КУЛОЛИ РИШТОН ДАР ҶОПОН БА НАМОИШ ГУЗОШТА ШУД

Бахтиёр Назировро шояд муштариёни зиёди “Овози тоҷик” шиносанд.

Зеро дар бораи ӯ чанд бор мавод ба табъ расидааст ва маҳорати ӯ ҳамчун намояндаи дурахшони мактаби кулолгарӣ мавриди баррасиҳо қарор гирифтааст. Бо вуҷуди ин, дар бораи ин ҳунарманди риштонӣ метавон батакрор мавод нашр намуд. Зеро вай сафари навбатии худро ба кишвари офтоббаро – Ҷопон давом медиҳад.
– Ин мамлакатест, ки ҳамеша маро ба сӯи худ мекашад. Дар ин мамлакат писари калониам – Дониёрҷон бо оилааш кору зиндагӣ мекунад. Вай донандаи шаш забон мебошад, – гуфт қабл аз сафар Бахтиёр Назиров.
Чанд рӯз мешавад, ки Бахтиёр Назиров дар галереяи Тсукамото, воқеъ дар шаҳри Масикои префектураи Точиги намоиши маҳсулоти сафолии худро ба маърази тамошобинон гузоштааст. 
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти кулолгарии устои риштонӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ӯзбекистон Мӯҳсинхоҷа Абдураҳмонов ширкат доштааст. 
– Ман бо кору фаъолияти Бахтиёр Назиров кайҳост, ки ошно ҳастам. Вай дар байни кулолгарони вилояти Фарғона ҳамчун устоди беназири касби худ муаррифӣ шудааст. Дар чандин фестивалҳо бо маҳсулоти худ ширкат намудааст, – гуфтааст сафир.
Ба таъкиди сафир дар ҳақиқат боиси ифтихор низ ҳаст, ки дар чунин як кишвари дуру пешрафтаи дунё зарфҳои зебову дурахшони сафолин – маҳсули дастони Бахтиёр Назиров ба намоиш гузошта шудаанд. 
Ногуфта намонад, ки Масико яке аз марказҳои қадимии сафолии Ҷопон маҳсуб меёбад, ки дар он аз гили нотакрори сурху қаҳваранги маҳаллӣ маснуоти кулолӣ сохта мешавад. Ин шаҳристони кишвари офтоббаро фестивалҳои зиёдеро дар канори худ баргузор кардааст. Ин бор таҳти унвони “Bakhtiyor Nazirov Ceramic Art Exhibition” намоишгоҳи зарфҳои сафолини Риштон ба намоиш гузошта шудаанд.
Қобил ба ёдоварист, ки дар корхонаи эҷодии ин кӯзагари риштонӣ боре меҳмон шудаам ва дидаам, ки вай чӣ гуна бо маҳорати том аз гил маҳсулоте меофарад, ки дурахши он чашми касро мерабояд ва ба малакаву маҳорати ин соҳибҳунар кас тасанно мехонад.  Маҳаллае, ки Бахтиёр Назиров зиндагӣ мекунад, каме дуртар аз маркази маъмурии ноҳияи Риштон воқеъ гаштааст. Вай дар ҳавлиаш машғули  фаъолият мебошад. Дида будам, ки дар деворҳои айвон ва пешайвони алоҳидаи дароз, инчунин девори чаҳор тарафи ҳавлӣ маҳсулоти гуногуни кулолгарӣ овезон ё часпонида шудаанд, ки кас гумон мекунад ин зарфҳо зебу зинати деворҳои ҳавлӣ бошанд. 
– Ҳанӯз дар дувоздаҳсолагӣ ба ин касб дил баста будам. Аз кулолгарони забардасти риштонӣ усто Эгамбердӣ аввал ба ман устодӣ кардаанд. Вазифаи ман аз лагад кардани лойи маҳсулоти кулолгарӣ иборат буд. Баъд ба он кас тақлид карда, сохтани зарфҳоро ёд гирифтам, – ёдоварӣ мекард аз давраҳои наврасӣ Бахтиёр Назиров.
Вақте ки мактабро хатм кард, ба хизмати аскарӣ сафарбар шуд. Баъди адои хидмат ба корхонаи кулолгарии Риштон рафт, ки он ҷо мардуми зиёд кор мекарданд ва маҳсулоти сафолин меофариданд.  Он замон аз Алиҷон Исоқов ва Қодиралӣ Полвонов, ҳамчунин Устои халқии Ӯзбекистон Иброҳимҷон Комилов, Музаффар Саидов ва Юлдошалӣ Полвонов нозукиҳои ин касбро омӯхтааст. Баъд аз он ки корхонаи кулолгарии Риштон барҳам хӯрд, вай ва бародараш Алишер, ки ҳоло мактаби хоси худро дорад, рӯ ба соҳибкорӣ оварданд.
– Алишер бузургтар аз ман аст. Ӯ намояндаи аввалини сулолаи кулолони хонаводаамон маҳсуб меёбад. Ӯ соли 1994 дар Ҷопон низ такмили касб намудааст ва дар назди устои мактаби шаҳри Кутанӣ Исокичи Асакура бештар аз 80 намуди маҳсулоти кулолӣ офаридааст. Дар он ҷо чандин бор намоишгоҳи кулолӣ ташкил намудааст. Вай дар пешрафти кору фаъолияти ман нақши муассир бозидааст, – гуфта буд Бахтиёр Назиров.
– Оҳиста ҷуғрофияи сафарҳои хориҷиаш фарохтар гардидааст ва се сол пайиҳам дар фестивалҳои зиёд иштирок кардааст ва ҷойҳои намоёнро ба даст овардааст. Аз ҷумла, дар фестивали шаҳрҳои Маскав, Рязан, Санкт-Петербург, Владимир, Суздал ширкат намуда, маҳсулоташро ба намоиш гузоштааст ва харидорони зиёдеро пайдо кардааст. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: