Ба қарибӣ дар ҳаёти сокинони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Маҳаллиқозӣ»-и ноҳияи Шофиркон хурсандӣ рух дод.
Муассисаи таълими томактабии давлатии рақами 27-уми ҳудуд намуди замонавӣ гирифт. Бинои дуошёнаи дорои ҳама имкониятҳо барои 120 нафар наврас ба истифода супорида шуд. Ин маскани дилкаши бачагонро, ки 3 миллиарду 500 миллион сӯм қимат дорад, бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ҷӯйнав city савдо барака» бунёд карданд.
Бино дар фасли зимистон бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин шуда, вай дорои дарсхонаҳои қулай, хобгоҳ, ошхона, майдончаҳои бозӣ ва истироҳатгоҳҳо мебошад. Инчунин ҷавобгӯи талабҳои бехатарӣ ва гигиена аст. Дар ин ҷо ба пешравии ҷисмонӣ ва интеллектуалии бачагон шароит муҳайёст.
Дар маросими ба истифода супоридашавии бино намояндагони ҳокимият, ҷамоатҳо, падару модарон ва тарбиятгарон иштирок карданд. Ҳокими ноҳия Алишер Файзуллоев ва дигарон ҳозиронро бо кӯдакистони нав муборакбод карданд. Лентаи рамзӣ бурида шуд ва меҳмонон вориди он гардиданд.
А. Авезов,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.