«КУФ-СУФ» ГУФТА ТЕД...»

– Ассалому алейкум, – вақте аз роҳи рӯ ба рӯи идораи рӯзнома мегузаштам, сӯям илтиҷоомез духтараки гандумии даҳ-дувоздаҳсола ба умеде нигоҳ мекард.

Ӯро шинохтам – вай ҳамон лӯлидухтаре буд, ки маъмулан дар ҳамин ҷо дар ҳар гуна ҳавову фасли сол аз роҳгузарон чизе металабад. Ва азбаски ман дар роҳи коргоҳ зуд-зуд аз ин ҷо мегузаштам ва баъзан барояш «чизе» мебахшидам, салому алейк мекард. Баъзан вобаста ба нақди вақт ҳолпурсӣ мекунам ва барои он ки «вақти кории» ӯро низ нагирам, ғарибонае медиҳам. Азбаски рӯз ҳам ҷойи худро кам-кам ба шом иваз мекард, яъне фурсати ҷамъбасти вақти корӣ расида буд, пурсидам, ки «корҳо чӣ хел?» «Мазаш нест» гуфт дар ҷавоб дилгирона. Ин маънои онро дошт, ки имрӯз пули ҷамъкардааш чандон кироӣ нест.
– Чанд сӯм ғун шуд? – хостам аниқтар кунам, ки барои «мазаш нест» гуфтан камаш рӯзе чанд сӯм бояд ҷамъ шавад.
Ба як қабза пули коғазии даруни сумкачааш, ки бо бандаш аз китф гузаронда буд, нигоҳ карду лоқайдона «бир юз қирқ минг» гуфт...
Онҳоро маъмулан дар ҳар ҷойи пойтахт, ҳатто дар ноҳияву қишлоқҳои вилоят дучор мешавам, ки одатан ду-сенафарӣ халтаву хурҷин дар китф ё дар харароба гардиш мекунанд ва аз пӯшоки кӯҳна то баклашкаву шишаву оҳанпора ғун мекунанд. Гоҳ-гоҳ мошинсавор ҳам вомехӯранд, ки барои серғунҷоишӣ ва арзониаш «Москвич»-ро интихоб мекунанд.
Як дафъа ба зодгоҳ, ки аз пойтахт беш аз сад километр аст, омада, аз тозагии ҷӯйборҳои маҳалла хушҳолона тааҷҷуб кардам, ки маъмулан аз пакету пластику коғази ғизои хӯрданӣ пур мешуд. Хурсанд шуда ба худ гуфтам, ки «наход ба аҳли маҳалла инсоф дода бошад». Хушҳолиам дер давом накард – баъдтар донистам, ки ба маҳаллаҳои мо санитарҳо – лӯлиҳои аробасавор омада рафтаанд...
Вобаста ба шароит ва давру тақозои он шеваву тарзи зиндагӣ ва шуғли асосии ин қавм, ки онҳоро дар минтақаҳои гуногун ҷӯгӣ, мӯлтонӣ ва ҳатто баъзеашонро дар водии Фарғона мазанг ҳам меноманд, низ тағйир ёфта метавонанд. Дар кӯчаҳо, хиёбонҳо низ ин чиз зуд ба назар мерасад. Дар талабидан асосан фарзандони хурдсоли онҳо давуғеҷ мекунанд, чунки онҳо ҳам чандон ба назар намехӯранд ва ҳам ходимони милитсия бо онҳо он қадар кордор намешаванд. Дар ҳолатҳое, ки фарзандонашон бемор мешаванд ва ё бо кори дигаре мераванд, ё бачаҳои хешони наздикро бо худ, ба қавли худашон ба «триллинг» мебаранд, ё умуман дар хона мемонанд, чунки бе «коргари асосӣ» – бачаи хурдсол ба «кор» баромадан фоида надорад. Лекин аз зарурат ба маккориҳое низ даст мезананд, ки ин аз рӯи ахлоқи маъмулӣ ба назар ҷоҳилона низ мерасад. Занҳо одатан хурдҳоро ба кор андохта, худашон дар паноҳи ягон дарахт ва ҷойи хилват ҷамъ шуда меистанд. Аз ин занҳо якеро, ки худро Саида шинос карда буд, дар алоҳидагӣ дар назди истгоҳи мошинҳо дидам, ки дар даст кӯдаки ширхоре дошт, ки ба назар ҳамагӣ чандҳафтагӣ менамуд.
– Кӯдак кардӣ? – пурсидам бо ҳайрат.
– Не, бачаи додарам, дар даст кӯдак дошта бошӣ, талбидан осонтар, одамон раҳмдилтар мешаванд, – осудаҳолона ҷавоб дод вай.
Дарвоқеъ, аз мушоҳидаҳоям медонам, ки баъзан байни бачаву духтарони онҳо чунон ҷанҷолу ҳаёҳуву мағал мехезад, ки ба онҳо албатта барои ҳимояи фарзанди худ модаронашон ҳамроҳ мешаванд, ки дар натиҷа ҳам атрофро безобита мекунанд ва агар ходимони милитсияи мавзеъ хабардор шаванд, кор то ҷое мерасад, ки аз онҳо забонхат гирифта, ҳатто ҷарима ҳам мекунанд.
– Хусусан ман бояд эҳтиёткортар бошам, – гуфт бо ҷиддият ҳамон Саида. – Аз ин пештар ду бор барои дуздӣ ҳабс карда буданд. Ҳоло акнун баъди ин қонун (ӯ моҳи декабри соли 2018 ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноӣ дохил намудани тағйиротро дар назар дошт, ки ҷазоро барои гадоӣ ва ҷалб кардани ноболиғон ба ин кор сахттар кардааст) кор карданамон душвортар шуд. Дигар ошкоро даст дар пеш карда гаштан намешавад. Ҳар кас кори худро мекунад – милитсия ҳам, мо ҳам. Вагарна рӯзгорро чӣ гуна мегузаронем, – мегуфт ҳамсуҳбатам ва аз гапҳояш чунин натиҷагирӣ карда, ба худ гуфтам, ки «ғавғои сагон кам накунад ризқи гадоро».
Боз як «шуғли» онҳо вақтҳои охир хеле кам ба назар мерасад. Дар ёд дорам, ки занҳои онҳоро ҳамин чанд сол пеш дар як даст бе кӯдаку дар дасти дигар бе кафлеси дуди ҳазориспанд тасаввур кардан душвор буд. Дар бораи фолбиниашон, ки ба назар ҳамеша касби миллӣ ва азалии онҳо менамуд, ҳоло ҳатто шунидан намехоҳанд. Барои ба ин боварӣ ҳосил кардан ва санҷидан боз ҳамон дар атрофи идораи корамон ба чанд нафарашон бо «илтимоси» фолкушоӣ муроҷиат кардаам. Ба ин хоҳиши ман умуман ҷавоб намедоданд ё хомӯшӣ ихтиёр мекарданд.
Аммо як дафъа яке аз онҳо, ки худро Назира шинос карда буд, дар ҷавоби ин саволҳои ман гуфт, ки ҳоло дар марказҳои шаҳр ба дуд кардан иҷозат намедиҳанд ва аз ин сабаб фақат дар канортар аз шаҳр ва дар бозорҳои калон ҳазориспанд дуд мекунонем.
– Фол дидан бошад, кори ҳар кас не, ба ин баҳона дурӯғ гуфтан ҳам дуруст нест, – мегуфт Назира самимона. – Ҳоло хеле ками аз мо фол мекушоянд, онҳо ҳам бошанд асосан кампиронамон.
Дар давоми чанд соли охир, ки бо онҳо гоҳ-гоҳ радду бадал мекунам, дарк кардам, ки доираи забонфаҳмиашон ва истифодаи калимаҳо низ хеле маҳдуд аст. Азбаски бо шеваи махсусу маҳдуди тоҷикии худ суҳбат мекунанд, баъзе аз калимаву ибораҳояшонро фаҳмиданам мушкил буд. Аз боиси ин ки онҳо ҳамеша вақтро «ғанимат» дониста, ба гапҳои «беҳуда» фурсат надоранд, бисёр ба гап гирифтан мушкил аст, чунки агар донанд, ки аз шумо чизе намерӯяд, зудтар аз паи каси дигар мешаванд. Барои ҳамин ҳам аз аввали суҳбат ба ин шиносҳои худ шамма мекунам, ки албатта чизе мебахшам, то он ки ба гап моилӣ пайдо кунанд.
Яке аз рӯзҳо дар хиёбони Сайлгоҳи маркази пойтахт наздам духтараки сабзинае, ки худро Заррина меномид, давида омад ва мисли ҳамеша хира шудан гирифт, ки чизе барояш бахшам.
– Чандсолаӣ? – пурсидам аз фурсат истифода карда. Гуфт, ки «ӯн икки». – Ба мактаб меравӣ? – боз кунҷковӣ кардам. «Не» гуфту қабзаи пули дасташро ба шумурдан сар кард: «бир, икки, уч...» – Набошад шумурданро аз куҷо ёд гирифтӣ? «Аз кӯча» гуфту боз дасташро бо илтиҷо сӯям дароз кард. Баъд аз он ки як дона панҷсадсӯмӣ додам, дубора ба ман гардонду «куф-суф» гуфта тед, бобарака шавад» гуфт ва ман ҳам гӯё табъи дили вай ҳамин корро карда, пулро баргардондам...
Воқеан ин бачаву духтарони кӯча дар пойтахт шумораро ба тоҷикӣ намедонанд, ҳатто калонсолҳояшон бо азобе рақамҳоро ба тоҷикӣ ба забон меоранд.
Агар сухан аз синни шавҳаркунии момоёнамон равад, тааҷҷуб мекунем, ки чӣ тавр онҳо дар синни наврасӣ, фаразан, то понздаҳ нарасида шавҳар кардаанд. Имрӯз ҳам дар атрофи мо мардумоне ҳастанд, ки духтаронашон айнан дар ҳамин синни умр ба шавҳар мерасанд.
Рӯзҳои гарми тобистон буд, ки бо рафиқам дар беруни ошхонае ғизои нисфирӯзӣ мехӯрдем ва ҳамин лаҳза аз наздамон ду духтар аз намояндагони ин қавм мегузаштанд, ки хеле лоғару ночор менамуданд. Ҳамоне, ки дар даст бачаи ширхор дошт, раҳораҳ тарафи мо дасти талаб дароз кард. Ба ҷои он ки мо чизе ба дасти талбида диҳем, пурсидем, ки «бача аз худат аст?» Тасдиқ кард, ки бачаи худаш аст. Ва мо аз афзоиши ҳайрат донистан хостем, ки чанд сол дорад. Бисёр боҷуръат ҷавоб дод, ки чордаҳсола аст. Бо рафиқам бо як даҳон тааҷҷубовар пурсидем, ки «дар ҳамин бачагӣ шавҳар кардӣ?» Ҷавоби лутфомези вай моро беш аз он дар ҳайрат гузошт: «Кампир ба кадом мард даркор!?»
Барои он ки нозирони тартибот онҳоро дар гадоӣ, яъне шуғли манъшуда муттаҳам накунанд, дар дасташон чанд баста дастпоки тар гирифта мегарданд, ки дар ноомади кор «не, онҳо гадоӣ намекунанд, дастпокфурӯшӣ мекунанд». Агар ба қавли маъруф бигӯем, «шавад обӣ, нашавад лалмӣ».
Маълум мешавад, ки дар фикри баъзеи онҳо хаёлҳои дурусти ба одамони муқаррарии ҷамъият хос низ пайдо мешудааст. Ҳамон шиноси кӯҳнаам Саидаро боре дар маҳалли «кораш» ошуфтаҳол дидам ва аз рӯзгори сахт ва бешафқаташ ҳасрат карду аз писари дувоздаҳсолааш Бобо гила менамуд, ки ба гапаш гӯш намеандозад, гапнодароӣ карда он рӯз ҳатто ҳамроҳаш наомадааст, ки «триллинг» кунад. Дар охир ҳатто хоҳиш ҳам кард, ки барои ягон кори аниқ пайдо кардан кумак расонам. Дар ҷавоб гуфтам, ки нусхаи шиносномаашро оварад, то ки ягон чораашро ҷӯем.
Чанд рӯз баъд боз дар кӯча маро диду аз бобати кор пурсон шуд. Ҳамон лаҳза онсӯтар чанд фаррош кӯчарӯбӣ мекард ва ҳамонҳоро нишон дода гуфтам, ки мисли ҳаминҳо кор кардан мехоҳӣ. Як лаҳза тааммул кард ва кунҷковона пурсид, ки инҳо чанд сӯм маош мегиранд. Гуфтам, ки «тахминан як миллион» ва боз бо тааҷҷуб пурсид, ки «дар як моҳ чанд бор мегиранд?» Пас аз он ки ман гуфтам «як-ду бор», қиёфааш дигар шуду гуфт: «Ман то гирифтани ин маош аз ҳисоби чӣ зиндагӣ мекунам?»
Мавзӯи пайдо кардани кор, бо вуҷуди он ки чанд бор шамма кардам, дигарбора кушода нашуд.
Ҳамаи ин бардоштҳое, ки рӯйи коғаз овардам, маҳсули мушоҳида ва мусоҳибаҳои чандинсола буд ва табиист, ки ҳамаи онро дар доираи як мақолаи рӯзнома бозгӯӣ кардан имкон надорад. Боз бояд бигӯям, ки ин маълумотҳои бозгӯишуда низ ба осонӣ ба даст наомад, чунки вобаста ба вазъу кайфият ва димоғи қаҳрамонҳоям баъзан маҷбур будам ба дашному ҳақоратҳояшон парво накарда, берӯёна суҳбатро давом диҳам. Ё «бо зӯри зар» дилашонро ёбам, ки дар ин муддати тӯлонӣ хеле харҷ ҳам кардам. Дар ҳар сурат, агар хонандаи азиз, аз ин навиштаҳо баҳра бурда, дар бораи ин қавми аҷибу машҳуру парокандаи ҳамзабони мо ягон зарра маълумоте нав гирифта бошад, пас ба он харҷу дашномҳои шунида дилам намесӯзад.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: