КӮҲНАДӮЗӢ НАВ ШАВАД...

Зодаи ноҳияи Бойсун Аҳмад пагоҳии барвақт ба кор меояд.

Меояду мебинад, ки то ҳанӯз касе ба чашм намерасад. Ин дам посбони корхона дар рӯ ба рӯяш пайдо мешавад. Онҳо ҳолпурсӣ мекунанд. Ӯ зуд дари хонаи хешро, ки дар паҳлӯи баромадгоҳи зинапоя қарор дорад, мекушояд. Хоначаи кории ӯ чунон хурд аст, ки баъзан мизоҷон дар беруни дар истода пойафзори корношоями хешро ба усто Аҳмад барои таъмир месупоранд. Пеш аз оғози кор хонаи кории хешро рӯбучин карда, пойафзорҳои таъмирталаби мизоҷонро дар паҳлӯяш мегузорад ва пасон ба кор шурӯъ мекунад.
Ӯ панҷ сол аст, ки дар ҳамин хонаи тангу тор ба мизоҷон хидмати беминнат мерасонад. Ҳар рӯз даҳҳо нафар ба назди ӯ омада, пойафзори бо мурури вақт корношоям шудаи хешро таъмир намуда, ба усто Аҳмад як ҷаҳон ташаккур изҳор мекунанду мераванд.
Як замон чун ҳарвақта навакак ба кор омада ботинкаеро таъмир мекард. Занаке дари ӯро кушода салом дод ва арз намуда гуфт, ки наберааш баъд аз чош ба таҳсил меравад. Чӣ мешуд, ки ҳамин ботинкаи ӯро таъмир намояд, агар дер шавад вай ба дарс рафта наметавонад. Усто Аҳмад ба занак фаҳмонид, ки агар хоҳиши ӯро ба ҷой орад, пеши мизоҷи дигаре дурӯғгӯ хоҳад шуд. Занак зориву тавалло мекард, ки агар ӯ пойафзори набераашро таъмир намояд, ӯ як умр дуои ҷонашро хоҳад кард.
Усто Аҳмад ноилоҷ таъмири пойафзори ба даст гирифтаашро ба як сӯ монда, ба таъмири пойафзори набераи мизоҷи навбатиаш оғоз кард. Ӯ пойафзори кӯҳнашударо бо азобе таъмир намуд. Занак қисса кард, ки писараш ба кишвари Русия рафтаву то ҳанӯз пул нафиристонидааст, ки ба наберааш пойафзори наве харад. Занак пойафзори таъмиргаштаро ба даст гирифта ба усто Аҳмад миннатдорӣ изҳор намуд ва дуо кард. 
Чунин мисолҳо аз ҳаёти кории усто Аҳмад Ашуров хеле зиёданд.  Усто агарчӣ ба синну сол бузург нест, вале  чун солхӯрдагон ба мизоҷони хеш бо тамкиниву таҳаммул муомила мекунад. Ин муомилаи нек ҳамеша ба мизоҷон хуш ояд. 
– Вақте ки ба ин касбу кор дилбаста ба кори мустақилона оғоз кардам, – гуфт дар суҳбат усто Аҳмад Ашуров, – падарам таъкидан чунин насиҳат карданд: «Лафз аз даҳон шакар гардад, мор аз хонааш бадар гардад». Соҳибкасб ҳамеша бо мардум сару кор дорад. Агар ӯро муомилаи хуш ёр бошад, ҳамзамон мардум барои иҷрои кори хеш ба вай муроҷиат хоҳанд кард. Аз ин лиҳоз шумо бояд бо одамон ҳамеша дар муомилаву муносибати хуш бошед. 
– Мо ҳамин насиҳати падарро ҳалқа бар гӯш кардем, бародар, – бо табассум мегӯяд усто Аҳмад.
Усто Аҳмад касби таъмири пойафзорро аз падари хеш усто Сафарбой омӯхтааст. Усто Сафарбой бошад ин касби меросиро аз падари хеш усто Қудрат омӯхтааст. Падари усто Аҳмад солҳои зиёд дар маркази ноҳия ва пасон дар минтақаи Бандихон ба мардум хидмати беминнат расонида, ба меҳру садоқати ин мардум шарафёб гаштааст. То ҳанӯз сокинони ин диёр аз кору фаъолияти мӯзадӯзи номӣ усто Сафарбойро ба некӣ ёд мекунанд.
– Касбу кори мӯзадӯзӣ барои оилаи мо меросист, – мегӯяд усто Аҳмад. – Ҳеч кас маро ту ин касбу корро пеша кун, гӯён ташвиқу тарғиб накардааст. Азбаски ин касбу кор дар рагу хуни мо ҳаст, ман низ ин касби бошарафро пеша кардам. Худро хушбахт мешуморам, ки мизоҷон аз кору бори ман миннатдоранд. Бесабаб падарам усто Сафарбой намегуфтанд: «Агар усто маҳорати баланд дошта бошад, кӯҳнаро ба шакли нав ба соҳибаш баргардонад, он замон нони ӯ ҳалол мегардад. Ва дар мавридҳое ба ман такрор ба такрор ҳамин ибораро талқин ҳам мекард, ки «кӯҳнадӯзӣ нав шавад, мӯзадӯз соҳибобрӯ шавад». Ман ки ҳоло аз пушти ин касбу кор нон мехӯрам, ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба ин гуфтаҳо амал намоям, – суханашро ҷамъбаст карда гуфт усто Аҳмад. Аз сӯҳбати усто Аҳмад бармеояд, ки ӯ як умр нони хешро чун падару бобояш ҳалол карда, ба мардум хидмати беминнат хоҳад кард. 

Нуралӣ РАҶАБ, 
ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: