КОҲИШИ НОДОРӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ БА НИЗОМИ ЯГОНА ТАБДИЛ МЕЁБАД

Нодорӣ масъалаи ҷиддӣ аст.

 Ба ин мушкилот бидуни муносибати дуруст, дарки сабабҳои он, дастгирӣ ва рағбатнок намудани оилаҳо наметавон ба натиҷае расид. Солҳои охир дар кишвари мо муносибат ба масъалаи мазкур куллан тағйир ёфт, низоми нав ва мунтазам такмил ёфтани он аз рақамҳои воқеӣ низ мушоҳида мешавад.
Дар муддати кӯтоҳ, яъне ҳамагӣ чаҳор сол чораву тадбирҳои мунтазам андешидашуда самари худро доданд, ки дар натиҷаи онҳо тарзи ҳаёти беш аз се миллион ҳамдиёрамон беҳтар шуд. Сатҳи нодорӣ аз 17 ба 11 фоиз пойин омад. Моҳи майи соли равон дар ҳисоботи Бонки умумиҷаҳонӣ «Роҳи коҳиш додани нодорӣ дар Ӯзбекистон: хулосаҳои барномаи байналхалқии қиёсӣ» қайд гардид, ки Ӯзбекистон дар соҳаи мазкур аз ҷумлаи кишварҳои ба натиҷаи баландтарин муваффақшуда аст. 
Биёед, ба санад ва далелҳои дақиқ эътибор диҳем. Медонем, ки табақаи бузурги нодорон асосан дар деҳот зисту зиндагӣ мекунанд. Коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ бинобар таҳлилҳо қайд намудаанд, ки тӯли солҳои 2021-2023-юм дар деҳаҳо 1,2 миллион нафар аҳолӣ (дар шаҳрҳо бошад, 400 ҳазор нафар) дар Ӯзбекистон аз нодорӣ раҳоӣ ёфтаанд.
Дар кишвари мо миқдори мактабҳои хусусӣ аз 30 адади соли 2018-ум соли 2023-юм ба 350 адад зиёд шудааст. Ин нишондиҳанда собит месозад, ки аз тариқи пардохтҳои зарурӣ талаботи аҳолӣ ба мактабҳои дорои сифати баланди таълим, баробари ин имкониятҳои моддии онҳо низ афзудааст. 
Мувофиқи маълумоти оҷонсии омор миқдори шаҳрвандоне, ки бо мақсади саёҳат ба хориҷа баромадаанд, аз 295 ҳазор нафари соли 2016-ум дар соли 2023-юм ба 661 ҳазор нафар (афзоиш 2,2 баробарро ташкил медиҳад) расида, воридоти хидматҳои сайёҳӣ аз 340 миллион доллар ба 1,3 миллиард доллар зиёд шудааст. 
Ин дигаргуниҳое, ки касро рӯҳбаланд месозанд, аз чӣ далолат медиҳанд? 
Бидуни шубҳа, ин тағйирот нишондиҳандаи афзудани даромади аҳолӣ, беҳтар шудани дараҷаи ҳаёти халқ, рушди иқтисодиёт ва баробари ин коҳиш ёфтани табақаи аҳолии ба кумак ниёзманду нодор мебошад. 
Баробари ин алҳол дар соҳаи мазкур зарурати ҷорӣ кардани муносибати аз ҷиҳати мазмуну моҳияти худ нав, коҳиш додани нодорӣ ва ҳамзамон ҳифзи иҷтимоӣ равшан ба назар мерасад. 
14 август Президент Шавкат Мирзиёев ҳангоми шиносшавӣ бо муаррифии чорабиниҳои оид ба кам кардани нодорӣ ва такмил додани низоми ҳифзи иҷтимоӣ ба ин масъала бори дигар таваққуф намуд. Тавре, ки зикр гардид, барои маълум намудани оилаҳои камбағал, аз ин вазъ раҳо кардани онҳо ва ҷудо намудани маблағ норасоии ягонагӣ эҳсос мегардад.
Бинобар таҳлилҳо ҳар сол дар мамлакатамон барои коҳиш додани маҳз нодорӣ 14 триллион сӯм равона карда мешавад. Вале ин маблағ аз тариқи 40 навъи воситаи молиявӣ аз ҷониби анқариб 10 идора ҷудо мегардад. Дар тақдимот тағйир додани ин низом, тақсим кардани маблағ бо дарназардошти миқдори нодорон дар ҳудуд, ноҳия ва маҳаллаҳо аз ҷониби Оҷонсии миллии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ зикр шуд. Тамоми хидматҳои иҷтимоӣ ва кумакҳое, ки ба аз нодорӣ раҳо кардан нигаронида шудаанд, аз ҷониби марказҳои «Инсон» амалӣ карда мешаванд. 
Боз як дигаргунии муҳим он аст, ки минбаъд рӯйихати нафақат оилаҳое, ки дар шароити душвор зиндагӣ мекунанд, балки номгӯйи маҳаллаҳои дараҷаи камбағалиашон баланд низ тартиб дода шуда, ҳар сол барои ба ҳудуди аз нодорӣ холӣ табдил додани 50 адад чунин маҳалла чораҳо андешида мешаванд. Барои соҳибкороне, ки шахсони ниёзмандро бо кор таъмин мекунанд, андозҳои имтиёзнок ҷорӣ мегарданд, ки фикр мекунем, яке аз воситаҳои мақбули ҳаллу фасли ин масъала хоҳад шуд. 
Ба маврид аст, қайд намоям, ки ба роҳ гузоштани чунин низоми истиқболнок, ки барои ба зинаи нав бардоштани ислоҳоти иҷтимоӣ хидмат мекунад, ба мақсадҳои барномаи Ҳизби халқиву демократӣ басо ҳамоҳанг мебошад. 
Дар чунин вазъияти мураккаб ба манфиатҳои инсон нигаронида шудани стратегияи рушди Ӯзбекистон, ки ҷиҳатҳои инсон ва халқпарвариро таҷассум менамояд, моро мамнун месозад ва ба зиммаамон масъулиятҳои бузург мегузорад. 
Кафолат додан ба бахту саодат ва фаровонҳолии ҳаёти ҳар як инсон, ба хусус баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти шаҳрвандони эҳтиёҷманд дар назди мо вазифаҳои нав ба нав мегузоранд. Коҳиш додани нодорӣ ва ба низоми ягона табдил додани ҳифзи иҷтимоиро Ҳизби халқиву демократӣ  дастгирӣ мекунад, бо ҳайати депутатиаш дар тамоми ҷумҳурӣ, созмонҳо ва саъю ҳаракати хайрхоҳонаш дар ин ҷараён бевосита фаъолона иштирок менамояд. 

Улуғбек ИНОЯТОВ, 
роҳбари фраксияи 
Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.     

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: