«КУЛЛИЁТИ ОСОР»-И АСАД ГУЛЗОДАИ БУХОРОӢ

Алоқамандони каломи бадеъ бо номи шоир ва рӯзноманигор Асад Гулзодаи Бухороӣ натанҳо дар Ӯзбекистону Тоҷикистон, балки дар Эрон низ ошноӣ доранд.

Ӯ баъди чанд соли омӯзгорию роҳбарӣ дар мактаби зодгоҳ – деҳаи Шавгони ноҳияи Пешкӯ ба шаҳри Бухоро омада, дар Кумитаи радиошунавонии вилоят (ҳоло Ширкати симо ва садо) ҳамчун муҳаррири калони бахши тоҷикӣ на фақат хидматҳои шоиста кард, балки то ба нафақа баромадан шогирдҳои муносибро низ ба воя расонд. Вай дар айни замон дар муҳити вилоят баҳри пос доштан ва идома додани анъанаи эҷодиёти бадеӣ ба забони модарӣ сарбаландона фаъолият нишон медиҳад. Намунаҳои беҳтарини шеърҳои вай дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Мурғобӣ чӣ мекобад?», «Лафзи ширин», «Каҳкашони орзӯ», «Гули мурод», «Гулистони адаб», «Фариштагони форсигӯ», «Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ӯзбекистон: қарни бистум то кунун», «Тазкираи адабиёти бачаҳо» ва китобҳои дарсӣ, маҷмӯаҳои «Насими Бухоро», «Хати пешонӣ», «Шукуфаҳои Бухоро», «Нафаси баҳор», «Намози рӯйи барг», «Арзи сипос» гирд омадаанд. «Куллиёти осор»-и шоир, иборат аз се ҷилд, тавассути  нашриёти «Янги нашр»-и Тошканд солҳои 2017, 2018, 2019 дастраси ҳаводорони шеъри тоҷикӣ гардида буд. Ба қарибӣ нашриёти «Ёш авлод матбаа»-и Тошканд «Куллиёти осор»(ҷилди 4-ум)-и шоирро аз чоп баровард. Ин китоб, ки аз 431 саҳифа ва иборат аст, шеър, ғазал, чорпора ва дубайтиҳои дар солҳои гуногун эҷодкардаи Гулзодаро дар бар гирифтааст. Танзимкунандаи он Ҷаъфар Муҳаммад аст. Он мувофиқи мазмуну мундариҷа ва шакл ба қисматҳои «Хоки ниёгон», «Бузургони Бухоро», «Ҳамзамону ҳамзамину ҳамзабон», «Ғазалиёт», «Ёди сабзи ишқ», «Табиати Ватан», «Гулчин аз китобҳои пешин», «Чаҳорпораҳо», «Дубайтиҳо» ҷудо карда шудааст.
Мадҳу тавсифи Бухоро дар эҷодиёти Гулзода мақоми аввалиндараҷа дорад.
Эй Бухоро, мулки суғдиёни ман,
Эй Бухоро, ҷисми манро
 ҷони ман!
Қиблагоҳу қиблаву меҳроби ман!
Эй Бухоро, мазҳабу имони ман!
***
Ҳусни ҷаҳон Бухоро
Чу кони оҳанрабо...
Арк бар сари Регистон,
Дар он ҷо тахти равон.
Қароргоҳи амирон
Кишварро тақдирҷунбон.
Сар шавад аз Шаҳристон,
Таърихи шаҳри бостон.
Мири Араб дар он ҷо,
Манора ҳаст дурнамо.
Масҷиди Калон дилрабо,
Шуҳрати рӯйи дунё.
Чорманораш муъҷиза,
Чор пое дар як мӯза...
Бешубҳа, Асад Гулзода ошиқи шайдои Бухорост. На фақат ҳар як хишти манораю мадраса, балки ҳар як зарра хоки ин сарзамин барои вай муъҷиза, нотакрор ва мояи ифтихор аст. Зотан ҳамин меҳр, ҳамин эътиқод, ҳамин ихлос, ҳамин сӯзу гудоз ӯро ба маснади шоирӣ расондааст:
Набахшам бар касе як 
зарра  хокат,
Ҳамеша дар забонам 
исми покат...
Асад бо ишқи ту умрест зинда,
Ту шоҳиву ба фармони ту банда.
А. Гулзода меҳаншаҳрашро хеле ва хеле дӯст медорад, ошиқона ва содиқона, бе ҳеч ғараз, бе ҳеч тамаллуқ. Поку беолоиш, соддаву самимона. Ва Бухоро барои ӯ гаҳворашаҳри шеъри форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ, модаршаҳри мадойини Машриқзамин, абаршаҳри дунёст. 
Меҳри баланди Худодод доштани шоир нисбат ба Бухоро, чун объекти тасвир мақоми аввалиндараҷа доштани ин шаҳр дар асарҳои вай пайваста эҳсос мегардад. Ин ҷиҳат, хусусан, дар ҷилди чоруми «Куллиёти осор» бештар ба назар мерасад. Аз ин рӯ, кулли осори Асад Гулзодаро якҷоя «Бухоронома» номидан ҳам мумкин аст.
Ба қарибӣ дар ҳаёти Гулзода боз як хурсандӣ рух дод. Вай бо қарори Шӯрои васигии Бунёди «Нуронӣ» бо нишони сарисинагии «Собиқадори меҳнат» – дараҷаи якум сарфароз гардонда шуд. Ӯро ба ин муносибат низ муборакбод менамоем.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: