КӮМАК БАРОИ ТАҲСИЛ ДАР ХОРИҶА

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Бунёди «Эл-юрт умиди»-и назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо қарори Президент бинобар дар хориҷа тайёр кардани мутахассисон ва мулоқот бо ҳамватанон аз 25 сентябри соли ҷорӣ ташкил гардидааст, нишасти матбуотӣ ба амал омад.

Дар он намояндагони вазоратҳо, муассисаҳои таълими олӣ ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд. Оиди фаъолият ва нақшаҳои бунёди мазкур маълумот дода шуд. 
Дар кишвари мо солҳои охир барои такмил додани низоми  таълим, тайёр кардани кадрҳои болаёқат ва дорои дониши замонавӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешавад. Махсусан, тайи ду соли охир ислоҳоте, ки дар соҳаи таълим ба вуҷуд омад, қалби ҳамаро аз ояндаи дурахшони фарзандони мо лабрези фараҳу хушнудӣ месозад. Бо қарори Президенти кишвар ба тасвиб расидани Барномаи рушди маҷмӯии низоми таълими олӣ дар солҳои 2017-2021 яке аз чунин ташаббусҳои самарабахш аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи таълим дар муассисаҳои таълими олӣ ва дар муддати пешбинишуда ислоҳоти куллӣ ворид кардан ба соҳа нигаронда шудааст. Дар баробари ин, танҳо дар соли ҷорӣ дар миқёси мамлакат ифтитоҳ гардидани 13 муассисаи нави таълими олӣ, аз ҷумла, филиалҳои донишгоҳҳои хориҷӣ нишонаи он аст, ки давлат дар тайёр кардани кадрҳои дорои дониш ва таҷрибаи пешқадам ғамхории зиёд зоҳир мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 декабри соли ҷорӣ дар маҷлиси бахшида ба масъалаҳои қонеъ кардани эҳтиёҷ ба кадрҳои замонавӣ, ба соҳаҳои стратегӣ ҷалб кардани ҷавонони босавод ба фаъолияти бунёд таваққуф намуда, таъкид кард, ки аз ҳозир дар соҳаҳои пешомадноки иқтисодиётамон фаъолият кардани мутахассисони пешқадамро фикр карда, кадрҳои ба талаботи замон ва шиддати ислоҳот мувофиқро бояд тарбия кунем. 
Дар назди Бунёди «Эл-юрт умиди», ки ба сифати инъикоси бовару умеди халқ ба миён омадааст, бинобар барномаҳои докторантура ва магистратура омӯзондани ҷавонони боиқтидори ӯзбекистонӣ, баланд бардоштани малакаи мутахассисони соҳаҳои гуногун, ташкил кардани стажировкаи онҳо, ба роҳ мондани мулоқоти доимӣ бо ҳамватанони хориҷӣ, ба ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодии донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷӣ барои тайёр кардани кадрҳои баландмалака ёрӣ расондан барин вазифаҳои масъулиятнок истодааст. 
Тибқи маълумоти дастрас дар ҷумҳурӣ талаб ба стипендияҳо бинобар барномаи таълими докторантура ва магистратура аз ҳазор зиёд, эҳтиёҷи солона ба баланд бардоштани малака ва стажировка аз 2 ҳазору 500 мегузарад, талаб бинобар барномаҳои таълим ҳамагӣ наздик ба 400 нафар аст. Ба ғайр аз ин, бинобар ҷалб кардани ҳамватаноне, ки дониш ва таҷрибаи ғанӣ доранд, ба вазоратҳо, идора ва муассисаҳои  таълимӣ ба беш аз 650 нафар эҳтиёҷ пайдо шудааст, талаб ба экспертҳои хориҷии баландмалака аз ҳазор нафар мегузарад. Ба ҳисоби умумӣ дар айни замон ба 5300 нафар эҳтиёҷ ҳаст.
Ин рақамҳо собит мекунанд, ки ташаббуси сарвари давлат бобати ташкил кардани Бунёди «Эл-юрт умиди» раъйи дуруст ва саривақтӣ будааст. 
Дар нишаст оиди натиҷаи ислоҳоте, ки дар муддати кӯтоҳ дар кишвар амалӣ шудаанд, маълумот дода шуд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо 74 донишгоҳ ва маркази илмии давлати мутараққӣ иштироки наздик ба 500 нафар писарону духтарон дар барномаҳои таълими магистратура ва докторантура, курсҳои баланд бардоштани малака ва стажировка таъмин карда мешавад.
Корҳои мазкур қадамҳои нахустини умедбахш барои ояндаи мамлакат, фароҳам овардани шароит барои ба таълим ва тадқиқоти пешқадамтарин муваффақ гардидани ҷавононамон мебошад.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: