КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА ЭРОН

Тибқи супориши алоҳидаи Президенти мамлакатамон ба мақсади расондани кӯмак дар интиқоли таҷҳизоту воситаҳои зарурӣ барои рафъи паҳншавии коронавирус ва ҳамаҷониба мубориза бурдан бар зидди он аз Фурудгоҳи байналмилалии Ислом Каримови «Тошканд» ба Ҷумҳурии Исломии Эрон кӯмаки башардӯстона ирсол гардид.

Тибқи супориши алоҳидаи Президенти мамлакатамон ба мақсади расондани кӯмак дар интиқоли таҷҳизоту воситаҳои зарурӣ барои рафъи паҳншавии коронавирус ва ҳамаҷониба мубориза бурдан бар зидди он аз Фурудгоҳи байналмилалии Ислом Каримови «Тошканд» ба Ҷумҳурии Исломии Эрон кӯмаки башардӯстона ирсол гардид.
12 марти соли 2020 фармоиши  дахлдори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.
— Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати расондани ёрии амалӣ дар дастрас намудани маводи зарурии тиббӣ ва воситаҳои рафъи сирояти коронавируси «COVID-19» муроҷиат намудааст, — мегӯяд корманди хидмати матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодда Самандар Ҳикматуллоев. — Дар асоси супоришоти роҳбари давлат бо мақсади дастгирии даъвати Эрон, инчунин пурзӯр гардондани иқдомоти муштарак дар мубориза бар зидди ин сироят ба Эрон ёрии башардӯстона, аз ҷумла ҳафт тонна таҷҳизоти тиббӣ ирсол карда шуд. Инҳо дастпӯшҳои тиббии тамъизшуда, пӯшокҳои муҳофизатӣ, либоси махсуси тиббӣ, ниқобҳо, дока, спирт, гелҳои гигиенӣ ва доруворӣ мебошанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодда масъули ташкил ва расонидани кӯмаки башардӯстона таъин шудааст. Барои супурдани он ду духтури ҳарбии вазорат ба Эрон равона шуданд. 
— Ҳаёт аз рӯзҳои шодӣ ва ғамовар иборат аст, — мегӯяд Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ӯзбекистон Ҳамид Наерободӣ. — Дар саросари ҷаҳон паҳн шудани коронавирус озмоиши бузург мебошад. Дар ин рӯзҳо мо бояд ҳамдигарро дастгирӣ карда, дилсӯз бошем. Дар фарҳанги кишварҳои мо як мафҳуми умумӣ вуҷуд дорад: дӯсти ҳақиқӣ дар мушкилӣ шинохта мешавад. Мо хеле хушнудем, ки вақте ба сари эрониён мусибат омад, дар  душвортарин рӯзҳо Ӯзбекистон яке аз аввалинҳо  дасти ёрӣ дароз карда, ба мо кӯмаки башардӯстона ирсол намуд. Ин кӯмаки саховатмандона ба Эрон дар арафаи ҷашни Наврӯз расонида шуд, ки эрониҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. Аз номи халқ ва ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳукумати Ӯзбекистон, халқи бародари кишвари шумо ва Президенти он Шавкат Мирзиёев барои кӯмаки башардӯстона изҳори сипосгузории самимӣ мекунем. Умедворем, ки тамоми ҷаҳон якҷоя коронавирусро мағлуб хоҳанд кард.
Аз Эрон 14 ронандаи мошини боркаш, инчунин соҳибкорон ва донишҷӯён – ҳамагӣ 31 нафар ҳамватанонамон баргардонида мешаванд.
Тавре ки шумо медонед, қаблан Ӯзбекистон ёрии башардӯстона фиристода буд. Ҳамин тавр, тибқи фармоиши Президенти мамлакати мо аз 11 феврали соли равон дар бораи расонидани кӯмаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Халқии Чин аз 12 феврал ба музофоти Хубэйи Чин лавозимоти тиббии зарурӣ – дастпӯшҳои тиббӣ, корҷомаҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳо фиристода шуданд. 3 март навбати дуввуми кӯмаки дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мардуми Чин — либоси махсуси тиббӣ, ниқобҳои тиббӣ ва дока, ки аз ҷониби иттиҳодияи «Ӯзтӯқимачиликсаноат» таҳия шудааст, ирсол карда шуд.

Хуршед ҚОДИРОВ,
мухбири ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: