КӮМАКИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ

Дар ҷумҳуриамон таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва ҳифзи иҷтимоии ногироҳо яке аз вазифаҳои устувори сиёсати давлат ба шумор меравад, ки доир ба иҷрои чунин корҳо фармону қарорҳои роҳбари давлат омили муҳим мегарданд.

Дар шуъбаи кӯмаки тиббӣ-иҷтимоӣ  ба ногироён, куҳансолон ва табақаи эҳтиёҷманди аҳолии иттиҳодияи тиббии ноҳияи Юнусободи пойтахт 30 нафар нафақахӯр ва ногиро ба рӯйихат гирифта шудаанд. 
– Ба онҳо моҳе 15 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ ва воситаҳои тиббию гигиенӣ дода мешавад, 7 нафар ҳамшираи патронаж хидмати тиббӣ мерасонанд. Аз ҷониби ҳомиён дар рӯзҳои иди Наврӯз, Хотира ва қадр, моҳи Рамазон ва дигар ҷашнҳо кӯмаки моддӣ расонда мешавад, – мегӯяд мутахассиси шуъбаи ҳомигӣ ва васоятгари иттиҳодияи тиббии ноҳия Н. Қосимова.
Назар ба маълумоти инспектори воситаҳои техникии реабилитатсионӣ ва маҳсулоти протезу ортопедии иттиҳодия Ш. Искандарова, дар шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ маълум шуд, ки 245 нафар ба маҳсулоти протезу ортопедӣ мӯҳтоҷ мебошанд. Аз онҳо 9 нафар бо асо, 56 нафар бо аробачаи ногироӣ, 23 нафар бо воситаи шунавоӣ таъмин карда шуданд.
– Дар шаш моҳи соли 2019 ба нафақахӯрон ва ногироҳо ба истироҳатгоҳҳо 115 роҳхат дода шуд, – мегӯяд инспектори шуъбаи роҳхат ба сиҳҳатгоҳҳои иттиҳодия Д. Қодирова.
– Ба ногироҳои гурӯҳи I ва II, нобинои гурӯҳи I дар ду сол як маротиба, ба нафақахӯрони оддӣ ва куҳансолони танҳо дар асоси навбат роҳхат дода мешавад.

Ориф ҶУМЪАЕВ.
Ш. ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: