КУ МЕҲР, КУ ОҚИБАТ?

Ахлоқ

Солҳои охир на танҳо кӯчаҳои шаҳр, балки дар кӯчаҳои тангу тори деҳаҳо низ тирбандии автомобилҳо ба назар мерасад. Ин ҳолат ба ҳаракати пиёдагардҳо мушкилиҳо ба миён меорад. Дар яке аз кӯчаҳои серҳаракат пиразане аз кӯча гузаштан мехост, аммо тирбандии автомобилҳоро дида, дар миёни кӯча истод. Аз ду тарафаш мошинҳо ғиз-ғиз мегузаштанд ва пиразан аз тарс чӣ кор карданашро намедонист. Ба ӯ ҳеч кас аҳамият намедод, баъзе ронандаҳои ҷавон ким-чиҳо гуфта дод мезаданд. Ҳамин лаҳза пиёдагарди миёнасоле, ки аз роҳ гузаштанӣ буд, аз дасти пиразан дошта, ба ронандагон бо ишораи «нигоҳ дор» даст боло намуд ва пиразанро ба канори муқобили роҳ гузаронд. Пиразан ба ӯ миннатдорӣ изҳор намуда, даст ба дуо бардошт. 
Дар ҳамин ҷо саволе ба миён меояд. Миёни одамон, бахусус ҷавонон канӣ меҳр, канӣ оқибат? Дар ин ҳолатҳо бисёртар ҷавононро айбдор меҳисобем, ҳол он ки бо роҳи дуруст тарбия намудани онҳо, роҳнамоӣ ба корҳои хайр, фаҳмондани арзишҳои милливу урфу одат, ҳифзи мероси гузаштагон вазифаи ҳар як пири пурдида ба шумор меравад. Дар ҳамин ҷо ба духтару писароне, ки ба чунин ҳолатҳо бепарво муносибат намуда, қоидаи роҳро вайрон карда, аз роҳ мегузаштанд ё ин ки ба ронандагоне, ки ба пиразан овоз баланд карда буданд, танбеҳ додан лозим аст. Мутаассифона, ибораҳои “ман ба ту намерасам, ту ба ман нарас” дар шуурамон сахт ҷойгир шудааст. Гуфтаҳои бузургон: “Ба як бача ҳафт маҳалла падару модар”, ба қавле, имрӯзҳо фаромӯш шудааст. Баръакс, ҳамкории оила, маҳалла, мактабро бояд пурзӯр намуда, ба корҳои маънавию маърифатӣ байни ҷавонон бештар таваҷҷуҳ намоем. Ҳамон вақт ба ҷустани меҳру оқибат ҳоҷат намемонад.

Ш. ДАМИНОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти НАМАНГОН.          

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: