КУМАКИ ФАВРӢ – БА МАРДУМИ ДЕҲОТ

Қатори мошинҳои дорои маводи мухталифи мавриди ниёзи мардум аз шаҳри Фарғона ба сӯи деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдони ноҳияи Фарғона ҳаракат карданд.

Қатори мошинҳои дорои маводи мухталифи мавриди ниёзи мардум  аз шаҳри Фарғона ба сӯи деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдони ноҳияи Фарғона ҳаракат карданд.

Ин аксия бо ташаббуси ҳокимияти вилоят сурат гирифтааст ва таҳти унвони “Шоҳимардонро ба гавҳари Ӯзбекистон мубаддал месозем” роҳандозӣ шудааст. 
Тавре ки дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят хабар дод, дар ин рӯзҳо мардуми ин деҳаҳо ба далели баста будани роҳ муваққатан аз имкони равуо ба маркази ноҳия ва вилоят маҳруманд. Аз ин лиҳоз,  аҳолии ду деҳа ба орду равған ва маводи дигар зарурат доранд.
Маълум шуд, ки қатори мошинҳо барои кишоварзони ин деҳаҳо нуриҳои минералӣ низ интиқол додаанд. Ин маводи кимёвӣ бо нархи арзон ба мардуми ду деҳа ба ҳайси кумакҳои беғаразона дастрас карда шудааст.
Дар ин қатор ҳамчунин аз корхонаи шишабарории “Кварс”-и Қувасой ойинаҳои сохтмонӣ ва барои тайёр кардани мураббоҳо ва помидору бодирингҳои намакин бонкаҳои шишагин низ интиқол ёфтааст.
– Ҳокимияти ноҳияи мо низ интиқоли чунин кумакҳоро мунтазам ба роҳ мондааст, то ки ин аҳолӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ нашаванд, – мегӯяд мудири шӯъбаи маънавият ва маърифати ноҳияи Фарғона Фирӯза Амонова. 
Ҳоло сокинони Шоҳимардон 3397 нафарро ташкил медиҳанд ва дар деҳаи Ёрдон 2900 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Ин ду деҳа низ аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон аст.
Ин деҳаҳо табиати гуворову зебо доранд ва як қатор ёдгориҳои таърихии он ҳамеша таваҷҷӯҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ кашидаанд. Аммо ба далели пандемияи коронавирус ва ҷорӣ шудани қоидаҳои карантин одамон наметавонанд дар ин фасли гармо ба ин деҳаҳо раванд ва аз табиат, обҳои сард ва зулолу софи он баҳраманд шаванд.
Гуфта мешавад, вақт кам мондааст, ки посгоҳҳои марзии Қирғизистон дубора ба рӯи сокинони ин деҳаҳо, ҳамчунин, бошандагони ноҳияи Сӯх кушода ва равуои бемонеа аз тариқи қаламрави ин кишвари ҳамҷавор ба маҷрои қаблии худ ворид хоҳад шуд.

М.АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”. 

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: