КӮРНАМАК

Қаторае, ки аз Маскав сӯйи ҷануб роҳ пеш гирифта буд, гоҳе суръаташро тезонида, гоҳе дар истгоҳҳо таваққуф намуда ҳаракат мекард.

Қаторае, ки аз Маскав сӯйи ҷануб роҳ пеш гирифта буд, гоҳе суръаташро тезонида, гоҳе дар истгоҳҳо таваққуф намуда ҳаракат мекард. Вагонҳо пури мусофирон буда, он ҷо кӯдакону пиронсолон, занону духтарони миллатҳои мухталифро дидан мумкин буд. Дар вагони сенздаҳум Самандар дар рафи якум ҷо гирифта, дар тан либоси сабуки варзишӣ ба мизчаи чойхӯрӣ такя намуда қандеро бо чой мехӯрд. Ё банди хаёлоти хеш буду гӯё оламу одамро эътибор намедод.Ногоҳ чашмаш ба ҷавони рӯ ба рӯяш нишаста афтод, ки оғуштаи олами хаёлоти худ буду дар даст ҳалқачаеро бозӣ медоронд. Як гурӯҳ мусофирони роҳ гӯё, ки чизи муҳимеро гум карда бошанд ё кори заруреро анҷом мебахшида бошанд, мокувор ин тараф он тараф аз тангроҳаи вагон гашту гузор доштанд. Поезд пардаи шабро гӯё даронда пеш метохт. Самандар, то ин ки аз танҳоӣ берун ояду таноби вақтро бо ҳамсӯҳбате кӯтоҳ созад, хост ҷавонро ба сӯҳбат кашад. Ниҳоят дар худ ҷуръат ёфта ба ҷавонмард муроҷиат намуд: 
– Додар, мебахшӣ, куҷоиву ба кадом манзил роҳ пеш гирифтаӣ?
– Ман аз Осиёи Миёна – аз Қубодиён ҳастам. Баъди чор соли мусофират ба ватан бармегардам.
– Бисёр хуб, ман низ аз ҳамон маконҳо ҳастам, ҳамшаҳру ҳазабон будаем. Додар, хуб шуд, ки туро Худованд ба ман рӯ ба рӯ сохт, акнун ду-се шабу рӯз ҳамроҳу ҳамсуҳбат мешавем. 
Ин вақт роҳбаладони қатора чун одати доимиашон чиптаҳои мусофиронро аз назорат гузаронида, барои хоб рафтан кӯрпачаву рӯйпӯшҳои тозаи оҳарӣ ва болиш доданд. Самандару Саидшоҳ ҷойгаҳи худро ба низом дароварда, баҳузур нишаста гирифтанд.
– Кору зиндагӣ дар ин чор сол чӣ тур шуд? Азоб накашидӣ? – пурсид Самандар. 
– Ака, медонӣ гузаштагонамон беҳуда нагуфтаанд: «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар» Ватан ватан аст. Ҳар як сангаш, ҳар бутаву хораш, ҳар як каф хокаш барои инсон аз зар болотар меистад. Ношукрӣ намекунам, дар Русия гарчи дар ибтидо ранҷу машаққат, озорҳои бисёр кашидам, вале оқибат ҷойи кор ёфтам. Меҳнат карда ду-се сӯм пасандоз ҳам кардам. 
Аммо лаҳзае бе ёди Ватан набудам. Ҳар гоҳ пеши назарам қомати хамида, вале нуронии падару модарам ҷилвагар буданд. Баъди фирорӣ гаштанам намедонам, ки мӯсафедон чӣ ҳол дошта бошанд. Ака, медонӣ дар Ватан атрофи падару модар ва қарибонат дар тинҷиву осудагӣ зиндагӣ кардан бахти ноёб будааст. Мо дар оила панҷ нафар — падару модар, бародарам, ман ва хоҳарам будем. Зиндагии миёнаҳол доштем. Падару модарам бо корҳои рӯзгор машғул буданд. Хоҳарам дар синфи даҳум таҳсил мекард. Бародарам Мироншоҳ ронандагӣ карда, оиларо асосан ӯ мехӯронду мепӯшонд. Ман мактабро хатм карда ба донишгоҳ ҳуҷҷат супоридам, вале холҳоям камӣ карда ба факултаи иқтисодиёт дохил шуда натавонистам. Аз ин рӯ, бештар бародарамро, ки мошини КамАЗ дошт, кӯмак намуда, ронандагиро низ меомӯхтам. Афсӯс, ки ҳаёт чанд соли аввали солҳои навадум дар ватани мо ҷанги бародаркуширо овард. Бар асари нодонӣ, содагӣ, зудбоварии мардум ва фирефтаи зархаридон шудан, зиндагиамон ба қиёмат табдил ёфт. Одамон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, бо ҳам меҷангиданд. Падарро ба писар, писарро ба падар, бародарро зидди бародар душман сохтанд. Садҳо ҷавонмардон, пиронсолону духтарони наврас марги бегуноҳӣ ёфтанд. 
Акоям Мироншоҳ аз бачагӣ бо Комрон ном ҷавоне ошноӣ дошт. Комрон аз оилаи камбизоат буд, ба мақсади барои аҳли оилааш андак маблағ ёфтан, домони акоямро сахт дошт. Ҳар ду ронандагӣ карда ба Руссия мол мебурданд. Ёфту тофташон хуб, ба якдигар мисли бародар шуда буданд. Модарам ӯро ба ҷойи писар медонист. Хулоса, вай чун як узви оилаи мо ҳуқуқу эҳтиромро соҳиб буд. Очаам барои ҳар ду бо дастони хеш тоқиву ҷомаи домодӣ дӯхта буд. Мехост рӯзи тӯяшон ба онҳо пӯшонида, ормони дил шиканад. Афсӯс, ки ҳаёт аксашро нишон дод. Дар ҷойҳои мо низ оташи ҷанги бародаркушӣ аланга зад. Дӯстони дирӯза ба душманони ашаддӣ табдил ёфтанд. Гурӯҳҳои силоҳбадаст аз фашистон ҳам ваҳшитар буданд. Дасти таҷовуз ба моли мардум задан, духтарону занони ҷавонро дуздидан, ба номус таҷовуз кардан, бе ному нишон гум шудан, гӯшу биниҳоро буридан, кушторҳо авҷ гирифтанд. Эҳ-ҳа, кадом якашро гӯям, фикр кунам он рӯзҳоро тамоми вуҷудам месӯзад, – оҳи бадарде кашида оби дидагонашро бо ангуштонаш пок кард Саидшоҳ.
Самандар, то ин ки дарду алами шарикаш каме пасанда шавад, пиёлаи чойро ба ӯ дароз кард.
– Ака, медонӣ чӣ шуд? Ман нагӯяму ту нашунавӣ. Бовар мекунӣ, имконияти мурдаҳоро аз кӯчаву майдонҳо гирифтан набуд. Хоҳ шаб, хоҳ рӯз агар ба ҷасад наздик шавӣ, тири ногаҳонӣ туро низ тӯъмаи марг месохт. 
Бегоҳие хоҳарам Солеҳа барои об ба дарё рафту барнагашт. Мо хавотир кашида ба ҷустуҷӯяш баромадем, вале аз ҳеч ҷо дараки ӯро наёфтем. На аз дуздида шуданаш, на аз ба дарё ғарқ шуданаш, на аз ҷар паридан ё тир хӯрда ҳалок шуданаш ҳеҷ як маълумот набуд. Ману Мироншоҳ дарун-дарун месӯхтему ба кӣ шикоят бурданро намедонистем. Падару модарамро қомат хам гашт, ба хусус, ашки чашмони модарам ҳамеша шашқатор буд. Падарам камгапу хаёлпараст ва одамгурез шуда монд.
Аз байн қариб ду моҳ гузашт. Шинохти одам мушкил будааст. Яке аз шабҳои тирамоҳ силоҳбадастон ба хонаамон даромада омаданд. Дар байни онҳо Комрон низ буд. Онҳо ҳашт нафар буданду ҳама силоҳ доштанд. Акоям Мироншоҳро ба берун гирифта баромаданд ва гуфтанд:
– Мошинат ва калидашро ба хубӣ супор, агар не, бароят қиёмат барпо хоҳем сохт. 
Ман дар ҳайрат афтода будам. Наход Комроне, ки ҳаққи бародархондагӣ дошту писархонди модарам буд, ин гурӯҳро ба хонаи мо оварда бошад? 
– Ин туӣ, Комрон?! Наход худат бошӣ? Бо кадом виҷдонат ба қасди мо омадӣ, кӯрнамак! – гирёну ларзон пурсид модарам.
– Оча, он замони ту гуфтагӣ гузашт, замона дигар гашт, одамон дигар гаштанд. Мехоҳӣ ё не, акнун мошини КамАЗ аз они ман аст. Хубтараш гӯй, ки писарат калидро диҳад, вагарна аз худаш гила кунад, – вай ба замин туф карда автоматашро намоишкорона як ҷунбонд. 
Ин вақт акоям ду-се қадам сӯйи Комрон гузошта якбора мушти обдоре ба сараш зад. Вай аз таъсири зарба бо тахтапушт ба замин афтид. Бародарамро ҳамакаса зери мушту лагад гирифта бо қундоқи автомат бисёр заданд. Чун ман ба ёрӣ шитофтам, ба сарам зарбаи сахтеро ҳис кардам ва якпаҳлу афтодам. Сарам кафида буду ба рӯйу гарданам хун заҳида мефаромад. Сарам чарх зада аз ҷо хеста наметавонистам. Ин дам чашмам ба бародари аз зарбу лат ба хун оғуштаам афтод, ки ду нафар аз пойҳояш кашолакунон мебурданд. Чун падарам гирёну нолон бо илтиҷо пеши роҳи онҳоро гирифтанӣ шуд, кадоме аз худобехабарон мӯсафедро бо лагадаш шаттаи сахте зад. Падарам чанд қадам калавида-калавида парӯ ба замин афтид. Ин ҳангом акоям Мироншоҳро Худованд чӣ қуввае бахшид, ки ба по хеста он ду нафарро зарба дода, аз худ дур намуду ба Комрон муроҷиат намуд:
– О сагбача, росташро гӯй, Солеҳаро ҳам ту дуздида будӣ?! Номард, виҷдонат бошад ҳақиқатро гӯй, лекин то кунун ту ба хаёлам боре ҳам наомада будӣ.
– Рост гуфтӣ, хоҳаратро ман бо шариконам дуздидам. Бо мулоиматӣ фаҳмондам, ки завҷаам шавад, вале ӯ розӣ нашуд, ба рӯям туф карда пеши шариконам шарманда сохт. Чун дӯғу пӯписа, зораву тавалло кор накард, вайро ба ёрони силоҳбадастам «тӯҳфа» намудам. Боқимонда гапро худат фаҳму гир...
– Саги малъун, кӯрнамаки ҳаромӣ, бигӯ, ӯ ҳоло дар куҷост? 
Комрон қоҳ-қоҳ ханда зада ҷавоб дод: 
– Он пасмондаат баъди беномусӣ шабе раҳоӣ ёфта гурехт. Мо аз пушташ рафтем, вале то ба ӯ наздик расидем, ки худро ба дарё андохта ба асфаласофилин сафар кард, фаҳмидӣ? Акнун худат низ аз пайи ӯ хоҳӣ рафт.
Бародарам дар худ мепечид, вале аллакай дасту пойҳояшро сахт баста буданд. Аз рӯймоли сафеде, ки модарам захми сарамро баста буд, хун заҳида ба рӯям нарм-нарм мефаромад. Маро хоҳишу орзу фақат якто – бародарамро аз дасти қотилон халос кардан буд. Бо ин мақсад тамоми қувваамро ҷамъ карда роҳ сӯйи қабристон гирифтам. Чун наздик омадам, дидам, ки дасту пойи акоям бастагӣ буду ду-се нафари  онҳо қабр мекофтанд. Оқибати нохушро ҳис намуда бо тамоми вуҷудам фарёд зада, он ҷо давидам. Вале ду нафар аз он хунхорон пеши роҳамро гирифта, бо силоҳи дасташон  ба шикамам сахт заданд. Аз зарбаи шадид нафасам дарун зада ба ҷоям сари дузону афтидам.
– Ӯ сағира магар нашунидӣ, ки чӣ гуфтем? Агар гӯшат кар шуда бошад, чашмонатро калон кушову ҳоли акоятро тамошо кун. Зинда монданатро хоҳӣ, гӯй, ки мошин дар куҷост? 
Дар ҳақиқат, ман хабар надоштам, ки дар куҷо пинҳон аст. Агар медонистам як мошин не, садто бошад ҳам, садқаи сари акоям карда ӯро аз марг наҷот медодам. Шояд мошин барои Мироншоҳ ба тангае намеарзид, вале хиёнате, ки ин таҷовузгарон ба хоҳарам карда буданд, дар дили акоям намеғунҷид. Аз ин рӯ, ӯ ба онҳо сар нафаровард, ҳама зарбу латашонро сабурона  ҳамл намуда, аз душманонаш шафқат напурсид.
– Агар зинда монам, барои ҳамааш қасос хоҳам гирифт, Комрон! Туро додари қиёматӣ қабул карда будам, якто нон ёбам нимтоашро ба ту додам. Чанд сол аст, ки ту узви хонадони мо будӣ. Аз дасторхони мо намак хӯрда, ба намакдон туф кардӣ. Ҳазор афсӯс, падару модарамро ғамкушта сохтӣ. Худованд шоҳид, ту ҷавонмарг хоҳӣ шуд, – сӯйи Комрон нигоҳ накарда гап зад ӯ. 
Кадоме аз онҳо, шояд сардорашон бошад, ба нафароне, ки қабр меканданд дод зада гуфт, ки «вақт нест, корро тезтар буд кунед».
– Ака, бовар мекунӣ, он ваҳшиён кореро анҷом бахшиданд, ки ягон инсон ба душмани қаттолаш ҳам раво намебинад. Қабрро чуқур канда бародарам Мироншоҳро то гарданаш гӯр карданд. Танҳо сару рӯйи бародарам намоён буду халос. Онҳо дар ҳамон ҳолат акоямро маҷбур месохтанд, ки ҷойи мошинашро гӯяд, вале аз ӯ садое барнахост. Танҳо такрор ба такрор таъкид месохт:
– Худо шоҳид, шумо ҳама сагвор мемиред. Ҳақиқат, албатта, ғолиб хоҳад омад. Комрон, ту ин ҷаҳону он ҷаҳонатро сӯхтӣ. Илоҳо, дар оташи қиёмат сӯзӣ!
Дар он шаби салқини тирамоҳӣ чашмам ба моҳи осмон афтод, ба мақсади шоҳиди ин тамошои мудҳиш нашудан,  абри тирагунро убур карда гӯё ба манзилаш мегурехт. Моҳ намехост, ки шоҳиди марги бегуноҳӣ ёфтани акоям бошад. Ана дар чунин лаҳза садои тир оромии шабро халалдор сохта, ба фазо печид ва он ба пешонии бародарам бархӯрда, ӯро абадӣ хомӯш сохт. Аз даҳшат гӯшонам қулф баста чашмонам сиёҳӣ заданд ва худро гум карда ба замин афтодам. Дигар чӣ шуд, дар ёдам нест. Субҳгоҳон ба худ омада дидам, ки дар қабристон ба ғайр аз ману ҷасади дар хок гӯршудаи акоям дигар ҷонзоде набуд. Чун ба атрофам нигаристам, дидам, навиштае пеши поям меистод. Хатро гирифта хондам, он чунин мазмун дошт: «Сағира, мурдаи акоятро танҳо худат дафн мекунӣ. Агар касеро ба ёрӣ ҷеғ занӣ, ҳамаатон тӯъмаи тир хоҳед шуд». 
Шояд аҳли қишлоқ ҳолатро хуб медонист, ки касе ба қабристон надаромад. Бо дидаҳои ашкбору ҷигари сӯхта ба худ қувват ёфта, ҷасади бародарамро аз хок берун кашида баровардам. Лаҳадро аз нав канда ҷасади ба хун оғуштаи акоямро бо ҳамон либосҳои дар танаш буда ба қабр гузоштам. Мувофиқи расму оини мусулмонӣ корро анҷом бахшида, ояте аз Қуръони карим тиловат кардам ва бо қалби гирён ба хона баргаштам. 
Самандарро аз ин нақли ваҳмангез ғам зер карда, дилаш бештар ба ҳоли ҳамсафараш месӯхт. Наход инсоне, ки гултоҷи ҳаёт гуфтаанду барояш Худованд биҳиштро офарида, имону одамият ато намудааст, ба чунин разолату қабоҳат даст занад? Дилаш аз зоти инсон монда, то фалакҳо дод зада, аламу нафрати дар вуҷудаш ҷамъшударо холӣ кардан мехост. Ё ин лаҳзаҳо ҳама чизро фаромӯш сохта буд, ҳушу ёдаш банди он манзараи ваҳшатзо буд.
– Ака, мегӯм монда шудӣ ё хобат омад? Бубахш, туро сахт нороҳат сохтам, мебинам зиқ шудӣ.
Самандар ба худ омада:
– Давомаш чӣ шуд? – пурсид.
– Бовар мекунӣ, ака, баъди марги бародарам хобу хӯрдро гум кардам. Ҳоли падару модарамро дида дарун-дарун месӯхтам. Нолаҳои зори модар шунавандаро хун мегирёнд. Ман дар дил қасд кардам, ки то қасоси акоям ва хоҳарамро наситонам, зиндагӣ бароям ҳаром аст. Оташи интиқом рӯз то рӯз дар вуҷудам аланга мезад. Ман дар ин роҳ ба ҳама гуна қурбонӣ тайёр будам. Симои манфури қотилон доимӣ пеши назарам намоён буд. 
Мо як гурӯҳ бачаҳои деҳ дастае  созмон додем, то номусу шарафи оилаҳоямонро ҳимоя созем. Чанд бор муқовимат нишон дода, адабашонро ҳам додем. Дар яке аз чунин задухӯрдҳо бароям силоҳи яке аз он сагони хунхор ғанимат афтод. 
Акнун маро ягона мақсад Комронро дар танҳоӣ дидан буд. Мехостам тани танҳо ӯро вохӯрам ва дар роҳи номус ё қасосамро ситонам, ё хешро ҳам ҳалок созам. Ин буд, ки қариби се моҳ ман он саги ваҳширо ҷустуҷӯ доштам. Яке аз шабҳои сарди зимистон буд. Хабар ёфтам, ки Комрон нимишабӣ пинҳонӣ ба назди хушдораш меомадааст. Ба сардии шаби зимистон нигоҳ накарда, роҳи ӯро поидам. Дар ҳақиқат, соатҳои дувоздаҳи шаб зери шуои моҳ чашмам ба нафаре афтод, ки таг-таги дарахтон аз чизе дар ҳарос қадам мезад. Худро пушти дарахт гирифтам ва чун наздик омад, ӯро шинохтам. Бо мӯйҳои жӯлидаву риши дарози хунукаш аз наздам гузашт. Хостам бо чанд тир танаашро ғалбер созам, вале мардиам роҳ надод, ки ӯро аз пушт бехабар кушам. Аз ин рӯ, чун ду-се қадам аз ман гузашт, мили автоматро сӯяш нигаронида садо кардам:
– Комрон, дар ҷоят ист, силоҳатро ба замин гузошта, се қадам ба пеш роҳ гард. Агар ҳаракати ноҷо кунӣ, тамоми тирро ба танат ҷо хоҳам кард.
Ӯ ноилоҷ туфанг ва кордашро ба замин гузошта онсӯтар истод ва садо баровард.
– Ин ту ҳастӣ Саидшоҳ, – лаб хоида сухан оғоз намуд ӯ.
– Қасосгирӣ омадӣ, ниятат бад нест. Зӯрат расад паррон маро, вале мард бошӣ, якка ба якка ҷанг хоҳем кард. Чӣ, тарсидӣ, ки чун бародарат ҳолат забун мегардад?! – хандаи хунуке кард ӯ.
Дарду аламам боз ҳам чандон боло гирифт, ҳастиам аз ғазаб меларзид. Силоҳамро ба замин гузоштам, туфанги ӯро гирифта ба сӯи наҳр партофтам ва пиҷакамро аз танам кашида омодаи ҳарб шудам. Ҳар ду хеле муддат занозанӣ кардем, ӯ ҳар чӣ аз пешаш вохӯрад бо он маро мезад ё ба сӯям меафканд.Чанд ҷоям ҷароҳат гирифт. Вале дардро ҳис намекардам. Оқибат тамоми қувваамро ҷамъ карда ӯро бардошта ба замин афкандам ва паёпай чанд мушти обдор задам, ки худро гум кард. Дил ҳамехост он беномусро дар ҷояш буғӣ созам, вале дастонашро ба пушт бастам ва аз ҷояш хезонда ба роҳ гаштан маҷбур сохтам. Ӯро аз байни тангкӯчаҳои деҳ, ки шабона орому сокит метофтанд, сӯйи қабристони деҳ ҳамроҳӣ намудам. Чун ба манзил расидем, белеро аз тобутхона гирифта ба дасташ додам, ки қабр канад. Ӯ аввал ба зораву тавалло даромад, баъд ба ҳақорату сиёсат оғоз намуд. Чун аз қабрканӣ сар тофт, бо қундоқи автомат ба сараш задам, ки бехуд шуда афтод. Худам қабрро кофта, ӯро кашолакунон ба чуқурӣ партофтам ва он манзарае, ки барои бародари ҷавонмаргам сохта буданд, такрор кардам.
– Акаи Самандар, ба Худо қасам ман дигар роҳро пеш гирифта наметавонистам, зеро тамоми қалбам дар ҳисси интиқом барои хоҳари ғӯрамаргам, бародари покдилам ва он ҷавонписарону ҷавондухтароне, ки тӯъмаи ин тоифаи ваҳшӣ гардида буданд, месӯхт. Бо дидагони ашкбор, ғазабу аламҳои беинтиҳо сӯйи он намакҳаром оташ кушодам. Силсилаи тир сари ӯро ба ҳар тараф пош дод.
Силоҳамро ба санге зада шикастаму рӯйи қабр партофтам ва худ субҳгоҳон ватанро тарк кардам. 
Ва инак, чор сол мешавад, ки дар мусофират гашта, ниҳоят ба манзил бармегардам. Шунидам, ки ҷинояткоронро ҳукумати нав ҷазо дода, ҳоло дар ватани ман низ сулҳу оромӣ пойдор аст. 
Ин дам қатора дар кадом як истгоҳе таваққуф намуд. Самандар, ба мақсади манзараи мудҳишро каме фаромӯш кардан, ба берун баромад. Чун аз зинапояи вагон поён фуромад, ҳис кард, ки дона-дона борон меборад. Ба осмон нигариста абрпораҳоро дид, ки ҳар куҷо пароканда буда, ситораҳо низ нурпошӣ доштанд. Вале бо инояти Худованд аз абрпорае, ки гирду атрофи мусофиронро иҳота карда буд, борон меборид. Шояд абр гиря дошт.

Раҳматуллоҳи  ШОҲИМАРДОН.
Ноҳияи БОЙСУН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: