардашуда дар асоси эҳтиёҷоти маҳалла муайян карда мешаванд.
Низоми мазкур барои чӣ ба роҳ монда мешавад. Чунки, масъалаҳои иҷтимоии боиси нигаронии аҳолӣ маҳз дар қисмати маҳалла равшан  ба назар мерасанд. Самара ва натиҷаи ислоҳоти ба амаломада дар маҳаллаҳо аниқ ба мушоҳида мерасанд.
Аз боло қонунҳо, қарорҳо ва барномаҳо қабул карда мешаванд. Аммо агар иҷрои ҳамаи инҳо дар поён пурра таъмин нагардад, дар ҳаёти оилаҳо, шаҳрвандони мо дигаргуниҳо ҳис карда нашаванд, кӯшишҳо самара намебахшанд. Дигаргуниҳо бояд дар ҳаёти халқи мо, дар оила, дар хонаводаҳо ҳис карда шаванд. Сарвари давлатамон имкониятҳои тамоми сохтори давлатӣ ва идораи ҷамъиятро ба ин ҳадафи наҷиб бо нерӯ ва ғайрати бузург сафарбар мекунад. Ин тамоюл  на танҳо ба мураттаб ҳал намудани проблемаҳои иҷтимоии маҳаллӣ, аз ҳама муҳимаш, ба мухайё намудани шароити реалии баробарии ҳуқуқу имкониятҳо хизмат мекунад. Мо ин фикрро гаштаю баргашта такрор мекунем.
Агар имрӯз ба рақамҳои расмӣ назар андозем, дар мамлакатамон мизони бекорӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли равон 9,4 фоизро ташкил медиҳад. Ба ибораи дигар гӯем, шумораи ресурсҳои меҳнатӣ 19,3 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз ин 5,9 млн. нафарашон аз зумраи онҳоест, ки дар сектори ғайрирасмӣ машғуланд.
Ҳоло шумораи умумии одамоне, ки ба кор эҳтиёҷ доранд, 1 миллиону 400 ҳазор нафар, сатҳи бекорӣ дар байни одамони синнашон 16-30-сола — 14,9 фоиз,  дар байни занон — 12,8 фоизро ташкил медиҳад. Мутаассифона, дар мамлакати мо шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол меафзояд. Ҳозир шумораи онҳо ба 4,3 миллион нафар мерасад. 
Пешбинӣ шудааст, ки то соли 2026 сатҳи камбизоатӣ тавассути таъмини шуғл, аз ҳисоби давлат касбу ҳунар омӯзондан ба ҷавонон ва шаҳрвандони бекор, рушди соҳибкории оилавӣ ва расонидани кӯмаки мақсаднок ба табақаи ниёзманд ду баробар коҳиш дода шавад. Ин як марҳалаи хеле бузург буда, аҳамияти таърихӣ дорад. Ба даст овардани ин натиҷа маънои дар мамлакат босамар ба амал баровардани ислоҳоти иҷтимоию иқтисодиро низ дорад. Яъне, ду баробар коҳиш додани камбизоатӣ кафолати дар бисёр соҳаҳо баланд шудани пешравии воқеӣ  мебошад.
Ба ин мақсад соли оянда барои татбиқи барномаҳои соҳибкории оилавӣ, касбомӯзии аҳолии бекор ва ҷавонон, лоиҳаҳои соҳаи хизматрасонӣ 13 триллион сӯм ҷудо карда мешавад.
Президентамон таъкид намуд, ки мо Ӯзбекистони Нав бунёд мекунем. Ин, пеш аз ҳама, маънои табъи тамоман нав, низоми нав ва бо услуби нав кор карданро дорад. Таъсиси ҷойҳои корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ меъёри асосӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳизби мо ҳадафҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва сифати зиндагии мардумро дар заминаи лоиҳаҳое, ки дар доираи барномаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ мешаванд, фаъолона дастгирӣ мекунад. Зеро аз лоиҳаҳои бузурге, ки дар ин самт солҳои охир амалӣ мешаванд, дар навбати аввал интихобкунандагони мо, табақаҳои ниёзманд манфиатдоранд.
Вобаста ба ин, соли оянда дар доираи барномаи давлатии сармоягузорӣ ҳудуди 1700 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 18 триллион сӯм, дар доираи барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии сармоягузорӣ 9 ҳазор лоиҳа ба маблағи 22 миллиард доллар татбиқ карда мешавад, ки мутаносибан 135 ҳазор ва 305 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис медиҳанд.
Илова бар ин, дар натиҷаи татбиқи 109 лоиҳа аз ҳисоби азхудкунии 2,2 миллиард доллари аз созмонҳои молии байналмилалӣ ҷалбшуда шуғли 28 ҳазор нафар таъмин карда мешавад.
Ин масъалаҳо бо ғояҳои Ҳизби халқи демократӣ зич алоқаманданд. Зеро тақдири масъалаҳое, ки ба манфиати интихобкунандагони мо дахл доранд, дар маҳалҳо ҳал мешавад. Дар таъмини иҷрои қонунҳо, қарорҳо, барномаҳои давлатӣ ҳисоботдиҳии шахсони мансабдори маҳаллӣ дар назди ҳайати депутатҳо, пурзӯр намудани назорати ҷамъиятии мақомоти намояндагии маҳаллӣ аҳамияти калон дорад. Дар Шӯроҳои депутатҳои халқӣ зиёда аз 1600 ҷойи депутатӣ доштани ҳизби мо дар ин бобат ҳам имконият медиҳад ва ҳам масъулияти моро дучанд мекунад.
Инкишофи тамоюли ҳифзи иҷтимоӣ дар кишвар, иштироки фаъолона дар раванди паст кардани сатҳи камбизоатӣ вазифаи муҳими сиёсии ҲХД мебошад.

Улуғбек ИНОЯТОВ,
муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: