«КУНДАЛИК»

Мо дар синфи шашуми мактаби деҳаамон ҳамагӣ дувоздаҳ нафар будем — ҳафт духтар ва шаш писар.

Он вақт мактаби мо ба номи А. П. Чехов буд ва ӯ кӣ буданашро он қадар равшан тасаввур намекардем. Духтарони он солҳо хеле ҳам расида ва кордида буданд. Ман агарчӣ аълохон набудам дар  рӯзномаам аз баҳои «3» дида «4» зиёдтар буд. Ҳамсинфе доштам бо номи Меҳтар, ки аз ман чор сол калонтар буд. Ӯро барои азхуд накардани зарбу ҷамъ дар синфаш мемононданд ва ба синфи дигар намегузаронданд. Ин ҳолат барои маъмурияти мактаб фоида дошт. Аз як тараф, шумораи хонандагонро дар синф зиёд нишон медоданд, вагарна синфро мебастанд ва моро ба мактаби деҳаи дигар мегузаронданд ва муллимон бе кор мемонданд, аз тарафи дигар, Худо барои Меҳтар ҳунари моҳигирӣ ато карда буд. Ӯ метавонист дар ҷойҳои камоби дарё ҳам моҳӣ гирад ва бо ҳамин роҳбари синф ва мудири қисми таълими мактабро бо моҳӣ таъмин мекард.    
Дар синфи мо духтаре мехонд бо номи Ҷамила. Ӯ ба ман ҳар рӯз лақаб мемонд: рӯзе – Пуфак, рӯзе – Чак-чак, рӯзе – Талҳак ва ғайра. Хулоса, аз лақабмонии ӯ ҷонам, чуноне ки дар халқ мегӯянд, ба ҳалқам расид ва тезтар ба шавҳар баромадани ӯро аз Худо талабгор шудам. Мехостам ман ҳам ба ӯ лақаб гузорам, аммо ягон чизи мувофиқро намеёфтам, зеро ӯ аълохон ва бениҳоят зебо буд. Дар вақти танаффус Ҷамила маро бе ягон сабаб тела медод, дастонамро бераҳмона тоб медод, шаттаю шалоқ мезад, гӯшҳоямро метофт. Сабабашро худам намедонистам. Рӯзе ба рӯзномаи худ нигоҳ кунам, чашмам ба калимаи «кундалик» афтод. Он солҳо дар рӯзномаҳо ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ менавиштанд. Калимаи «кундалик» бо андак тағйирот ба гӯйиши рӯшонии Бадахшон ҳақоратро ифода мекард, яъне «луб-луч». Ман ҳам ҳар рӯз Ҷамиларо бо лақаби «Кундалик» ном мегирифтагӣ шудам.  
Рӯзе модари Ҷамила бо қаҳру ғазаб, бо чашмони гирён, ба назди модаркалонам омада гуфт, ки набераат духтари маро ҳар рӯз ҳақорат мекунад ва ӯро «кундалик» мегӯяд. Модаркалонам алафи газандаро гирифта, ба пойҳоям задан гирифт ва мегуфт: Бетамиз, ҳанӯз синнат ба чордаҳ нарасидаасту «кундалик» ме-гӯӣ! Ин ҳақорататро бас кун, ба кундаликии дигарон чӣ кор дорӣ!». 
Солҳо паси сар шуданд. Модаркалонам ҳам дар қайди хаёт нест. Аммо калимаи «кундалик», дар ҳамон маъние, ки модаркалонам медонисту истифода мекард, дар хотирам мондааст ва ҳозир ҳам аз шунидани калимаи «кундалик» пойҳоям ба сӯзиш  медароянд.

Ҳақназар 
ҚУРБОНМАМАДОВ,

ш.ТОШКАНД.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: