КУРСҲОИ БОЗОМӮЗӢ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ РОҲБАРОНИ СОЗМОНҲО

Дар Тошканд таҳти ҳамкории Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ (CFF), Вазорати адлия, Фонди ҷамъиятии дастгирии созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ ва дигар институтҳои ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлис дар Академияи идоракунии давлатии назди Президент бахшида ба анҷоми курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси роҳбарони СҒҒ чорабинӣ баргузор гардид.

Қайд карда шуд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ қариб 9 ҳазор созмони ғайридавлатӣ мавҷуд буда, ҳадафи олии онҳо ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аҳолӣ нигаронида шудааст. 
Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти озодонаи институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, иштироки фаъолона дар идоракунии давлат ва ҷамъият, такмили минбаъдаи механизмҳои дастгирии давлатии онҳо дар бунёди Ӯзбекистони Нав ҳадафи аввалиндараҷа қарор дода шуд. 
Аз ҷумла, дар 5 соли охир бештар аз 20 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки мусоидат ба фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ, пурзӯр намудани самаранокии назорати ҷамъиятӣ, баланд бардоштани нақши институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дар идоракунии давлат ва ҷамъият нигаронида шудаанд. Бо мақсади васеъ намудани доираи дастгирии давлатӣ ба институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва такмили низоми институтсионалӣ заминаи ҳуқуқии ҷудо намудани маблағ аз буҷети маҳаллӣ ба ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ таъсис дода шуда, дар ҳар минтақа фондҳои алоҳидаи маҳаллӣ ташкил шуданд.
Илова бар ин, барои маблағгузории лоиҳаи муҳими иҷтимоии созмонҳои ғайридавлатӣ ва дигар институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ аз буҷети давлатӣ наздик ба 400 млрд сӯм маблағ ҷудо карда шуд. Донишу малакаи замонавӣ доштани намояндагони ташкилотҳои СҒҒ, ки иштирокчиёни бевоситаи ин ислоҳоти азим мебошанд, муҳим аст. 
Омӯзиши 50 нафар роҳбарони СҒҒ, ки дар марҳилаи дуюми тренинг иштирок доштанд, даҳ рӯз давом кард. Шунавандагонро бо донишҳои нави назарии фаъолияти СҒҒ дар ҷамъият шинос намуда, дар бораи такмили ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ, малакаи ташкили самараноки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва оқилона тақсим кардани вақти кори шунавандагон, идоракунии захираҳои инсон, ноил шудан ба самаранокии шахсӣ донишҳои зарурӣ дода шуд.
Дар баробари ин шунавандагон дар ҷараёнҳои амалӣ низ иштирок доштанд. Аз ҷумла, онҳо аз Олий Маҷлис ва СҒҒ дидан намуда, бо татбиқи лоиҳае, ки баҳри беҳбудии мардум хидмат мекунанд ва корҳои бунёди ҷамъияти шаҳрвандӣ шинос шуданд. 50 нафар роҳбарони СҒҒ, ки омӯзишҳоро бомуваффақият хатм кардаанд, сертификатҳои Академияи идоракунии давлатӣ супорида шуданд. 
Дар навбати худ, роҳбарони СҒҒ, ки тренингҳоро хатм кардаанд, ба узвияти “Штаби тренерон” дар назди Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии Ӯзбекистон қабул карда мешаванд. Дар оянда тренерон дар семинарҳое, ки барои намояндагони СҒҒ-и ҳудудҳо ташкил карда мешаванд, иштирок намуда, ба онҳо барои боз ҳам беҳтар намудани кор ва навиштани лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз наздик ёрӣ мерасонанд.
 Ҳамчунин, дар ҷараёни чорабинӣ миёни Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии Ӯзбекистон ва созмони ғайридавлатии «Мадад» меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

М. МАМАҶОНОВА,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: