КУРСАНТҲО САВГАНД ЁД КАРДАНД

Соли ҷорӣ барои курсантҳои зинаи якум, ки ба муассисаҳои таълими олии ҳарбии Вазорати мудофиа қабул шудаанд, маросими ботантанаи «Савганд ба Ватан» доир гардид.

Аз ҷумла, курсантҳои Омӯзишгоҳи олии фармондеҳӣ-муҳандисии танки Чирчиқ барои савганд ёд кардан ба Ватан саф кашиданд.
Муовини якуми вазири мудофиа, сардори штаби генералии Қувваҳои Мусаллаҳ генерал-майор Шуҳрат Холмуҳамедов дар оғози чорабинӣ курсантҳоро бо қадамҳои аввали дар роҳи касби пуршарафи ҳифзи Ватан гузоштаашон табрик гуфт.
Инчунин, дар Академияи Қувваҳои Мусаллаҳ курсантҳои факултети умумқӯшунии муассисаи таҳсилоти олии ҳарбӣ ва ҷавони нав ба Академияи ҳарбии тиббии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабулшуда, «Савганд ба Ватан» қабул карданд.
Муовини вазири мудофиа оид ба корҳои тарбиявӣ ва мафкуравӣ полковник Ҳамдам Қаршиев, муовини якуми вазири дастгирии ҷомеа ва нурониён, раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорати мудофиа Содиқҷон Турдиев дар бораи шароитҳое, ки барои хидматчиёни ҳарбӣ дар кишварамон фароҳам оварда шудаанд, ислоҳоти иҷтимоии онҳо суханронӣ карда, ба ҳама дар таҳсил ва хидматҳои минбаъдаашон барору комёбиҳо дархостанд.
Илова бар ин, маросими «Савганд ба Ватан» дар омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсияи Ӯзбекистон, Донишкадаи ҳарбии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва алоқа низ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Курсантҳо парчамро, ки рамзи муқаддаси кишвари мост, барафрохта барои иҷрои вазифаи худ дар назди Ватан камарбаста шуда, виҷдону шаъну шарафи худро ба миён гузошта, барои ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Президенти он содиқона хидмат кардан, дар ҳар гуна санҷишҳои пурмашаққат ва душвор барои сазовор шудан ба боварии баланди миллату кишвар, дар ҳузури хешу табор ва аҳли ҷомеа ботантана савганд ёд карданд.

ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: