КӮДАКОН НЕЪМАТИ БУЗУРГАНД

Овони бачагиро ҳамаи мо бо хотираҳои хуб ба ёд меоварем.

Овони кӯдакӣ бо хушу хурсандӣ ва ё бомашаққат гузашта бошад ҳам, он замонро пос медорем. Ба рафиқон ё фарзандонамон ҳамчун даври бетакрори умрамон аз воқеаҳои он вақт нақл мекунем.
Равоншиносон бо шавқи зиёд ба хотир овардани овони кӯдакиро ба он нисбат медиҳанд, ки фитрати инсон он вақт софу беолоиш  мешавад. Кӯдак  атрофиёнро аз чанголи Аҳриман дар амон мепиндорад, гӯё ки олам фақат аз некиву накукорӣ иборат аст...
1 июн – Рӯзи бачаҳо, ки аз соли 1950 инҷониб дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашнро мо — калонсолон низ мисли кӯдакон дӯст медорем. Он рӯз хурдтаракони бо падару модар ба истироҳат баромадаро дида, даври хурдсолии худамон ё овони кӯдакии фарзандон ба ёд меояд.
1 июн ҳанӯз соли 1925 дар конфронси байналхалқии фаровонҳолии бачаҳо, ки дар Женева баргузор шуда буд,  ҳамчун Рӯзи бачаҳо таъсис гардида буд. Аммо пас аз 25 сол бори аввал ҷашн гирифта шуд.
Ҳоло дар арафаи Рӯзи бачаҳо хостем бо ин ё он хислату фазилатҳои бачагона, ки онҳо нисбат ба фикру андешаи мо донотару тавонотар ҳастанд, шинос шавем.
Дар сомонрасонии  кор ва ё донишомӯзӣ гоҳо писарбачагон пешқадам бошанд, баъзан духтаракон дастболо мегарданд. Волидоне низ ёфт мешаванд, ки ба фарзандон аз ин нуқтаи назар баҳо медиҳанд. Дар асл бошад, тавре ки равоншиносон исбот кардаанд, дараҷаи IQ писарбачагон баланд мебошад. Аммо нисбати духтаракон 30 фоизи писарбачаҳо таҳсили муассисаҳои таълимиро ба охир намерасондаанд... 
Қобилияти шунавоии писарбачаҳо низ ба дараҷаи бояду шояд набудааст. Аз ин ҷиҳат волидонро лозим меояд, ки ба писарашон ягон корро такрору такрор фармоянд. 
Овони кӯдакӣ писарбачагон  эҳтиёткориро намедонанд ва аз ин сабаб нисбат ба духтарон чор маротиба бештар захм мебардоранд. 
Организми онҳо низ камқувваттар аст, ки даври кӯдакӣ  касалиҳои роҳи нафас ва дил дар онҳо бештар қайд мешавад, аммо ҳама ҷиҳати манфиро ба онҳо нисбат додан низ хуб нест, масалан иродаи писарбачагон чунон қавӣ аст, ки аз ҳолатҳои ногувори тобеъ шудан ба одатҳои тамокукашӣ ё бозиҳои компутерӣ 80 фоизи онҳо ба осонӣ халос хурда метавонанд.
Агар духтарбачаҳо бештар ба рангу шаклу сохти предмет баэътибор бошанд, писарбачагонро равиш, суръат ва ҳаракати он ба худ ҷалб месозад.  
Ҳоло суҳбати ташвишовари атрофиён оиди бештар таваллуд шудани духтарбачаҳо ба гӯш мерасад, аммо аз рӯйи маълумоти охирин дар ҷаҳон ба 100 нафар духтаракон 107 нафар писарбачаҳо рост меояд.
Бобати меҳр бошад, ҳама духтарбачаро меҳрубонтар мешуморад, аммо аз рӯйи маълумоти равоншиносон писаракон ба падару модар бештар меҳрубонанд, ки то охири умр боқӣ мемонад.
Кӯдаки навзод баробари муҳтоҷи парваришу кумаки калонсолон будан, ташнаи меҳру муҳаббат ва эътибор низ мешавад. Ҳамаи моро лозим аст, ки ба онҳо ғамхорӣ зоҳир кунем, таълиму тарбияи онҳо аз назари мо дур намонад.

Н. НОДИРОВА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: