КӮМАКИ ҲОМИЁН

Ҳоло ба сари инсоният санҷиши сангине омадааст, ки ин бемории СОVID-19, яъне коронавирус мебошад.

Ҳоло ба сари инсоният санҷиши сангине омадааст, ки ин бемории СОVID-19, яъне коронавирус мебошад. Дар тамоми ҷаҳон бо ин беморӣ мубориза идома дорад. Дар мамлакати мо низ. Баробари табобат намудани беморон аз тарафи ҳукуматамон ба аҳолӣ ёрии моддӣ расонида мешавад. Ҳомиёни тадбиркор низ амалҳои хайрро иҷро мекунанд, ки қобили дастгирист.
Дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё ҳам мардони саховатпеша чунин корҳои хайрро карда истодаанд. Ба қарибӣ дар маҳаллаи Дӯстии ноҳияи Узун аз тарафи як қатор шахсони саховатпеша таҳти сарпарастии прокурори ноҳия Илҳом Қосимов ва раиси маҳалла Улуғбек Раҷабов ба оилаҳои камбизоат ёрии моддӣ дода шуд. Аз ҷониби Иттифоқи касабаи вилоят, Хазинаи маҳалла ва дастгирии оила (раис Мавлуда Қобулова) ба хонадонҳои Маҳкамтош Набиева, Маърифат Ҳусайнова мошинаи либосшӯӣ тақдим гардид, прокуратураи ноҳия ба хонадонҳои Ситора Тошқулова, Тӯлқин Исоқов ва Одил Шукуров масолеҳи гармхонаҳо ва ба оилаҳои Ҳанифа Зиёева, Маърифат Ҳусайнова ба миқдори 1 миллион сӯмӣ маблағҳои пулӣ супурд. Тадбиркорони маҳаллаамон Иззатулло Бобоев ва Баҳодур Холов ба 13 хонадони камбизоат ҳафт навъи хӯрокворӣ пешкаш карданд. Сокинони дигари деҳа Меликмурод Раҳимов, Баҳодур Ҳусинов, раиси маҳалла Улуғбек Раҷабов, фаъолон Сабоҳат Шарипова, Холёр Ҳусинов ва дигарон низ ҳиммати худро дареғ надошта, ба ашхоси камбизоат кӯмак расониданд.
Дар қатори инҳо шифокорони маҳалла Сулаймон Муродов ва Майсара Раҳимова барои таъмин сохтани саломатии мардум саъй мекунанд. Онҳо ба ҳар як хонадон  рафта, аз ҳолу аҳволашон пурсон мешаванд, корҳои  профилактикӣ мегузаронанд, халқро бо қоидаҳои карантин шинос менамоянд.
Кош, сафи чунин ҳимматбаландон боз ҳам зиёд гардаду мардум ҳарчи зудтар аз ин балои ногаҳонӣ халос шаванд.

Мавзуна РӮЗИҚУЛОВА,
муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 15-уми ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: