Мувофиқи қонунгузорӣ, аз соли таҳсили 2024-2025 сар карда кредити таълимӣ барои донишҷӯён ва донишомӯзони муассисаҳои таълими олӣ ва касбӣ дар асоси шартҳои зерин ҷудо карда мешавад:
- кредити таълимӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ танҳо ба донишҷӯён ва донишомӯзоне, ки дар шакли таълими рӯзона таҳсил мегиранд, ҷудо карда мешавад;
Кредити таълимӣ:
- барои донишҷўёни курси якуми муассисаҳои таълими олӣ ва донишомӯзони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба миқдори маблағи пардохти-контракт;
- барои донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюми муассисаҳои таълим олӣ, агар нишондиҳандаи миёнаи азхудкунии фанҳо аз «3» камтар бошад, ба миқдори на беш аз 80 дарсади маблағи пардохти-контракт ҷудо карда мешавад.
Дар ин раванд кредити таълимӣ:
- барои донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ ҳангоми мавҷуд будани маълумотҳои донишҷӯён дар системаи иттилоотии kontrakt.edu.uz ва системаи ахбории “Идоракунии равандҳои таълими олӣ” – HEMIS;
- барои донишомӯзони муассисаҳои таълимии касбӣ – ҳангоми мавҷуд будани маълумот дар бораи донишомӯзон дар системаи иттилоотии «Идоракунии равандҳои таълими касбӣ» (prof.edu.uz) ҷудо карда мешавад.