КӮҲИ БАЛАНДРО ШЕЪРИ БАЛАНД МЕБОЯД...

Абдуллои Раҳмон яке аз шахсиятҳои маъруфи воҳаи Сурхон буда, берун аз он ҳам байни халқ маҳбубияти хосса дорад.

Ин маҳбубият аз изҳори назари мардум дар бораи ӯ ба хубӣ эҳсос мешавад. Ба маънии том ӯ ҳамчун шоири дардошно ҳамеша бо мардум будааст ва мардум низ қадршиносона ин суханвари ҳақгӯю ҳақталошро чун ҳомии орзуву ормонҳои худ шинохтаву дӯст доштаанд.
Соли 1989 намунаи ашъораш дар маҷмӯаи «Чашмасор», соли 2015 «Аз Самарқанди чу қанд», соли 2006 «Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ӯзбекистон», соли 2010 «Форсисароёни Ӯзбекистон», соли 2005 нахустин маҷмӯаи шеърияш бо номи «Қадаҳи лола» бо дуои устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ ва соли 2008 маҷмӯаи дигараш бо номи «Муждаи эҳё» ба дасти мухлисонаш расид. Шоири хушсалиқа 30 майи соли 1954 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли равон бошад 65-солагии баҳори зиндагии ӯ гулафшонӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки аз оғози фаъолияти шоириаш Абдулло ишқро яке аз мавзӯъҳои меҳварии эҷодиёти худ қарор додааст. Ӯ бо тамоми ҳастӣ ва мавҷудоти он самимона ошиқ аст. Ишқ барои суханвари дилдода, бино ба қавли худаш «ҳазорон олам» аст.
Ишқи тараннумнамудаи Абдулло Раҳмон ишқи содиқонаву самимӣ ва покизаву бетамаъ аст, ишқест, ки ба хотири зебоӣ парварида шудааст. Бинобар ин, қаҳрамони лирикии ашъори ошиқонаи Абдулло шахси беандоза самимӣ, вафодор ва олиҳиммат аст. Чун ормони шахси ошиқ оливу дастнорас аст. Аз ин рӯ, инсони озодаву сарафроз ва бениёз ба назар ҷилва мекунад. Ин шахси ошиқ маҳбуби хешро беғаразона ва содиқона дӯст медорад:
Чу мирам, шеърҳоям бо ту монад,
Китоби ман ба ҷоям бо ту монад.
Миёни байтҳоям ёдгорӣ,
Дили дардошноям бо ту монад.
        * * *
Ало, эй шеър, имонам ту ҳастӣ,
Сафои қалбу виҷдонам ту ҳастӣ.
Диламро пеши ту холӣ намоям,
Забони дарду армонам ту ҳастӣ.
Асосу ҷавҳар ва мояи тамоми сурудаҳои Абдуллоро ҳамин ишқи асил ташкил кардааст: ишқ ба Офаридгор, ишқ ба инсон, ба Ватан, ба Модар, ба ёру диёр, ба табиати афсункор, ба фарзандони фарзонаву зебоиофари кишвар, ба ҳастӣ ва мавҷудоти он ва мисли инҳо, ки ҳар яки ин мавзӯъҳоро бояд муфассал ба доираи таҳқиқ кашид.
Дубайтӣ чорбоғи ин дили ман,
Дубайтӣ чор шамъи маҳфили ман.
Ҷаҳон бар ҷост гар аз чор унсур,
Дубайтӣ чор рукни манзили ман.
Ашъори Абдулло Раҳмон аз назари мавзӯъ ва мазмуни мӯҳтаво басо рангин ва гуногунпаҳлӯст. Дар ҳар мавзӯе, ки сухан гӯяд, самимиву дилчасп ва нишонрас мегӯяд. Ба ин манзур яке аз вижагиҳои ашъори ӯ дар самимияти баланди онҳост. 
Ватан, зодгоҳ, марзу бум барои Абдулло ба ҳадде азизу муқаддас аст, ки бахши бузурги шеърҳояш бахшида ба Ватан эҷод шудаанд. Ормонҳои ватанхоҳиву ватансозии Абдулло наҷибу шуниданӣ ва олию шаҳрвандиянд. Чунончи:
Агар пойи ту дар хоки Ватан нест,
Ба чашмат нуру ҷонат дар бадан нест.
Ба ҷуз номи Ватан андар ғарибӣ,
Гуворотар ягон ҳарфу сухан нест.
Устод Абдулло шеър, рубоӣ, дубайтӣ ва байтҳои зиёде сурудааст. Шеърҳои шоир дар мазмунҳои гуногуни ҳастӣ ба монанди ишқ, ситоиши миллату забон ва ҳолати ҳоли худи ӯ гуфта шудаанд. Ин байтҳоро метавон маромномаи эҷодии ӯ донист:
Забони модариам шаҳду шаккар,
Гуворо бошад он чун шири модар.
Агар он зинда бошад, зиндаам ман,
Агар мирад, ба ӯ мирам баробар.
        * * *
Ало, эй мардуми дар хоби ғафлат,
Ба нури ақл берун о зи зулмат.
Забони модариат чун бимирад,
Расад з-он баъд бар марги ту навбат.
Ашъори дар васфи миллату забон сурудаи Абдулло Раҳмон хонандаро ба нангу номуси миллату забони куҳанбунёд, пос доштани бузургони он даъват мекунад:
Забони Оли Сосону забони Оли Сомон буд,
Забони дафтару иншо забони модарии ман.
Забони Оламушшоир, забони назми оламгир,
Забони маънии воло забони модарии ман.
Забони ҳоливу фардо, забони дуняву уқбо,
Забони ҷаннатулмаъво забони модарии ман.
Чунин рӯҳияти миллату забонсароӣ дар ашъори шоир мавҷ мезанад. Устод Абдулло аз соли 2005 инҷониб сарварии маҳфили адабии қаламкашони воҳаи Сурхон «Амвоҷи Варорӯд»-ро ба ӯҳда дорад. Ба қавли худи ӯ:
Ман аз ин шоирӣ давлат нахоҳам,
Мақому шавкату шӯҳрат нахоҳам.
Мурод аз гуфтани ашъор ин аст,
Ки ҷуз бедории миллат нахоҳам.
Бояд эътироф намуд, ки ғазал навъи душвортарини шеър аст. На ҳама шоирони имрӯза дар навиштани ғазал комёб шудаанд. Аз ғазалҳои ба мо дастрасгардидаи А.Раҳмон маълум аст, ки ӯ дар ин жанри душвор қувва озмуда тавонистааст бо сабку забони шевою дилписанд аз зебоӣ ва ҳиссиёти нозуктарини инсонӣ – ишқ ғазалҳои хушоянду дилнишин биофарад.
Ҳоло суханвари нозукадоро бо синни мубораки 65 табрик гуфта, дар сохтанҳову сӯхтанҳои шоирона барояш бозёфтҳои нав ба нав таманно менамоям. Умрат дароз, пурфайзу баракат, рӯзгорат ғанӣ ва ҳамеша обод бошад, дӯсти азиз ва бародари гиромӣ! 

Амонуллоҳ МУРОДУЛЛОЕВ.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: