Таҳсилоти томактабӣ звенои ибтидоии низоми таълими муттасил буда, дар тарбияи инсони ҳамаҷонибаи солим, баркамол нақши муҳим мебозад.
Таҳсилоти томактабӣ звенои ибтидоии низоми таълими муттасил буда, дар тарбияи инсони ҳамаҷонибаи солим, баркамол нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, дар натиҷаи ислоҳот дар соҳаи маориф дар кишварамон механизмҳои замонавӣ, аз қабили шарикии давлатию хусусӣ, аутсорсинг аввал дар низоми таҳсилоти томактабӣ ба миқёси васеъ, самарабахш ва хушсифат ҷорӣ карда шуданд. Дар баробари ташкилотҳои томактабии давлатӣ муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ низ бо шиддат инкишоф ёфта, шумораи онҳо мунтазам меафзояд.
Ноҳияи Нурато дар ҳудуди дурдасти кӯҳӣ ва биёбони Навоӣ, дар масофаи 60 километр аз маркази вилоят ҷойгир аст. Дар ноҳия 28 маҳалла мавҷуд буда, дар онҳо 85 157 нафар намояндагони миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Аксарияти онҳо бо парвариши чорво машғуланд. Азбаски ҳудуди ноҳия аз кӯҳу биёбонҳо иборат аст, масофаи байни баъзе маҳалҳои аҳолинишин 20-25 километр ва аз он ҳам зиёдтар аст.
Имрӯзҳо дар маҳаллаҳо ва деҳоти ноҳия фаъолияти 18 ташкилоти давлатии томактабӣ, 5 ташкилоти таълимӣ дар шакли шарикии давлатию хусусӣ, 24 ташкилоти ғайридавлатии таҳсилоти томактабии оилавӣ, ҷамъ 47 ТТТ ба роҳ монда шудааст. Дар ин кӯдакистонҳо 3 780 нафар кӯдакон тарбия мегиранд. Дар ноҳия то ҳоло аз ҳисоби 1587 кӯдаки синни томактабӣ (6-сола) ба кӯдакистон фаро гирифтани 1010 нафар дараҷаи фарогирӣ ба 63,6 фоиз расидааст. Дар соли таҳсили 2021-2022 дар ноҳия аз 577 нафар бачаҳои 6-сола 310 нафарро ба боғча фаро гирифта, ин нишондиҳандаро ба 83 фоиз расонданианд.
Дар ҳақиқат, таълими томактабӣ марҳилаи муҳимтарини рушди инсон ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ин давра аввалин малакаҳои таълимии кӯдак ташаккул меёбад. Кӯдаки дар кӯдакистон босифат таълиму тарбиягирифта ба мактаб бидуни душвориҳои зиёдатӣ мутобиқ мегардад. Дар онҳо дар тафовут аз ҳамсолони худ рушди ҷисмонӣ, малакаи хидматрасонӣ ба худ ва гигиенаи шахсӣ, малакаҳои иҷтимоию коммуникативӣ, навиштан ва хондан, тафаккури мантиқӣ, таҳлил, муқоиса кардан ва қобилиятҳои эстетикии эҷодӣ тавассути донишҳои ибтидоии математикӣ ташаккул меёбанд. Ғайр аз он, бо ҷалби кормандони педагогӣ, ки кори худро хуб медонанд, соҳибихтисосанд ва метавонанд ба ҳар як кӯдак алоҳида муносибат кунанд, раванди тарбияи кӯдакон низ натиҷаи мусбат медиҳад. Зеро, агар мо шуур ва тафаккури онҳоро аз хурдӣ ташаккул надиҳем, дар оянда тарбияи насли ҳамаҷониба баркамоли сатҳи дониш ва маънавияташ баланд душвор хоҳад буд.
— Бо ин мақсад, айни замон тамоми ТТТ-и ноҳияи мо бо кадрҳои баландихтисос ба дараҷаи бояду шояд таъмин гардидаанд, — мегӯяд мудири шуъбаи ташкилоти тарбияи томактабии ноҳияи Нурато Саодат Раҷабова. — Масалан, дар соҳа 263 нафар педагог фаъолият нишон дода, аз онҳо 89 нафарашон маълумоти олӣ, 20 нафар маълумоти олии нопурра ва боқимонда маълумоти миёнаи махсус доранд. Аммо, хореографҳо намерасанд. Ҳоло барои ҳалли ин мушкилот кӯшиш ба харҷ дода мешавад.
Мувофиқи дастурҳое, ки сарвари давлат 19 январи соли 2021 дар ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба куллан такмил додани низоми корҳои маънавию маърифатӣ дода буд, оид ба баланд бардоштани самаранокии корҳои маънавию маърифатӣ дар ТТТ-ҳои ноҳия «харитаи роҳ» тартиб дода шуд. Бо мақсади дар рӯҳияи қадршиносӣ ба арзишҳои миллии мо, ҳифзи онҳо, садоқат ба анъанаҳои мо тарбия намудани тарбиягирандагони ТТТ гӯшаҳои миллӣ таъсис дода шуданд. Инчунин, «Китобхонаи кӯдакон»-и ташкилотҳои таълими томактабӣ, ки бо ҳадафи бедор кардани завқи кӯдакон ба китобхонӣ аз хурдӣ таъсис ёфтааст, дорои беш аз 5000 китобҳои гуногуни бачагона мебошад. Аз ҷумла, дар ташкилотҳои таълими томактабии давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар доираи лоиҳаи «Китобхонаи кӯдакон» китобхонаи хурди иборат аз 200 китобҳои афсонавӣ ва дискҳои аудиоии афсонавӣ таъсис дода шудааст. Аз ҷониби тарбиягирандагони тамоми ташкилотҳои таълими томактабии ноҳия ва волидайни онҳо таҳти шиори «Панҷ китоб – барои як кӯдак» мунтазам марафонҳои китоб баргузор карда мешаванд.
Дарҳақиқат, ба масъалаи бо нақшҳои миллӣ оро додани тамоми ТТТ-ҳои ноҳия эътибор дода шудааст. Ин манзараҳо ба тарбияи кӯдак таъсири мусбат мерасонанд ва дар ошноии ӯ бо зебоӣ, табиат, меҳрубонӣ нақши калон доранд.
Ғайр аз ин, кӯдакон дар баробари донистани қаҳрамонҳои бисёр афсонаҳои миллӣ, аз қабили «Зумурад ва Қиммат», «Бӯғирсоқ», «Шалғам», «Густурда шав дастурхон», «Тарбузи тиллоӣ», «Рост ва каҷ» образҳои мусбӣ ва манфиро фарқ карда метавонанд. Чунки, олами афсонаҳо, ки пур аз некиҳост, кӯдаконро ба некӣ раҳнамун месозад, ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар оянда роҳи дурустро интихоб кунанд. Ҳамзамон, тарбиягирандагон аз гузаштагони бузурги мо дар бораи Алишери Навоӣ, Заҳириддин Муҳаммади Бобур, Амир Темур, Ҷалолиддин Мангубердӣ, Мирзо Улуғбек, Абурайҳон Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино маълумот мегиранд. Мақсад он аст, ки аз хурдӣ дар зеҳни онҳо мисли бобоҳои мутафаккирашон соҳиби тафаккури баланд шудан, аз хондану таҳқиқ кардан хаста нашудан талқин карда шавад.
Инчунин, таҷлили ҷашнҳои миллии мо фарзандони моро ташвиқ мекунад, ки анъанаҳои қадимии мо – ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ, меҳрубонӣ, раҳмдилӣ, саховатмандӣ, инсондӯстиро қадр кунанд.
– Ғайр аз ин, кӯдакон бояд дар бораи рамзҳои давлатӣ фаҳмиш дошта бошанд. Зеро ба ташаккули ҳисси садоқат ба Ватан, муҳаббат ба волидон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ аз хурдӣ таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад, — мегӯяд мураббии ТДТТ 1-ум Фарида Эшимова. — Мураббиён дар омӯзондани ин мафҳумҳои наҷиб нақши муҳим мебозанд.
Бояд қайд кард, ки маҳалла дар тарбияи кӯдакон низ масъул буда, байни ТТТ ва маҳаллаҳо ҳамкории доимӣ ба роҳ монда шудааст. Чанд рӯз қабл дастаи «Нафосат»-и ТДТТ-и 2-юм, ки дар ҶШМ «Истиқбол» ҷойгир аст, дар мусобиқаи «Гимнастра» барои ҷоми ҳокими вилоят ҷои 1-ум ва дар марҳилаи минтақавӣ ҷои 3-юмро гирифт.
Дар ташкилотҳои таълими томактабии 1, 2, 3, 4, 6, 7, 13-и ноҳия корҳои таълиму тарбия намунавӣ ба роҳ монда шудааст. Дар низом кормандони ҷонсӯз, фидоии кори худ, фаъол, ташаббускор кам нестанд. Масалан, мураббии гурӯҳи якуми мобилии ТМТТ Дилдора Туробова, мураббии ТДТТ 13 Нигора Ҳикматова, мураббии ТДТТ 2-юм Гулчеҳра Ҳотамова ва тарбиятгари ТДТТ 7 Матлуба Ийдиеваҳоро фидоиёни ҳақиқии касбашон гуфтан мумкин аст. Мураббиёни мазкур раванди таълимро дар асоси барномаи «Қадами аввал» ташкил намуда, донишро дар асоси таҷриба мустаҳкам мекунанд. Инчунин дар баланд бардоштани сифати таълим тавассути истифодаи самараноки ТИК дар таълиму тарбия, бо истифода аз усулҳое, ки ҷаҳонбинии кӯдаконро васеъ мегардонанд, ба нишон додани қобилияташон ҳидоят менамоянд, ба натиҷаҳои назаррас муваффақ мегарданд.
Ба тариқи хулоса гуфтан мумкин аст, ки дар низоми таҳсилоти томактабӣ аз корҳои ба ҷо овардаамон дида, вазифаҳои устуворе, ки бояд анҷом диҳем, зиёданд. Охир, фардо ва ояндаамон аз кӯдакони мо, ки имрӯз дар муассисаҳои томактабӣ ба воя мерасанд, тарбия мегиранд, вобаста аст. Зеро, кӯдкон баҳори бахти мостанд. Онҳо нерӯи асосие мебошанд, ки ояндаи дурахшони моро муайян ва татбиқшавии ҳадафҳои наҷиби моро таъмин мекунанд!
Гулсум ШОДИЕВА.