КУҲАНСОЛОН ҲАМЕША МАВРИДИ ЭҲТИРОМ

Ҳоли ҳозир дар мамлакат бобати дастгирӣ намудани шаҳрвандони куҳансол, ғамхорӣ ва кӯмаки ҳамаҷониба ба онҳо, баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоии пирон бо истифода аз таҷрибаи бузурги ҳаётиашон корҳои васеъмиқёс татбиқ мегарданд.

Ҳоли ҳозир дар мамлакат бобати дастгирӣ намудани шаҳрвандони куҳансол, ғамхорӣ ва кӯмаки ҳамаҷониба ба онҳо, баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоии пирон бо истифода аз таҷрибаи бузурги ҳаётиашон корҳои васеъмиқёс татбиқ мегарданд.
Чунончи, дар доираи «Моҳонаи сайёҳӣ барои куҳансолон», ки аз 1 то 30 ноябр дар тамоми мамлакат баргузор хоҳад шуд, бо иштироки ҳазорҳо собиқадорон чорабиниҳои маданиву сайёҳӣ ташкил мегарданд. Ба пирони аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор ва танҳо кӯмак расонида мешавад. Бинобар маълумоти Вазорати дастгирии маҳалла ва оила  то ҳол саёҳатҳо, чорабиниҳои маънавиву маърифатӣ ва хайриявӣ бо иштироки 8294 куҳансол, аз ҷумла 112 нафар ҳамдиёри ногироии гурӯҳи аввал ташкил карда шуданд.
Аз ҷумла, бо иштироки 261 нафар собиқадор ба хиёбони «Ӯзбекистони Нав», ки дар ноҳияи Қибрайи вилояти Тошканд ҷойгир мебошад, саёҳат ташкил карда шуд. 3 ҳазору 84 собиқадор ҷойҳои зиёратии маркази вилоятҳо, 4 ҳазору 949 шаҳрванди солдида зиёратгоҳҳои дигари кишварамонро тамошо карданд.
Бо иштироки17 ҳазору 780 нафар марафони пиёдагардии «Панҷ ҳазор қадам барои саломатӣ» гузаронида шуд.
Дар мавзӯи «Эҳтиром, ҳурмат, эътибор» барномаҳои консертӣ ташкил гардиданд, ҳамчунин барои бошандагони хонаҳои «Саховат» ва «Мурувват» чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор шуданд, ба онҳо хӯрокворӣ ва дорувории зарурӣ пешниҳод гардид.
Дар чаҳорчӯбаи «Моҳонаи сайёҳӣ барои куҳансолон» аз 1 ҳазору 3 нафар ногирои гурӯҳи аввал дар хонаҳои онҳо, аз 468 собиқадори беморе, ки дар касалхонаҳо табобат мегиранд, боздид ба амал оварда, ба онҳо дорувори зарурӣ дода шуд. Ғайр аз ин дар хонаи 302 нафар пирони  танҳо ҳашарҳои хайрия ташкил гардид. Ҳамаи ин ифодаи амалии эътибори бузурги давлат ва ҷамъият нисбати куҳнсолони кишвари мост.

Назокат УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: