КОҲИШИ КАМБИЗОАТӢ ВА ЧОРАҲОИ МУАССИРИ ОН

Ҳукумати ҷумҳурӣ барои коҳиши камбизоатӣ дар байни аҳолӣ ва беҳтар кардани шароити зисти онҳо лоиҳаҳои гуногунеро роҳандозӣ мекунад.

 “Қадри инсон” унвони яке аз чунин тарҳҳо буда, бо нишондоди раҳбари давлат рӯи кор омадааст ва зимни он ба оилаҳои ниёзманд кумаки гуногун расонида мешаванд.
Дар вилояти Қашқадарё низ дар ин самт корҳои шоёне иҷро мешаванд. Яке аз онҳо маросими тақдими дастгоҳҳои дӯзандагӣ аст, ки дар ин авохир ба амал омад. Зимни чорабинии густурдае ҳокимияти вилоят ба 217 нафар бонувон, ки дар рӯйихати “Дафтари оҳанин”, “Дафтари занон” ва “Дафтари ҷавонон” ҳастанд, дастгоҳҳои дарздӯзӣ тақдим намуд. Таъкид гардид, ки ин таҷҳизот дар маҷмӯъ наздик ба 1 миллиард сӯм арзиш дошта, ба занони хонашини оилаҳои ниёзманд пешбинӣ шуда буданд. Мақсад аз тақдими ин гуна дастгоҳҳо барҳам додани камбизоатӣ дар байни аҳолӣ ва билохира ривоҷ додани соҳибкории хурд  дар оилаҳои камбизоат аст. Қобили зикр аст, ки қаблан дар моҳи январи соли ҷорӣ ба 500 нафар ниёзмандон таҷҳизоти гуногун тақдим шуда буд.
Муротҷон Азимов – ҳокими вилояти Қашқадарё дар чорабинӣ ширкат варзидаву зимни суханронӣ гуфт, ҳукумати ҷумҳурӣ чашмдор аст, ки оилаҳои ниёзманди вилоят бо дарёфти ин таҷҳизоти дӯзандагӣ дар хонаҳои худ машғули кор шуда, бояд мушкилоти рӯзгори худро сода созанд. 
– Мо умедворем, ки дар байни бонувони мо дӯзандагони хуб зуҳур кардаву қадами нахустини онҳо ба соҳаи соҳибкории хурду бузург мешавад, – гуфт ҳокими вилоят. – Ҳукумати пайваста барои коҳиши фақр, беҳбуд бахшидани рӯзгори мардум кӯшиш мекунад ва дар ин самт ҷораҳои амалӣ меандешад. Мо бояд ба қадри ин кумакҳо бирасем ва ҳамсадои ҳукумат шудаву ба обод сохтани рӯзгори худ бештар часпу талош варзем. 
Тибқи гузориши омори расмӣ дар натиҷаи роҳандозӣ шудани лоиҳаи “Фаъолияти маҳаллабайъ”, ки ҷузъи таркибии ислоҳоти иқтисодии ҳукумати кишвар аст, дар вилояти Қашқадарё соли 2022-ум 8000 нафар одамони бекор ба гирифтани субсид мушарраф гардиданд, ки ин маблағ ба 17 миллиард сӯм баробар аст.  Инчунин ҳудуди 32 000 нафар аҳолӣ ба қарзҳои имтиёзнок фаро гирифта шуда ва ҳаҷми умумумии он 765 миллиард сӯмро ташкил кардаанд.

Шариф ХАЛИЛ, 
мухбири “Овози тоҷик” дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: