“КӮҲСОР” ВА ОЯНДАИ НЕКИ ОН

Аз ҳаёти маҳалла

Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Кӯҳсор” яке аз маконҳои зисти тоҷикони ноҳияи Китоб буда, дар иҳотаи кӯҳҳои осмонбӯс воқеъ шудааст. Ин мавзеъ табиати дилфиреб дошта, дили ҳар бинандаро тасхир месозад. 
“Кӯҳсор” панҷ деҳаро дар худ муттаҳид кардааст: Ҷавз, Матмон, Деҳнави Боло, Аспидухтар ва Шут. Ҳар кадоме аз ин деҳаҳо таърихи ба худ хосе доранд. Аҳолии ин панҷ деҳаи кӯҳистониро саросар тоҷикон ташкил мекунанд. Раиси ҷамоати маҳаллаи “Кӯҳсор” Салим Норимов гуфт, ки ин деҳаҳо аз ҳам то дурии се-чор километр ҷой гирифтаанд, аммо ба шароити душвори кӯҳистон нигоҳ накарда, ба ҳар кадоми онҳо роҳи мошингард сохта шудааст. Ин роҳҳо бо ташаббуси кормандони маҳаллаи “Кӯҳсор” шағалпӯш низ гардидаанд. Танҳо фасли сармо рафту омад байни деҳаҳои мазкур андаке мушкил мешавад. Вақти барфрезиҳои шадид ҳаракати нақлиёт халал ёфта, муваққатан қатъ мегардад. Дар чунин маврид аҳолии кӯҳистон аз хидмати аспу харҳо истифода мекунанд ва мушкили худро ба навъе осон месозанд. Норимов таъкид кард, ки роҳи байни маркази ноҳияи Китобу ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Кӯҳсор”, ки 80 километрро ташкил медиҳад, ҳоло шағалпӯш гардидааст ва баъзан дар фасли зимистон ба далели боридани барфҳои баланд баста мегардад. Аҳолии атроф вақти мусоидии ҳаво маводи ғизоии худро харидаву захира месозанд.
Дар панҷ деҳаи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Кӯҳсор” 6180 нафар аҳолӣ умр бар сар мебаранд. Мардуми ин маҳал аслан бо чорводорӣ, боғпарварӣ ва кишти зироати дигар машғул буда, маишати зиндагии худро аз ин роҳ таҳия месозанд. Дар ин обрав чор мактаби миёна ҳам фаъолият мекунанд ва дар онҳо ба фарзандони мардуми қаламрав таълиму тадрис дода мешаванд. Дар мактабҳои мазкур таълим ба забони тоҷикӣ бурда мешавад ва ҳар сол ин дабистонҳоро даҳҳо нафар духтару писарон хатм кардаву бархе  аз онҳо барои идомаи таҳсил ба мактабҳои олии шаҳрҳои мухталифи ҷумҳурӣ мераванд.
“Кӯҳсор” як толори варзишӣ низ дорад, ки ҷавонон фурсати бекориҳо ба тамрини тану рӯҳи худ шуғл меварзанд. Толори варзишӣ ҳама вақт пур аз ҷавонон аст. Китобхонаи маҳалла бештар ҷойи дӯстдоштаи мардуми қаламрав буда, хоса фасли зимистон мизоҷони бештареро фаро мегирад. Китобхона захираи бой дошта, солона аз ҳисоби китобҳои тозанашр ғанитар мегардад. 
Норимов таъкид намуд, ки дар деҳоти дурдасти маҳалла нуқтаҳои сайёри тиббӣ низ ташкил шудаанд, ки ҳангоми зарурат ба мардуми атроф кумаки тиббӣ мерасонанд. Минбаъд барои боз ҳам беҳбуд бахшидани шароити зисти мардум тарҳҳои хуберо рӯйи даст доранд, ки интизор меравад дар оянда амалӣ гарданд. 
Дар деҳаи Ҷавзи маҳалла “Мамнӯъгоҳи геологии Китоб” ва “Боғи миллии Китоб” созмон ёфтааст, ки дар ин маҳал назир надоранд. Бештар олимон омадаву бо пажӯҳиши олами набототу ҳайвонот ва замини ин маҳал шуғл меварзанд.  Ҳар сол барои дидани он аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ низ одамони зиёде меоянд. Ҳатто ин макон диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Табиати нотакрори деҳаҳои кӯҳистон метавонад боиси рушди ҷаҳонгардӣ ва туризми дохиливу хориҷӣ шавад. Дар ин самт корҳои шоёне анҷом меёбанд.
Раиси ҷамоат гуфт, дар асоси қарору фармонҳои Президент барои боз ҳам беҳбуд бахшидани шароити зисти мардум кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Тибқи нишондоди ҳукумат барои коҳиши фақр, таъмини қишри бекори аҳолӣ бо ҷойи кор, кумак ба дармондагон тарҳҳои алоҳидае ба роҳ андохта хоҳад шуд.

Шариф ХАЛИЛ,
мухбири “Овози тоҷик” дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: