КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА ТОҶИКИСТОН

Бо супориши Президенти мамлакатамон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии башардӯстона фиристода шуд.

Бо супориши Президенти мамлакатамон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии башардӯстона фиристода шуд.

Аз ибтидои сар задани пандемияи коронавирус, ки саросари ҷаҳонро фаро гирифт, Ӯзбекистон барои пешгирии паҳншавии сироят ба Чин, Эрон ва Афғонистон кӯмакҳои башардӯстона расонд.

Кӯмаки башардӯстонае, ки аз номи сарвари давлати мо ба ҳамсояи наздиктарин - халқи қадимаи бародари тоҷик ирсол шуд, аз лавозимоти тиббии зарурати аввал, инчунин маҳсулоти озуқаворӣ иборат аст.

 – Ба ин мусибат, ки барои тамоми инсоният фоҷеа гардид,  агар тамоми давлатҳо якдилона мубориза баранд онро ҳарчи зудтар бартараф хоҳем кард,  мегӯяд муовини сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Сурхондарё Ҷ.Абраматов. Ӯзбекистон ба ин масъала эътибори махсус медиҳад. Кӯмаке, ки ба давлати ҳамсояи Тоҷикистон расонида мешавад, ҳамзамон ба мақсади наҷиб нигаронда шудааст.

Борҳои башардӯстонае, ки ба мардуми дӯсти Тоҷикистон фиристода шудаанд, аз хилъатҳо ва айнакҳои муҳофизаткунанда, моеъи натрии гипохлорит, респиратор, дастпӯшак, пирометр ва маҳсулоти орд иборатанд.

Поезд бо борҳои башардӯстона аз вилояти Сурхондарё ба шаҳри Душанбе роҳ гирифт.

Холмўъмин МАМАТРАЙИМОВ, мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: