Дар доираи чорабиниҳои ҳукуматӣ бобати мубориза алайҳи коронавирус корҳои бузург амалӣ мешаванд.
Дар доираи чорабиниҳои ҳукуматӣ бобати мубориза алайҳи коронавирус корҳои бузург амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, фаъолияти Маркази мувофиқгардонии ҳомигӣ ва хайрия, ки дар назди Вазорати дастгирии оила ва маҳалла созмон ёфтааст, дар ҷойҳо шароити зисти мардумро таҳлил ва хуб омӯхта ба мардуми камбизоат ё худ ногирову дармондагон ва бепарастор аз наздик кӯмак расонида истодааст, ки ин ба зудтар бартараф намудани офат ва оқибатҳои он хизмат менамояд.
Ба наздикӣ бо ташаббуси ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов як гурӯҳ мутасаддиёну роҳбарони саридораҳои корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, прокуратура ва масъулини Ҳифозати ҳудудҳои сарҳадӣ ба минтақаҳои дурдасти ноҳияи Сариосиё рафта бо тарзи зиндагии мардум аз наздик шинос шуданд. Ба онҳо ҳокими ноҳия Ӯктам Тӯраев бо мутахассисони марбута роҳбаладӣ намуд. Гурӯҳи корӣ бо чархбол ба минтақаи дурдасттарини ноҳия – деҳаи Карш, ки аз маркази ноҳия 80 км дур аст, парвоз намуда бо худ ба миқдори зиёд хӯрокворӣ, сару либос бурда ба оилаҳои деҳа тақсим карда доданд.
Қобили зикр аст, ки ба деҳаи мазкур соле қариб 6 моҳ равуои автомобил имконнопазир буда, вобаста ба ин мушкилоти мардум ҳам басанда аст. Дар айни ҳол вобаста ба вазъияти эпидемиологӣ шароити бошандагони ин деҳи кӯҳӣ боз ҳам ташвишовар, ки буд, ҳолу аҳвол пурсидани масъулон ба онҳо рӯҳу қувват бахшид.
Мутасаддиён сараввал аз обидаи таърихии “Эшони Хаттоб”, ки зиёда аз 500-сола таърих дорад, дидан намуда, пасон дар саҳни мактаби навбунёди деҳа (рақами 79) бо аҳолии деҳа, омӯзгорону фаъолон ва мӯйсафедони нуронӣ мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳокими вилоят Тӯра Боболов баромад намуда, оид ба вазъи кунунӣ ва эпидемиологии кишвар, хавфи пандемияи коронавирус ва тадбиру чорабиниҳои ҳукумат сухан гуфт. Ӯ изҳор дошт, ки ҳукумати мо дар ин лаҳзаҳои тақдирсоз ягон сокини ҷумҳуриро бепарастор намегузорад. Мардум ҳам бояд вазъиятро дуруст дарк намуда ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, маҳдудсозӣ (карантин) қатъиян амал кунанд. Зеро ин барои рафъ кардани пандемия ва оқибатҳои он омили муҳим мебошад. Дар вохӯрӣ оид ба оромиву осудагӣ, бехатарӣ, ҳифзи иҷтимоии мардум низ мутасаддиёни дигар ибрози назар намуданд. Оид ба муаммоҳои мавҷуда сокинони деҳа дархостҳои хешро ба мутасаддиён изҳор доштанд.
Дар хусуси таъмири роҳи мактаб, бинои мактаб ва чор синфхонаи кӯҳнаи он, ки ба як ҳолати харобӣ афтодааст, аз номи ҷамоа ва падару модарон директор Бобораҷаб Ҳомидов ҳарф зад. Дар хусуси то ҳол дар мактаб мавҷуд набудани компутер ва интернет, ки айни замон мушкилоти зиёде барои таҳсили масофавии хонандагон тариқи онлайн эҷод кардааст, мутахассиси корбари иттифоқи ҷавонони мактаб Заррина Раҳматова масъала ба миён гузошт. Ҳокими вилоят ба мутасаддиён супориш дод, то ки ҳар чи зудтар мактаб аз таъмири ҷорӣ бароварда шавад ва 4 синфхонаи мактаби кӯҳна пурра ва комилан таъмир гардида бо ҷиҳозҳо таъмин шаванд.
Оид ба муаммои ҳамасолаи бошандагони деҳа, яъне таъмири 15 км роҳе, ки деҳаи онҳоро бо ҳамсоядеҳи Маланд пайваст месозад, раиси маҳалла Амрулло Нуруллоҳзода ҳарф зада, гуфт, ки ҳар сол ин роҳ чандин маротиба аз барфу борон ва селҳои пайдарҳам валангор мешавад ва мардум бо роҳи ҳашар онро то имкон таъмир сохта роҳро мекушоянд. Боз 6 моҳи расо роҳҳо батамом баста мегардад ва ба мардум ташвишу мушкилоти зиёде пеш меорад ва онҳо бо роҳи дурударози пиёдагарди поёнӣ (тавассути обанбори Тӯпаланг) ба маркази ноҳия мефароянд.
Ҳалли ин масъала низ мутасаддиёнро бетараф нагузошт ва баъди басанда шудани боришот таъмири роҳ ва кашидани хати нави роҳ ба нақша гирифта шуд.
– Муаммои дигари деҳ то ҳол мавҷуд набудани пункти тиббӣ мебошад, – гуфт шифокори деҳа Аҳмад Бердиев. – Дар зимистон вақти баста шудани роҳ мабодо касе ҷиддитар ба беморӣ гирифтор шавад, мардум маҷбур ҳастанд, ки зиёда аз 6 соат пиёда беморро бардошта то обанбор фароранд ва агар заврақ набошад, боз як соати дигар то деҳаи Ҳисорак раванд, то ки аз он ҷо ба таксиҳои кирокаш ба маркази ноҳия расанд.
Мутасаддиён ба нақша гирифтанд, ки ҳалли ин муаммо низ баъди таъмири роҳ ҳатман анҷом мепазирад.
– Мо 3 моҳ инҷониб бо сабаби карантин нафақаи худро нагирифтаем, – гуфт нафақахӯр Исматулло Шамсиддинов. – Хеле хуб мешуд ягон нафар кассирро ба деҳаи мо масъул мекарданд то сари вақт нафақапулиро расонад.
Оид ба ин масъала ба мутасаддиён супориш дода шуд ва талаби нафақахӯрон ҳалли худро ёфт.
– Муаммои дигари ҳарсолаи мо бебаҳра будан аз чарогоҳҳо аст, – изҳор дошт Нуруллоҳ Раҳматов. – Ҳарчанд мо дар бағали кӯҳ дар домани чарогоҳҳо зиндагӣ мекунем, аз истифода бурдани онҳо маҳрумем, яъне “об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем”. Соҳиби мутлақи чарогоҳҳо гӯё ки касони дигаранд. Фермерони аз поён омада касеро ба чарогоҳҳо наздик шудан намемонанд. Охир манбаи асосии даромади мардум дар кӯҳистон чорвою замину боғу роғ аст. Роҳбарон инро бояд одилона ҳал намоянд.
– Муаммоҳо албатта ҳалли худро меёбанд, – иброз дошт ҳоким Тӯра Боболов. – Масъалаи чарогоҳҳоро мутахассисон меомӯзанд ва ба мардум имконият фароҳам меоранд. Дида истодаем, ки дар кӯҳистон заминҳои бекорхобида хеле бисёр. Бонкҳо тайёранд, ки ба хонадонҳо то як гектар ва ҳатто аз он ҳам зиёдтар замин ҷудо карда, кредити имтиёзнок диҳанд, то ки меҳнаткашон он заминҳоро ба боғу роғҳо табдил диҳанд. Ба чорводорӣ ва асалпарварӣ боз ҳам бештар машғул шаванд.
Мулоқоти рӯ ба рӯ бо аҳли деҳ ҳарду ҷонибро қаноатманд гардонид. Баъди вохӯрӣ дар Карш мутасаддиён мебоист ба деҳаи Чош мерафтанд. Чархбол бошад, ба поён барои маводи эҳтиёҷи мардум рафта буд, вале дар натиҷаи обу ҳавои номусоид ва раъду барқи тезутунд дигарбора ба кӯҳистон иҷозати парвоз нашуда мутасаддиён бо азобе роҳро пиёда тай намуда, то болооби обанбори Тӯпаланг фаромада, пасон бо заврақ то сарбанд ва баъд маркази ноҳия рафтаанд. Маълумамон гашт, ки баъди баргаштани мутасаддиён рӯзи дигар боз як чархбол пурра маводи хӯроквориву либосворӣ оварда, ба оилаҳои камтаъмин дубора тақсим карда додаанд. Ба деҳаи дурдасти Чош низ бо як чархболи дигар маводи зарурӣ оварда, ба мардум тақсим карда шуд.
Аз ин вохӯрии хотирмон дар чеҳраҳои мардум ҳисси шукронагӣ ва боварӣ ба ғамхориҳои ҳукумату Президент баръало ҳис карда мешуд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.