“КУШОДАШАВИИ РОҲРО ИНТИЗОРЕМ, ЧОРАИ ДИГАР НАДОРЕМ”

мегӯянд мусофирони дармондаи сӯхӣ

мегӯянд мусофирони дармондаи сӯхӣ
Пахшу паҳни балои коронавирус ва беш аз пеш доман фарох намудани доираи таҳдиди он мардуми оламро ба мушкилоту муаммоҳои зиёд рӯ ба рӯ намуд. Аз як сӯ, ҷон бохтани садҳо ҳазор шахсони ба ин вирус сироятшуда, аз сӯи дигар таҳти муолиҷа қарор гирифтани миллионҳо ҳодисаест, ки башарият то ҳол  кам гувоҳ шудааст.
Дарвоқеъ, ин балои аср бори нахуст мардуми беш аз 250 кишвари саросари оламро муддати дароз хонанишин кардааст. Аз ин раванд мардуми кишвари мо низ дар канор намонд. Онҳо қоидаҳои ҷоринамудаи Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бар зидди коронавирусро  риоя карда, ба ин васила аз паҳншавии ин балои ногаҳонӣ худ ва атрофиёнро ҳифз менамоянд. Ҳоло низ шиори асосӣ дар тамоми мамлакатҳо ва кишвари мо низ ”Дар хона монед!” мебошад. 
Хушбахтона, имрӯзҳо дар бобати қоидаҳои карантин андак нармиҳо ҷорӣ шудаанд. Имкон дода шуд, ки як қисми аҳолӣ тавассути мошинҳои махсус ба кор рафта оянд, боқимондагон аз тариқи он-лайн масъулияти бар дӯш доштаашонро аз хона  анҷом медиҳанд. Аммо тақозо мегардад, ки нармшавии баъзе нуқоти карантин маънои онро надорад, ки ҳаёт ба маҷрои қаблии худ баргаштааст ва аҳолӣ метавонад бидуни зарурат ба кӯчаву хиёбонҳо сар занад. 
Ҳоло мо роҷеъ ба мушкилоти мардуми ноҳияи Сӯх дар ин маҷро андак таваққӯъ хоҳем кард. Шояд муштариёни “Овози тоҷик” медонанд, ки ноҳияи Сӯх аз чаҳор тараф бо Ҷумҳурии Қирғизистон марзҳои муштарак дорад ва роҷеъ ба мушкилоти равуои ин мардум рӯзнома борҳо гузоришҳо ба табъ расонидааст. 
Мардуми ин ноҳия барои равуо ба пойтахти ҷумҳурӣ, маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳои дигар аввал ҳудуди 100 километр роҳро дар марзи ин кишвари ҳамсоя  тай мекарданд. Баъди дунёгир шудани коронавирус ва дар миёни мардуми Қирғизистони ҳамҷавор низ пайдо шудани ашхоси аз ин беморӣ сироятшуда ин кишвар низ роҳҳои вуруд ва хурӯҷашро баст.  
Маҳз ба ҳамин далел аз 19 марти соли равон то  кунун роҳи ягонаи равуо барои мардуми Сӯх аз тариқи хоки ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон баста боқӣ мондааст. Гуфта мешавад, ки 1 июн равуо аз тариқи он дубора аз сар гирифта мешавад, аммо ҳамаи ин овозаҳо шояд аз ҳадсу пешгӯиҳо беш нестанд, зеро дар Қирғизистон низ раванди сироятшавӣ ба коронавирус идома дорад. 
Ҳоло бештар аз 200 сокини ноҳияи Сӯх имкони бозгашт ба хонаҳояшонро надоранд. Як қисми ин мусофирон тайи беш аз ду моҳ дар хонаҳои хешу табор ва дӯстони худ иқомат доранд. 
 Бо ташаббуси ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев баъзе меҳмонхонаҳои шаҳри Фарғона даҳҳо нафар аз зумраи ин дармондагонро ба таври ройгон ба канор пазируфтааст. Ҳамчунин як идда соҳибкорони сӯхии муқими шаҳри Фарғона, аз ҷумла Ҳомидҷон Ҳомидов ва Тошметин Абдураҳмонов ин мусофиронро ба ҷои сукунати муваққатӣ таъмин кардаанд.
 Ба наздикӣ як гурӯҳи мусофирони сӯхӣ, ки баъди муолиҷа аз бемористонҳои мухталифи кишварамон рухсат шуда буданд, бо мушкилоти зиёд ба ноҳияи Сӯх баргаштанд. 
Дар ҳамин ҳол аъзои ситоди назди ҳокимияти вилояти Фарғона ашхоси боқимондаро бо маводи хӯрока ва ҷои хоб таъмин мекунад. Узви ин ситод, директори мактаби махсусгардонидашудаи рақами 2-и ноҳияи Сӯх Фарҳод Ҷӯраев мегӯяд, ки баъди чанд муддати басташавии роҳи Сӯх – Фарғона ин ситод таъсис дода шуд. Фаъолияти онро ҳокими вилоят бевосита назорат мекунад. 
– Бо ҳидояти Шӯҳрат Ғаниев ҳудуди сад нафар аз ин мусофирон дар фароғатгоҳи “Зулол”, воқеъ дар минтақаи Чимёни ноҳияи Фарғона маскан гузидаанд. Онҳо ҳам истироҳат мекунанд ва ҳам муолиҷа мегиранд, инчунин се маҳал бо хӯроки гарм таъмин шудаанд, – мегӯяд Фарҳод Ҷӯраев.
 Вай боз тазаккур дод, ки мардуми Сӯх барои чунин ғамхорӣ аз ҳокими вилоят, узви Сенати Олий Маҷлиси  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шӯҳрат Ғаниев хеле сипосгузоранд.
– Яке аз масъалаҳои мушкилзои мардуми Сӯх дар ин давра интиқоли беморон ба шифохонаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ мебошад. Яке аз беморон тавассути мошини “Ёрии таъҷилӣ”-и идораи вазъиятҳои фавқулодда аз Сӯх ба шаҳри Фарғона интиқол дода шуд. Ин бемор ду моҳ азият кашид. Пизишкон мегӯянд, ки сабаби сари вақт интиқол наёфтани бемор ҳоло маълум нест.
Духтури шуъбаи бемориҳои асаби бемористони марказии вилоят Фарҳодҷон Пӯлодов мегӯяд, ки агар ин роҳ боз чанд муддат баста монад ва интиқоли беморони вазнин аз ноҳияи Сӯх ба шифохонаҳои марказии вилоят ғайриимкон гардад, аз эҳтимол дур нест, ки муолиҷаи баъзе беморон барои пизишкон мушкилоти зиёду печ дар печ ба бор оварад ва ҳатто боиси ҷон бохтани онҳо шавад. 
– Ҳамаи сӯхиён медонанд, ки ҷои зист ва таъмини сокинони дар берун аз ноҳия дармонда бо маводи мавриди ниёзи онҳо қаноатбахш аст. Аммо аз Президенти мӯҳтарами мо Шавкат Мирзиёев хоҳиш мекунем, ки бо ҳамтои қирғизи худ гуфтушунид ва масъалаи кушодани роҳи мустақим ба минтақаҳои дигари ҷумҳуриро барои сӯхиён ҳал намоянд. Дар акси ҳол ин мушкилоту муаммо наздики сӣ сол мардуми ноҳияро хеле азият медиҳад, – мегӯяд корманди шуъбаи тоҷикии Ширкати садову симои вилояти Фарғона Масъуди Мирзо.
Ба гуфтаи ӯ ин масъалаву муаммо солиёни дароз инҷониб аз тарафи мардуми Сӯх дар миён гузошта мешавад, номаҳои зиёд ироа мегарданд, муроҷиатҳо сурат мегиранд, вале  ҳаллу фасли он беш аз пеш ба таъхир меафтад. 
Тибқи хабарҳои расида  баъди басташавии роҳи Сӯх – Фарғона, ки қаламрави ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткенти Қирғизистонро бурида мегузарад, як гурӯҳ сокинони  шаҳрҳои Фарғонаву Қӯқанд, Марғелону Риштон, ҳатто Намангону Самарқанд бидуни бозгашт дар ноҳияи Сӯх дармондаанд. Гуфта мешавад, ки  ду моҳ боз онҳо наметавонанд ба хонаҳои худ баргарданд. Дар миёни онҳо дар баробари устоҳои чирадаст, коргарони кироя низ зиёданд, ки барои иҷрои корҳои сохтмон мардуми ноҳия онҳоро ба кор ҷалб кардаанд. Ин коргарон шикоят мекунанд, ки дар ин рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ва иду айём наметавонанд ба назди пайвандони худ баргарданд. Муроҷиатҳои батакрори онҳо ба ҳокимияти ноҳияи Сӯх ва роҳбарияти ситоди марзбонӣ куллан бенатиҷа анҷом ёфтааст.
– Теъдоди онҳо аз навад нафар беш аст. Баъзеи ин афрод наздики ду моҳ пеш корҳои худро ба итмом расонидаву азми баргаштан доштанд, аммо 19 март Қирғизистон низ ба манзури ҷилавгирӣ аз пахши коронавирус марзҳояш бо Ӯзбекистонро баст. Ба ҳамин далел ин мусофирон низ аз имконияти ба хонаҳои худ баргаштан маҳрум монданд, – мегӯяд сокини деҳаи Чашмаи ноҳия Камолиддин Азизов. – Ба ғайр аз ин бояд таъкид кард, ки як қатор мардуми ноҳия ба кӯмакҳои моддӣ ниёзманданд. Ҳарчанд ба ин қишри аҳолӣ ҳокимияти вилоят кӯмакҳои мухталиф мерасонад, вале баста будани роҳ мушкилоти ин мардум, хусусан хоҷагиҳои фермериро беш аз пеш меафзояд.
– Хоҷагиҳои фермерӣ ва соҳибкорони зиёд наметавонанд маҳсулоти худро ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят ва ҷумҳурӣ бароварда фурӯшанд, ё маводи мавриди ниёзи худро аз бозорҳо харида оваранд. Ҳоло ин вазъияти ногувор як қатор хоҷагиҳои фермерӣ, соҳибкорон ва тоҷирони сӯхиро ба мушкилот рӯ ба рӯ кардааст. Агар роҳ аз тариқи марзи Қирғизистон зудтар кушода нашавад, як қисми ҳосили бо мушкилӣ расонидаи хоҷагиҳои фермерӣ ба коми нестӣ хоҳад рафт. Зеро ин маҳсулот дар худи ноҳия харидорони зиёд надорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: