Куҷо рафтӣ?

(Марсия нисбати даргузашти бародарам)

Куҷо рафтӣ?

(Марсия нисбати даргузашти бародарам)

Нагуфтӣ молу дунёям,
Азизонам – хуҳарҳоям,
Қарибон, хонаву ҷоям,
Бародарҷон, 
куҷо рафтӣ?

Зи корат ҷумла ҳайрон 
шуд,
Дили мо сахт гирён 
шуд,
Ҷаҳон гӯё ки зиндон 
шуд,
Бародарҷон, куҷо 
рафтӣ?

Ҳамеша дар назар 
будӣ,
Ба мо ҷойи падар 
будӣ,
Калиду қуфли дар 
будӣ,
Бародарҷон, куҷо 
рафтӣ?

Дигар моро намеҷӯӣ,
Азизонам намегӯӣ,
Ба он хушгӯӣ, хушхӯӣ,
Бародарҷон, куҷо 
рафтӣ?

Набудӣ одами мағрур,
Нагуфтӣ меравам 
бар гӯр,
Худо борад ба 
гӯрат нур,
Бародарҷон, 
хато рафтӣ?

Тошбика 
ҚАЗОҚОВА, 

ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: