КУШОДАДИЛӢ МЕЪЁРИ АСОСИИ ОСОИШ БОШАД, СУЛҲ ГАРАВИ ПЕШРАФТИ БАЛАНД АСТ

Халқи мо аз азал кушодадил ва меҳмоннавоз буданд. Чунки кушодадилӣ ҷузъи ҷудонопазири маънавият ва фарҳанги мардуми ӯзбек аст. Чунин эҳсосоти наҷиб, ба монанди садоқат ба дӯст, якдилӣ дар байни мардуми мо ба сатҳи арзиш бардошта шуда, ин анъанаҳо имрӯз ҳам идома доранд.

Халқи мо аз азал кушодадил ва меҳмоннавоз буданд. Чунки кушодадилӣ ҷузъи ҷудонопазири маънавият ва фарҳанги мардуми ӯзбек аст. Чунин эҳсосоти наҷиб, ба монанди садоқат ба дӯст, якдилӣ дар байни мардуми мо ба сатҳи арзиш бардошта шуда, ин анъанаҳо имрӯз ҳам идома доранд.

Дар натиҷаи сиёсати оқилонае, ки дар мамлакати мо бо роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев ҷиҳати таъмини ваҳдат ва ҳамҷиҳатӣ дар байни намояндагони миллату мазҳабҳои гуногун амалӣ карда мешавад, тамоми мазҳабҳои динии Ӯзбекистон суннатҳо, урфу одатҳои худро идома медиҳанд. Фазои таҳаммулпазирии тарафайн, меҳрубонӣ ва накӯкории дар ҷомеаи мо ҳукмрон барои таҳкими сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ хидмат мекунад.
Аз ҷумла, дар «Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021» низ масъалаи амният, ризоияти байни миллатҳо ва таҳаммулпазирии динӣ ба сифати вазифаи устувор муайян шудааст. Дар натиҷаи тағйироте, ки дар доираи татбиқи Стратегияи амалиёт ба амал омадаанд, механизмҳои рушди минбаъдаи муколамаи байни миллатҳо ва байни динҳо дар кишвари мо такмил дода шуданд.
Имрӯзҳо намояндагони 16 конфессияи динии зиёда аз 130 миллату қавмҳои муқими мамлакати мо аз ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари дар  Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайянгардида истифода бурда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, илм ва фарҳанг самаранок меҳнат мекунанд.
Мақсади асосии 141 маркази фарҳангии миллӣ, ки ҳоло дар мамлакати мо фаъолият доранд, нигоҳ доштани арзишҳои дигар миллатҳои муқими кишварамон, таъмин намудани идомаи урфу одат ва анъанаҳо, тарбияи ҷавонони мо дар рӯҳияи эҳтиром ба фарҳанги халқиятҳои дигар мебошад. 
Қабули лоиҳаи қонун «Дар бораи муайян намудани «Рӯзи дӯстии халқҳо», ки ба қарибӣ  дар ҷамъомади навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис баррасӣ шуд, бешубҳа ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстие, ки халқи мо аз азал гиромӣ медоранд, хидмат хоҳад кард.
Чунки, мақсади ин лоиҳаи қонун – ҷашн гирифтани Рӯзи дӯстии халқҳо – таҳкими ҳамбастагӣ, таҳаммулпазирӣ, ризоияти байни миллатҳо ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо, миллатҳо, давлатҳо – қишрҳо ва сохторҳои гуногуни ҷомеа мебошад.
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии корҳо оид ба таҳкими фазои ризоияти байни миллатҳо ва таҳаммулпазирии динӣ, дар ҳуҷҷат пешниҳод шудааст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии  меҳнати содиқона иҷрошуда «Рӯзи дӯстии байналмилалӣ» – 30 июл ҳамчун Рӯзи дӯстии халқҳо муайян карда шавад.
Дар ин бобат агар ба таҷрибаи хориҷӣ назар андозем, дар Русия, Белорус, Олмон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Украина, Қазоқистон ва дигар кишварҳо дар санаҳои гуногун бо номҳои «Рӯзи дӯстӣ», «Рӯзи якдилӣ», «Рӯзи якдилии миллӣ» дар доираи таҷлили ҷашнҳои мазкур натиҷаҳои мусбате, ки ба даст оварда шудаанд, қайд карда мешавад ва кормандони соҳа, ки намунаи ибрат нишон додаанд, ҳавасманд карда мешаванд.
Масалан, дар Белорус, Украина, Қазоқистон ва Русия «Рӯзи дӯстии байналмилалӣ» 30 июл ҷашн гирифта мешавад, аммо таътил эълон карда нашудааст. Дар Қазоқистон бошад, 1 май  — «Рӯзи ваҳдати халқи Қазоқистон», дар Русия 4 ноябр — «Рӯзи якдилии халқ», дар Тоҷикистон 27 июн — «Рӯзи ваҳдати миллӣ», дар Олмон 3 октябр — «Рӯзи ваҳдати Олмон» ба сифати ҷашни миллӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Хулоса, имрӯз Ӯзбекистон аз ҷиҳати кушодадилии динӣ ва муколамаи байни динҳо барои ҷаҳон намуна аст. Қабули лоиҳаи қонуни мазкур бошад,  барои таъмини аҳливу тифоқӣ, ҳамҷиҳатӣ ва осоиштагӣ дар байни намояндагони миллату қавмҳо ва динҳои гуногуни Ӯзбекистон хидмат хоҳад кард. Зеро, агар кушодадилӣ меъёри асосии осоиштагӣ бошад, сулҳ гарави пешрафти баланд аст.
 
Бахитбай АЛДАМУРАДОВ,
депутати 
Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: