Дар 13-умин Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи иттиҳоди варзиши исломӣ (ISSA), ки дар шаҳри Тиранаи Албания баргузор мешавад, эътироф гардид, ки варзиши миллии мо – кураш ба барномаи Бозиҳои иттиҳоди исломӣ, ки соли 2025-ум дар шаҳри Ар-Риёди Арабистони Саудӣ хоҳад гузашт, дохил карда мешавад.
Дар он аз кишварҳои зиёди дунё вакилон, мутасаддиёни созмонҳои варзишӣ, роҳбарони федератсияҳои варзишӣ иштирок карда, навъҳои варзиши низоми бозиҳои иттиҳоди исломӣ, ҷиҳатҳои техникиву тактикӣ, тақвими мусобиқаҳоро баррасӣ намуданд.
Мувофиқи таклифи вакилони ассамблея ва дастгирии онҳо эълон шуд, ки варзиши миллии мо – кураш ба низоми Бозиҳои иттиҳоди исломӣ ворид карда шудааст.
Дар чорабиниҳои ҷамъомади ассамблея роҳбарияти Ассотсиатсияи байналхалқии кураш якҷо бо мутасаддиёни ISSA бобати дар арсаи байналхалқӣ инкишоф додани кураш ва таъмин сохтани оммавияти он табодули афкор карданд.
Дар ҷараёни муҳокима намояндагони техникии IKA ва ISSA масъалаҳои оид ба мусобиқаҳои кураш, ба хусус тоифаҳои вазнӣ, доварӣ, қуръапартоӣ, намоишдиҳӣ, таҷҳизот, инвентарҳо ва бинобар тафсилоти дигари техникӣ гузаронидани ҷамъомади гурӯҳи дохилиро таъкид сохтанд. Дар ҳамоиш ба як қатор муоҳидаҳо муваффақ шуданд.
Навъи варзиши кураш, ки мероси ниёгонамон мебошад, ба сифати як намуди варзиши расмии низоми Бозиҳои иттиҳоди исломӣ эътироф гардид, ки инро метавон қадами муҳиме ҷониби Олимпиада ҳисобид.
Т. Рӯзиев,
хабарнигори ӮзА.