КӮПРУКВАРЗИК

Вақте дар шаҳри Чуст сайру саёҳат мекунед, чашматон ба автобусҳои сершумори «Исузу» меафтад.

Дар пешойнаи баъзеи онҳо чунин навишта шудааст: «Кӯпрукварзик – Коинот – Камарсада».
Бо хондану шунидани номи Кӯпрукварзик сайёҳон, аксарияти мардум намедонанд, ки ин макон дар куҷо ва чӣ  маъною мазмун дорад. Саволе пайдо мешавад, ки ин кадом кӯпруки Варзик аст? 
Барои ба саволҳо ҷавоб ёфтан аз раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Деҳқонободи шаҳри Чуст Раҳмонҷон Қурбонов ва сокини ин маҳал Миргулшан Обидов пурсон шудем. 
Кӯпрукварзик на дар Варзик, балки дар шаҳри Чуст воқеъ аст. Варзик бошад, дар самти шимолу шарқии ин шаҳр ва дуртар аз он ҷойгир аст. Аз рӯйи маълумоти шахсони зикршуда, чустиёну варзикиён аз қадим ба воситаи Кӯпрукварзик (шояд Кӯпруки Варзик бошад) рафтуомад мекарданд. Баъдтар аз он аҳолии деҳаҳои Ёрқишлоқ, Қайирма ва Теппақӯрғон мегузаштагӣ шуданд. Ин ҷо гузаргоҳи зиёрату тиҷорат ва муносибатҳои байни шаҳриёну деҳотиён буду ҳаст. Таърихи беш аз чорҳазорсолаи Чуст, ки бо унвони «Маданияти Чуст» машҳур аст, аз ҳамин ҷо сар мешавад.
Маҳаллаи Кӯпрукварзики шаҳр гузаштаи зиёда аз якасра дорад. Баъде, ки дар атрофи он боғҳо барпо шуданду бештар ғаллаву пахта кишт менамуданд, аз аввали солҳои 30-юми асри ХХ номи Деҳқонободро гирифт. Гарчи номи маҳалла Деҳқонобод аст, номи Кӯпрукварзик дар дили халқу таърих боқӣ монд. То ҳол чустиёну атрофиён маҳалро Кӯпрукварзик меноманд. Ба хоҷагии «Деҳқонобод» Шералӣ Йӯлдошев беш аз 20 сол раисӣ ва Карим-ҳосилот солҳои дароз агрономӣ карданд. Дертар ба хоҷагӣ Розиқҷон Йӯлдошев роҳбар таъин шуд. Хоҷагӣ ҳар сол бо саъю ҳаракати ӯ ӯҳдадории ғаллаву пахтаро барзиёд иҷро намуда, барои серию пурӣ ҳиссаи калон мегузошт.
Маҳалла зодгоҳи зиёиёни пешқадаму равшанфикрон аст, соҳибони касбу кори гуногун дар ин ҷо ва дигар гӯшаю канори ватанамон меҳнату зиндагӣ мекунанд. Аз онҳо яке Иброҳим Муллобоев аст, ки мактабро бо медали тилло хатм кардааст. Ҳоло олими намоёни соҳаи техникии истеҳсолот мебошад. Мактаби таълими ҳамагонии рақами 10-ум дар маҳаллаи мазкур воқеъ аст. Дари дӯконҳои хусусӣ, ошхона, корхонаи хусусии нону сехи дӯзандагӣ барои эҳтиёҷмандон кушода аст. 
Деҳқонободиён дар ҳудуди худашон хоҷагиҳои фермерии «Шариф Халил» ва «Раҳимота»-ро таъсис дода буданд. Хоҷагиҳо кишти ғалла, пахта ва дигар хелҳои зироатро давом дода, бешубҳа, барои фаровонию ободии маҳалла, махсусан, оилаҳои камбизоат ёрӣ мерасонанд. Кӯпрукварзики қадим, ки аз чӯбу тахта сохта шуда буд, бо роҳи ҳашар аз нав сохта ба истифода супурда шуд. Он аз қубури ғафси оҳану бетонии ба селу обхезӣ тобовар хобондаву мустаҳкам карда шудааст. Дар ҷӯйи васеъ ва қубури замонавӣ оби калон ҷорист.
Кӯпрукварзик, ғайр аз номи кӯпрук, номҳои маҳалу кӯчаҳо аст ва он гузаштаи тӯлонӣ дорад.

Ш.МИРЗОЕВ,
ноҳияи Чусти вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: