КУЛОЛОНИ РИШТОН ҲАМКОРИРО БО ШАҲРҲОИ ДЕРУТА ВА ГУАЛДО-ТАДИНОИ ИТАЛИЯ БА РОҲ МЕМОНАНД

Аз 24 то 30 ноябр ҳайати устоёни номӣ – кулолгарони ноҳияи Риштони вилояти Фарғона бо сарварии ҳокими ноҳия Суфхонҷон Солиев дар Италия қарор дошт.

Аз 24 то 30 ноябр ҳайати устоёни номӣ – кулолгарони ноҳияи Риштони вилояти Фарғона бо сарварии ҳокими ноҳия Суфхонҷон Солиев дар Италия қарор дошт.
Ин сафар аз ҷониби Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Италия бо ҳамкории роҳбари лоиҳаи «Angeli» Аида Абдуллаева бинобар натиҷаи гуфтушунидҳои байни ноҳияи Риштон ва шаҳрҳои Дерутаву Гуалдо-Тадинои Италия, ки бо анъанаҳои қадимаи худ дар соҳаи санъати кулолгарӣ машҳур мебошанд,  ташкил карда шуд.
Мувофиқи даъвати ҳокими Дерута Микеле Тониаччини ҳайати Ӯзбекистон аз ин шаҳри италиёӣ боздид ба амал овард ва Меморандуми мақсадҳоро ба имзо расонид. Ҳуҷҷат кори муштаракро бинобар як қатор самтҳо, аз ҷумла пешбурди ҳамкориҳои бадеиву фарҳангӣ, рушди мулоқоти тарафайни маданӣ, рағбатноксозӣ ва дастгирӣ намудани имкониятҳои сармоявии ҷонибҳо, мубодилаи ахбор ва таҷрибаи байни маъмуриятҳо, ҷалби муштараки грантҳо барои татбиқсозии лоиҳаҳо дар сатҳи Аврупо ва байналхалқӣ пешбинӣ менамояд. Ғайр аз ин инкишоф додани шарикии байни муассисаҳои иҷтимоӣ, мактабӣ, донишгоҳӣ, илмиву иқтисодӣ, варзишӣ ва тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ба сифати иқдоми навбатӣ ҷонибҳо муоҳида дар бораи ба роҳ мондани робитаҳои бародаронаи байни ноҳияи Риштон ва Дерутаро ба имзо расониданд.
Баробари ин ҳайати Ӯзбекистон дар маросими кушоиши намоишгоҳи маснуоти санъати кулолгарии ноҳияи Риштон дар Осорхонаи минтақавии кулолгарии Дерута иштирок кард.
Барои намоиши ин маснуот дар осорхона ҷойи марказӣ ҷудо карда шуд ва дар девораҳои махсуси он даҳҳо маснуоти кулолгарие, ки аз Риштон оварда шудаанд, гузошта шуданд.
Маросими кушоиши намоишгоҳ ба Рӯзи Катерина Александрийскаяи Муқаддас бахшида шуд, ки пуштбони кулолгарон ҳисобида мешавад. Расонаҳои ахбори оммавии италиёӣ аз ин чорабинӣ намоиши мустақим омода карданд. Намоишгоҳ то 10 январ идома меёбад, пас аз он дар шаҳрҳои Умбрия ва минтақаҳои дигари Италиё намоиш дода хоҳад шуд.
Ҳайати Ӯзбекистон дар кушоиши композитсияи кулолгарии «Курсии сурхи Катерина», ки ба Рӯзи байналхалқии мубориза барои аз байн бардоштани зӯроварӣ нисбати занон бахшида шуд, иштирок кард. Вай ҳамчунин аз як қатор устохонаҳои маҳаллӣ боздид ба амал овард ва бо усулҳову равияҳои кори кулолгарони Дерута, таҷҳизоте, ки онҳо истифода мебаранд, ошно гардид. Дар бораи самтҳои кори доимии  кулолгарони Риштон дар Дерута шартнома баста, табодули таҷрибаи мунтазам ба роҳ монда шуд. Баробари ин гуфтушунидҳо ба амал омаданд ва муоҳидаҳои пешакӣ бо соҳибони дуконҳои маҳаллӣ дар бораи аз тариқи онҳо фурӯхтани маснуоти сафолии Риштон муоҳидаҳо ба имзо расиданд.
Бинобар даъвати ҷониби Ӯзбекистон роҳбарияти Дерута изҳор дошт, ки дар моҳи март бахшида ба ҷашни Наврӯз барои бо сафари ҷавобӣ ба Ӯзбекистон тайёр мебошад.
Ҳокими Дерута Микеле Тониаччини дар гузоришаш ба АИ «Дунё» изҳор дошт, ки:
– Имрӯз дар Дерута фаромӯшношуданист, зеро мо дарҳоро барои ҳамкории байналхалқӣ бо Ӯзбекистон боз намудем. Мо хурсандем ва аз он ифтихор дорем, ки Сафири Ӯзбекистон ва ҳокими Риштонро дар диёри худ, ки бо истеҳсоли осори атиқаи худ маълуму машҳур мебошад, қабул кардем.
Мо аз барқарор намудани муносибатҳои ҳамкорӣ, ки бо ба имзо расондани ҳуҷҷат-меморандум дар бораи мақсадҳо оғоз ёфт, баҳоят хурсанд мебошем. Ман умедворам, ки ин меморандум рӯзҳои наздик ба муоҳидаи бародаршаҳрӣ бо Риштон табдил меёбад. Бинобар ҳамин ҳам мехоҳам барои ин имконияти хуби муқаррар сохтани нафақат муносибатҳои фарҳангӣ, балки ҳамчунин дорои ҷиҳати тиҷоратӣ бо давлати хеле муҳиме чун Ӯзбекистон аз таҳти дил миннатдорӣ баён кунам.
Шаҳри Дерута дар Умбрия – минтақаи марказии Италия ҷойгир аст. Вай бо сафоли нодир ва санъати ороиши маҳсулоти кулолгарии худ дар тамоми ҷаҳон машҳур мебошад, пешқадами анъанаи кулолгарии миллии Италия ба шумор меравад. Дар асри XVI дар ин ҷо истеҳсоли зарфи машҳури «Rafael» ба роҳ монда шуда буд. Дар шаҳр яке аз осорхонаҳои қадимтарини Италия – Осорхонаи санъати кулолгарӣ воқеъ аст, ки дар он беш аз 5000 экспонати давраҳо ва ороишоти гуногун нигоҳдорӣ мешаванд. Санъати баланди кулолгарӣ асоси ҳамкориҳои байналхалқии Дерута низ маҳсуб меёбад.

АИ «Дунё»,
шаҳри РИМ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: