КӮДАКОНИ БАХТИЁРИ ВАТАН

Дар ду соли охир ташкили сафарҳои матбуотии журналистони расонаҳои давлативу хусусӣ ва блогнависон ба минтақаҳои мухталифи мамлакат, боздид аз ҷараёни бунёдкориҳои азим, равандҳои шаҳрсозӣ, таълиму тарбия, фароҳам овардани шароити хубу созгор дар муассисаҳои таълими томактабӣ ва амсоли он ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар ду соли охир ташкили сафарҳои матбуотии журналистони расонаҳои давлативу хусусӣ ва блогнависон ба минтақаҳои мухталифи мамлакат, боздид аз ҷараёни бунёдкориҳои азим, равандҳои шаҳрсозӣ, таълиму тарбия, фароҳам овардани шароити хубу созгор дар муассисаҳои таълими томактабӣ ва амсоли он ба ҳукми анъана даромадааст. Яке аз ҳамин гуна сафарҳои матбуотӣ ин бор ба вилояти Андиҷон роҳандозӣ шуд. Он бо ибтикори дафтари матбуоти Вазорати таълими томактабии ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайваст. 
– Дар мамлакатамон Шавкат Мирзиёев сиёсати хирадмандона пиёда мекунад ва бар асоси он корҳои бузург ба сомон мерасанд. Яке аз ҷанбаҳои муҳими онро таълиму тарбияи томактабӣ низ ташкил медиҳад, – гуфт сухангӯи Вазорати таълими томактабӣ Мавлуда Асқархӯҷаева. 
Маълум шуд, ки мувофиқи натиҷагириҳои чоряки аввали соли гузашта дар вилояти Андиҷон 132 ҳазору 627 кӯдак ба 1 ҳазору 176 кӯдакистони давлативу ғайридавлатӣ фаро хонда шуданд. Он бештар аз 52 дарсади кӯдакони аз 3 то 7 солаи вилоятро ташкил мекунад. Соли равон дар доираи Барномаи инвеститсионӣ барои таҷдиди 13 кӯдакистон аз буҷаи ҷумҳурӣ 53,27 миллиард сӯм, тибқи барномаи “Деҳаи обод” барои сохтумону тармими 14 кӯдакистони ин вилоят 44,3 миллиард сӯм ихтисос ёфтааст.
Ба сафари матбуотии мо боздид аз кӯдакистони ғайридавлатии “Кӯдакии бахтиёр” ҳусни оғоз бахшид. Ба гуфтаи мудираи он Зиёда Абдуалимова ин кӯдакистон моҳи январи соли равон ба фаъолият шурӯъ кард ва барои таълиму тарбияи 300 нафар кӯдак муқаррар шудааст. Ба онҳо 11 нафар мутахассисон таълиму тарбия медиҳанд.
Барои эъмори ин бино 10 миллиард сӯм харҷ гардидааст ва танҳо 4 миллиард сӯми онро кредит ташкил медиҳад. Ин ҷо барои кӯдакон ошхона– тарабхона, боғи ҳайвонот, майдонҳои футбол ва баскетбол, амфитеатр ва ҳатто дар як гӯшаи ҳавлии он шаршараи барҳаво низ ташкил кардаанд.
– Ҳамаи шароити корӣ муҳайёст. Танҳо аз ходимонамон тақозо мешавад, ки фарзандони мардумро хуб парвариш кунанд ва таълим диҳанд, – мегӯяд З.Абдуалимова.– Табиист, ки кӯдакони ин давру замон басо хушбахтанд, зеро муқоисаи шароите, ки барои онҳо фароҳам оварда шудаанд, ҳаргиз бо шароити давраи мо рост намеояд.  
Мо сафари худро аз боздиди ин кӯдакистони хусусӣ ба кӯдакистони давлатии рақами 3-уми шаҳр идома додем. Бинои ин кӯдакистон низ бар асоси барномаи инвеститсионӣ бозсозӣ шудааст. Он барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 180 кӯдак муқаррар шуда, дар айни ҳол тарбиячиён ба ин кӯдакон дар шаш гурӯҳ машғулият мегузаронанд. Аз 28 нафари онҳо танҳо 5 нафар соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Дар ин кӯдакистон забонҳои русӣ ва англисӣ дар меҳвари омӯзонидан қарор гирифтааст. Ҳамзамон маҳфилҳои шашкаву шоҳмот, рақс, навохтани дутор низ ба роҳ монда шудааст. 
Барои бунёди кӯдакистони давлативу хусусии “Олами афсонаҳо”, ки дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони “Дӯстлик”-и шаҳри Андиҷон маскан гузидааст, 7 миллиарду 600 миллион сӯм харҷ гардидааст. 
– Ман даҳ соли пурра дар соҳаи таълими томактабӣ фаъолият мекунам. Ҳоло 150 нафар фарзандони аҳолии ин ҷамоати шаҳрвандон дар кӯдакистони “Олами афсонаҳо” таълиму тарбия мегиранд. То охири сол теъдоди тарбиятгирандагон ба 200 нафар афзоиш меёбад, – мегӯяд Ш. Абдураҳмонов.
Ба таъкиди ӯ кӯдакон ба маҳфилҳои гимнастикаи бадеӣ, каратэ, машғулиятҳои омӯзиши информатика, қоидаи ҳаракати роҳ, шиноварӣ, мусиқӣ ва рақс ҷалб карда шудаанд. 
Сафари матбуотии мо баъд аз зуҳр дар ноҳияи Андиҷони ин вилоят идома кард. Мо аз кӯдакистони ғайридавлатии “Тифлакони эрудит”, воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони “Қора тут” боздид намудем. Ин кӯдакистон барои 175 нафар сохта шудааст ва қимати умумии лоиҳаи он 5 миллиарду 750 миллион сӯмро ташкил мекунад. 
Баъд ба “Боғи Бобур” омадем. “Боғи Бобур” дар ҷанубу шарқи шаҳри Андиҷон воқеъ гаштааст. Ин боғ соли 1993 ба шарафи 510-солагии Заҳириддин Муҳаммад Бобур бунёд карда шудааст ва масоҳати умумии он 357 гектарро ташкил менамояд. 
Даромадгоҳи он ба тарзи хоси шарқона сохта шудааст. Кас тавассути зинаҳо ба баландӣ мебарояд ва ба муҷассамаи Заҳириддин Бобур рӯ ба рӯ мешавад. Мусаввараҳои гумбаз ва деворҳои он аз рӯи асари “Бобурнома” офарида шудаанд.
Дар ин осорхона дастхатҳои нодир, китобҳо ва ашёи таърихие, ки гирдоварӣ ва ба маърази тамошо гузошта шудаанд, аз зиндагии Бобур ва фаъолияти вай бозгӯӣ мекунанд. Ҳамчунин дар ин осорхона силоҳҳои ҷангӣ ва либосҳои аҳли дарбор, намунаҳо аз тангаҳои сикказадашудаи шоҳони Бобуриро кас метавонад тамошо кунад.
Дар идомаи сафар дастаи ҳунарии назди шуъбаи таълими томактабии ноҳияи Хӯҷаобод моро дар даромадгоҳи Садорати таълими томактабии вилоят истиқбол гирифт ва рақсу суруд ба ҳам омехт. 
Дар ин ҷо сардори садорат Азизбек Азимов гуфт, ки дар вилояти Андиҷон шабакаҳои ташкилоти таълими томактабӣ беш аз пеш тавсеа меёбанд. Он мувофиқи стандартҳо ва тақозои замон ривоҷ меёбад. 
– Ба иттилои шумо мерасонам, ки дар вилояти мо аз ҷамъи 263 ҳазору 629 нафар кӯдак 63,5 дарсади онҳо ба таълими томактабӣ фаро хонда шудаанд. Ин дар ҳолест, ки соли 2017 нишондиҳандаи мазкур танҳо 22 дарсадро ташкил мекард, – гуфт А. Азимов.
– Мо ба он аҳамияти вижа дода истодаем, ки теъдоди кӯдакистонҳои ғайридавлатиро афзоиш диҳем. Аз ин ҳисоб тавонистем, ки аллакай барои чаҳор ҳазор нафар ҷойи кор фароҳам оварем. Барои тавсеаи ин корҳо 227 миллиарду 605 миллион сӯм кредитҳои имтиёзнок ихтисос додем.
Маълум шуд, ки дар доираи барномаи “Ӯзбекистони рақамӣ” аз соли 2020 низоми рақамикунонӣ ба роҳ монда шудааст ва кӯдакон ба кӯдакистонҳо аз тариқи марказҳои хадамоти давлатӣ қабул карда мешаванд. 
– Қарор аст, ки то охири соли равон мо 70 дарсади фарзандони аҳолии вилоятро ба кӯдакистонҳои давлативу ғайридавлатӣ фаро хоҳем хонд. Барои ин бар асоси барномаи давлатии инвеститсионӣ 13 адад, тибқи барномаи “Деҳаи обод” 14 адад кӯдакистонҳои давлатӣ бозсозӣ ва тармим мешаванд. Ғайр аз ин, 16 адад кӯдакистонҳои давлативу шарикии хусусӣ ва 300 адад кӯдакистонҳои оилавиро барпо хоҳем кард, – афзуд А. Азимов. 
Баъд аз ин сафари мо ба кӯдакистонҳои рақами 30, 35, 36-уми ноҳияи Асака сурат гирифт. 
Ногуфта намонад, ки дар як қатор минтақаҳои вилояти Андиҷон кӯдакистонҳои мобилӣ ташкил карда шудаанд. Ин кӯдакистонҳо фаъолияти худро дар автобусҳо ба роҳ мондаанд, ки Вазорати таълими томактабӣ тақдим кардааст. Дар он кӯдакони то синни ҳафтсола таълиму тарбия мегиранд. Дар шафати автобус майдончаҳои махсус сохтаву муҷаҳҳаз карда шудаанд, то ки кӯдакон ҳамон маҳал битавонанд дар он ба машқу бозиҳои варзишӣ машғул шаванд. 
Дар ҷараёни сафари дурӯзаи матбуотӣ журналистон аз ҷойҳои хушбоду ҳавои шаҳри Хонобод, корхонаи автомобилбарории “ҶМ”-и Асака низ боздид намуданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТОШКАНД – АНДИҶОН – ТОШКАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: