Имрӯзҳо бошандагони ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Кӯл»-и ноҳияи Шаҳрисабзро мамнун мебошанд.
Ин деҳкадаи кӯҳистонӣ, ки мардумаш саросар тоҷиконанд, бори нахуст соҳиби муассисаи давлатии таълими томактабӣ гардид. Падару модарон солҳои тӯлонӣ орзу мекарданд, ки фарзандонашон мисли мардуми шаҳрнишин ба боғча раванд ва дар чунин масканҳо таълиму тарбият бинанд. Инак, орзуи чандинсолаи онҳо ҷомаи амал пӯшид.
Бояд тазаккур дод, ки 30 декабри соли 2022 қарори Президент «Дар бораи рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Ӯзбекистон тӯли солҳои 2023 ва 2025» ба имзо расида буд. Ин қарор барои беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии мардуми деҳкадаҳои дурдаст бештар мусоидат кард. Аз ҷумла, дар Кӯл, ки аз маркази ноҳия 100 км дур буда, ҷуғрофиёи хеле мураккабе дорад, ин қарори Президент дар амал татбиқ гардид. Деҳкада дар иҳотаи кӯҳҳои сарбафалаку талҳои баланд воқеъ гашта, зимистони тӯлоние дорад. Бо баробари боридани барфи нахустин рафту омад душвор ва чун зимистон шадидтар шуд, як муддат баста ҳам мегардад.
Дар чунин шароити мураккаби кӯҳистон сохтани ҳар гуна иншоот ба монанди мактабу бемористон ё боғча хеле мушкил буда, аз коргоҳҳои сохтмонӣ матонат ва сабри фурӯзон тақозо мекунад. Корхонаи хусусии «Беҳруз Шуҳратович»-и ноҳия ҳамаи душвориҳои кору мураккабии шароити ҷуғрофиро таҳаммул карда, дар муддати ду сол муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 44-умро дар ивази 4,5 миллиард сӯм сохт, ки он дар рӯзҳои тантани таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлолияти Ӯзбекистон ба таври мутантан ба истифода дода шуд. Ҳоло фарзандони хурдсол бо камоли мамнунӣ ба ин даргоҳ омадаву таълиму тарбият меёбанд.
Зафар Наҷмиддинов, роҳбари муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 44 гуфт, ки боғчаи онҳо аз ду ошёна иборат буд, хеле пешрафтаву замонавӣ аст. Ҳама таҷҳизоти он ба талаботи замони нав мувофиқ буда, шароит аз боғчаҳои шаҳр заррае фарқ намекунад.
– Боғча дар маҷмӯъ барои 120 кӯдак мувофиқ гардонда шудааст, ки айни ҳол 111 кӯдак ба таълими томактабӣ ҷалб гардиданд. Ба онҳо 5 тарбиятгар, 4 ёвари тарбиятгар ва як омӯзгори фанни варзиш машғулот мегузаронанд. Аммо боғча ҳанӯз мутахассиси фанни мусиқӣ надорад ва ин масъала низ ҳал хоҳад шуд. Ҷамъи ҷойҳои корӣ 21-торо ташкил медиҳад. Ин барои пешрафти некӯаҳволии як деҳаи кӯҳистонӣ кӯмаки бузургест, – таъкид кард Зафар Наҷмиддинов.
Раиси маҳалла Исмоил Бобоев бо мамнуният гуфт:
– Мардум аз роҳбари давлат хеле шод, ки ғамхориро аз бошандагони деҳоти дурдаст низ дареғ намедорад. Ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Президент ҳоло маҳаллаамон соҳиби мактаби замонавӣ, бунгоҳи тиббии ҷавобгӯ ба меъёрҳои вақт ва боғчаи комилан нав гаштааст.
Баъдан бошандагони деҳа аз замонаҳои хеле ҳассосе ёдовар гаштанд, ки барои пойдории мактаби тоҷикии деҳаашон хеле пойфишорӣ карда, билохира муваффақ шудаанд, ки таълими тоҷикии дабистонро нигаҳ доранд. Инро яке аз корҳои мондагори худ дар роҳи худшиносии тоҷикони маҳал ва ояндаи дурахшони фарзандонашон тавзеҳ доданд. Аммо ин дар ҳолест, ки забони таълим дар муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 44-уми деҳаи мазкур чун дар ҳама деҳаҳои тоҷикнишини ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ нест, ки боиси нигаронӣ буда, ба ояндаи мавҷудияти мактаби тоҷикии деҳкада таҳдиди ошкоре мекунад. Дар маҳалҳое, ки мактабҳо таълими худро ба забони тоҷикӣ пеш мебаранд, ба забони модарӣ таълим нагирифтани кӯдакон дар боғчаҳо ба ягон мантиқ рост намеояд ва ин ба сифати таълим, ки ҳукумати ҷумҳурӣ беш аз пеш тақозо дорад, зидду нақиз аст. Мутасаддиёнро мебояд, ки сари ин мушкил биандешанд.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
“Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.