Ман бо Ҳабиба Муқимова борҳо вохӯрдаам.
Ин зани меҳнатдӯсту фидокор аз дили бисёриҳо ҷой гирифта буд. Ӯ барои фаровонии ҳамватанон ва озодии Ватан аз овони ҷавонӣ то охири умр меҳнат карда, сазовори ҳурмату эҳтиром гардидааст.
Дар яке аз суҳбатҳо Ҳабибаапа гуфта буд, ки дар 11 солагиаш бо хоҳиши падар фаранҷӣ пӯшида, баъди чанд вақт, бо модараш дар маросими фаранҷипартоие, ки дар маркази шаҳри Самарқанд баргузор шуда буд, иштирок кардааст.
Баъди ин воқеа Ҳабибаи ҷавон бо маслиҳати волидон ба мактаби нави шӯравӣ меравад. Пас аз хатми мактаб ба омӯзишгоҳи педагогӣ ва баъд дар факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил мегирад.
Ҳабибаи чусту чолок дар гурӯҳи «хатми чаласаводӣ» фаъолият бурда, қатори ҷавонону куҳансолон ба саводноккунонии падару модараш низ ҳисса мегузорад.
Аммо солҳои табъид фаъолияти донишандӯзии Ҳабиба Муқимова қатъ мегардад...
Тағоиҳои ӯ Маъруф ва Рауф Расулӣ аз пешқадамони замон буданд. Маъруф дар ҳокимияти вилояти Самарқанд, Рауф Расулӣ бошад, омӯзгори ДДС буд. Соли 1937 ба бародарон тамғаи «душмани халқ»-ро зада, ходимони НКВД ҳабс мекунанд. Бо ҳамин рӯзҳои сахти Ҳ. Муқимова оғоз меёбад. Барои «аз даст додани ҳушёрӣ» ва «пинҳон доштани «душмани халқ» будани тағоиҳояш» ба Ҳабиба Муқимова танбеҳ доданд. Баъди хатми донишгоҳ ба ӯ кор ёфт нашуд, баъзеҳо ба ӯ кор доданро хоҳанд ҳам, аз «ба айби ӯ шарик шудан» меҳаросиданд.
Баъди ду соли ҳабс, Рауф Расулӣ ба паррондан ҳукм карда шуда, баъди як сол сафед карда мешавад. Ба партия аз нав барқарор карда мешавад, ҳукумат барои муддати ҳабс пардохт низ медиҳад.
Ҳабиба Муқимова акнун зиндагии осоиштаро оғоз намуда буд, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуд. Ин ҷанг барои мардум сахтиҳои зиёд овард. Он солҳоро ба хотир оварда, Ҳабибаапа гуфта буд, ки солҳои ҷанг нафақат барои ҷанговарон, балки барои ононе, ки дар ақибгоҳ буданд, низ мушкил буд. Қишри заифи аҳолӣ – бачаҳо, занон ва пиронсолон барои бо ғизо ва либосворӣ таъмин намудани ҷанговарон шабу рӯз меҳнат мекарданд, аммо баҳра бурдан аз маҳсулоти меҳнаташон дар гумон буд. Сардиҳои зимистон низ тӯл мекашид. Куҳансолу бачаҳоеро, ки аз гушнагӣ варам карда мефавтиданд, бисёр дидааст ӯ.
Аммо шахсони нокасу худбин низ вомехӯрданд, ки гандуми ҷамъшударо дуздида, дар хандақҳои калон ҷой мекарданд. Бар зидди онҳо гурӯҳи «Занони фаъол» ташкил дода шуд, ки Ҳабиба Муқимова сарвари онҳо буд. Гурӯҳ бо дарёфт кардани чунин хандақҳо ва ба халқ тақсим намудани гандум машғул мешуд. Бо ин кораш Ҳабибаапа мардумро аз чанголи марг раҳо медод. Дар чунин вазъиятҳо ба онҳо борҳо ҳуҷум низ карда буданд...
Дар давоми фаъолияти кориаш Ҳабиба Муқимова бо чанд арбоби давлатӣ, мисли Йӯлдош Охунбобоев, Файзулло Хӯҷаев, Акмал Икромов, Шароф Рашидов вохӯрдааст.
Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон Ҳабиба Муқимова ба сифати мудираи бонувони ҳокимияти вилояти Сурхондарё, раиси иҷроияи шаҳри Каттақӯрғон, директори мактаби рақами 13-уми шаҳри мазкур ифои вазифа намуд.
Тӯли ин солҳо таҳти сарварии ӯ ба зиёда аз ду ҳазор оила қитъаи замин доданд, биноҳои истиқоматӣ, мактаб бунёд гардиданд, аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва газ таъмин карда шуд.
Ба ивази хидматҳои шоиста Ҳабиба Муқимова бо ифтихорномаю медалҳо ва ордени «Меҳнат қизил байроғи» сарфароз гардонда шудааст.
Аҳли шаҳри Каттақӯрғон Ҳабибаапаро то ҳол чун бонуи фидокор ва инсондӯст ёд мекунанд.
Низомии Ганҷавӣ фармуда аст:
Кӯш то халқро ба кор оӣ,
То ба ҳуснат ҷаҳон биороӣ.
Ҳабибаапа аз заноне буд, ки халқро ба кор омадааст.
Ғайрат ШУКУРОВ,
журналисти собиқадор.