Кристина Олмер дар шаҳри Варесеи Итолиё дида ба дунё кушодааст.
Кристина Олмер дар шаҳри Варесеи Итолиё дида ба дунё кушодааст. Дар Фрайбурги Олмон ба ҳайси наққош-фрилансер кор мекунад. Академияи давлатии санъати тасвириро дар Штутгарт (Олмон) ва курси яксоларо бино ба ихтисос дар Флоренсия (Итолиё) хатм кардааст. Наққошиҳои ӯ дар намоишгоҳҳои кишвараш ва хориҷи он ба маъраз гузошта шудаанд, дар бисёр осорхонаҳо бо намунаҳои осори ӯ метавон шинос шуд. Сафарҳои эҷодии наққош ба кишварҳои Осиёи Шарқӣ барояш илҳом мебахшанд. Мавзӯи наққошиҳояш ӯро то ба Фаронса, Венгрия, Ӯзбекистон ва Чин бурдаанд. Ба санъати минётурии Шарқ дилбастагии зиёд дорад.
Наққош ва ороишгари олмонӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 580-умин солгарди зодрӯзи шоир, мутафаккир ва инсонпарвари бузург, поягузори забони адабии ӯзбек — Алишер Навоӣ дар китоби «Wit zur Nachtigall die Liebeslieder gehoren» тасвири ӯро кашидааст. Китоби мазкур маҷмӯаи ғазалҳои Навоӣ ба забони олмонӣ мебошад, ки онро олими шинохта ва тарҷумон, раиси ҷамъияти илмии олмонию ӯзбекистонӣ (DUWG), профессор Хуррам Раҳимов (Тошканд) ва ҳамкори олмонии ӯ, шаҳрванди ифтихории Самарқанд — Габриэле Келлер ба чоп омода хоҳанд кард.
Маҷмӯаро силсиласуратҳои Кристина Олмер оро додаанд. Тасвири пайкаранигории Алишер Навоӣ бо техникаи гуногун офарида шудааст. Бино ба ин ҳодисаи ғайримуқаррарӣ мо тасмим гирифтем, ки бо муаллифи тасвир ва ороишгари китоб Кристина Олмер суҳбате дошта бошем.
— Кристина, дар Шумо ғояи офаридани тасвири Алишер Навоӣ чӣ хел пайдо шуд ва бо чӣ эҳсос рӯйи ин лоиҳа кор бурдед?
— Моҳи декабри соли сипаригардида Габриэле Келлер, ки бо густариши санъату фарҳанги Ӯзбекистон сарукор дорад, аз инҷониб хоҳиш кард, ки барои нашри нав — маҷмӯаи ғазалҳои Навоӣ ба забони олмонӣ чанд сурат кашам. Бад-ин тариқ, ба дунболи мавод доир ба ин шахсияти бузург: шоир, меъмор, файласуф ва сӯфӣ гардидам. Ман, ки наққоши касбӣ ҳастам, ин пешниҳод бароям илҳом бахшид. Барои наққоши муосир симоҳои ғайримуқаррариро, ки дар байни онҳо шахсияти Алишер Навоӣ ҷойгоҳи хосса дорад, пеши чашми имрӯзиён намудан шараф ва масъулияти бузург аст. Ман барои худ паҳлӯҳои нави бадеии шоиру инсонпарвари бузург ва сухантирози нотакрорро, ки ашъораш саршори нафосату зебоиҳост, кашф намудам.
Образи Навоӣ дар ҳамаи асру замон арзише дошт. Ман саъй бинмудам, ки образи ӯро, бино ба бардошти сафарҳои худ ба Осиё, бо усули сеҳрангези классикӣ биофарам. Ман дар он ҷо бо бисёр чеҳраҳои зебо рӯ ба рӯ омадам, бо урфу одати шарқона ошно гардидам, аз рангу манзараҳо, ҳунармандии нотакрор ва бӯйи хуши таомҳои миллӣ лаззат бурдам. Ин ҳама ба наққошиҳоям пайи худро доштанд. Инҷониб дар Ӯзбекистон бо инсонҳои саховатпеша ва меҳмоннавоз вохӯрдам, ки яке аз онҳо Навоӣ буд. Рӯйи ӯ гӯё нур мепароканад. Нигоҳе нарму меҳрубон дорад, ки дар он нигоҳ дониш ва ҷаҳонбинии густурдааш таҷассум ёфтаанд. Гӯиё аз килки ӯ барои мову шумо ва тамоми ҷаҳониён сухани мондагораш метаровад. Симои ӯ барои мо шояд рамзи бунёдкориву офарандагист, ки мегӯяд: шумо ҳам аз ӯҳдаи навиштан, мусиқӣ эҷод кардан, эҷод кардан, дӯст доштан... мебароед.
— Шумо, ки аз Ӯзбекистон дидан кардаед, чӣ бардоштҳое бо худ доред?
— Бале, ман соли 2003 дар таркиби ҳайати ҷамъияти илмии олмонию ӯзбекистонӣ (DUWG) дар кишвари шумо будам. Дар Донишгоҳи давлатии ба номи Низомии Тошканд ва Осорхонаи давлатии таърихи фарҳанги Ӯзбекистон намоишгоҳ ва муаррифии наққошиҳои камина баргузор шуда буд. Барои ин сипосгузорам. Ёд дорам, боре шомгоҳ дар шаҳри Бухорои куҳан ва ҳамешаҷавон гаштугузор доштам. Дидам, ки гурӯҳе аз бачаҳо машғули бозии футболанд. Ба онҳо нигариста яке ҳис кардам, ки ман дар ин ҷо хушбахтам. Фикр мекунам, ки барои ман он ҳолат аз лаҳзаҳои беҳтарини ҳаётам буд... Самарқанд мисли афсонаи сеҳрангези 1001 шаб, воқеан, яке аз муъҷизаҳои дунёст...
— Барои Шумо Самарқанд чӣ қимате дорад?
— Самарқанди қандманд рамзи орзуҳост. Намедонам, бори дигар дидани он насиб мегардад ё на, вале дар ин шаҳр будан орзуи ҳамешагии ман аст. Бо ёди манзараҳои нотакрори шаҳр, таому хӯришҳои миллӣ, рақсу мусиқӣ ва наққошиҳои минётурӣ дилам гум мезанад...
— Таманноҳои Шумо ба халқи Ӯзбекистон...
—Сулҳу осоиш, мувофиқату мутобиқат, тандурустию хонаободӣ, бахту омад мардуми шуморо ҳеч гоҳ тарк нагӯяд. Соли Навоӣ бароятон хушиҳо оварад, балоҳои қазо аз сари ӯзбекистониён дур гардад. Бартарии шумо дар он аст, ки Навоӣ доред. Шеърҳои ӯро хонед, қадамҷоҳояшро зиёрат кунед, ба қавле, нону намакатон кам набошад!
Анатолий ИОНЕСОВ.
муаллифи лоиҳаи энсиклопедии «Самарқанднома».