КӢ АЙБДОР?

(Ҳикоя)

Ҳамроев, баъди хӯрок хӯрдан, хост андаке ба ғанаб равад, нашуд. Дар хонаи шафат бачагон якдигарро бо болишт зада садо баланд мекарданд. Соати ҳашту ним бояд ба маҷлис мерафт. Дирӯз Ҳамдам барои иштироки падару модараш дар маҷлис аз мактаб даъватнома оварда буд.
Ҳамроев ягон бор дар маҷлис иштирок накардааст. Аммо агар даст ёбад, барои танбеҳ додани муаллимоне, ки ба бачаҳо тарбияи дуруст намедиҳанд ё ба ин кор бепарвоӣ зоҳир менамоянд, рафтан мехост. Ин нияти ӯ ба завҷааш Собирамоҳ низ маъқул шуд. 
– Гап занед, шармсор кунед. Бачаҳо дар мактаб хонда, баръакс, густохтар шудаанд. Вақте ки шумо дар хона нестед, Ҳамдаматон  ҳоламро танг месозад. Пештар аз гӯшаш кашида ба кӯчаи адаб медаровардам, ҳоло гурехта ба бом мебарояд ва аз болои бом ба ман забонашро нишон дода, масхара мекунад.
Ҳамроев ба дафтари кисагиаш ким-чиҳое навишт.
– Хӯш, боз чӣ кор мекунад?
– Боз... агар занам, ханд-хандон мегӯяд: “Беҳуда мезанед, дард намекунад”... Қариб буд фаромӯш кунам, як сол боз ягон маротиба “оча” гуфтани ӯро нашунидаам. Ман барояш “Турондот”.
Ҳамроев баланд хандид. Ин лақабро худи ӯ рӯзи ид, вақти ба меҳмонӣ рафтан ба Собирамоҳ дода, ҳамаро хандонда буд.
– “Турондот” гуфт-а? Ин масъаларо дар маҷлис наметавон ба миён гузошт. Лекин гӯед ҳам, мешавад. Зеро бача бояд суханони калонсолонро такрор накунад.
– Дар мактаб тарбия намедиҳанд. Бо дониши хушку холӣ оё бача инсони комил мешавад?
Ҳамроев шикоятҳои Собирамоҳ ва суханони доир ба тарбия аз рӯзномаҳо хонда ва одамон шунидаашро ба дафтари кисагиаш навишт, сипас хулоса кард:
– Ман агар ба ҳуҷҷате нахонда имзо гузорам ё ту гиребони ягон куртаро каҷ часпонӣ, барои муносибати хунсардона ба кор ҷавобгар мешавем. Пас чаро ба муаллиме, ки ба тарбияи кӯдак аз паси панҷа менигарад, ҷазо намедиҳанд?
– Куҷо рафт? Ҳамдамро ин ҷо даъват кун!
Аз хонаи дигар, болишти пораҳои дохилаш беруншударо бардошта, Ҳамдам баромад. 
– Ин ҷо бишин! Хӯш, чаро ту мисли бачаҳои кӯчагард беодобӣ мекунӣ?
Ҳамдам болиштро рӯйи курсӣ гузошту ба болояш нишаст ва ба сӯйи модараш нигоҳ карда гуфт:
– Чӣ кор кардаам?
– Ман пурсида истодаам. Ба ман нигоҳ кун, кори кардаатро фаромӯш кардӣ? Чаро вақте ки модарат мезанад... хайр, ин ҳам майлаш. Чаро ба модар беҳурматӣ зоҳир намуда, ба болои бом мебароӣ, ба модарат... умуман, магар туро замин намебардорад? Дар мактаб ба ту чунин таълим медиҳанд? Дафтарҳоят куҷост?
Ҳамдам ба модараш нигоҳ кард:
– Ман кай болои бом баромадаам?
– Не, бомро мон, ба ман дафтарҳоятро нишон деҳ. Ку бубинам, чандто баҳои “аъло” дорӣ?
– Ягонто ҳам... баҳои бад нагирифтаам. Марҳамат...
Ҳамроев ба варақ задани дафтарҳои писараш шурӯъ кард.
– Хуб, ҳозир мебинем... “хуб”... “миёна”.... Куҷост  “аъло”? Чаро аз русӣ баҳои “хуб” гирифтӣ? 
– Аъло хонам ҳам, муаллимамон баҳои “хуб” мегузорад, аз баҳои “аъло” баҳои “хуб” хуб аст, мегӯяд.
– Фаҳмо. Шумоён ба дурӯғ гуфтан одат кардаед. Ку пештар биё, ба чашмам нигоҳ кун! Баҳои “хуб” хуб аст, мегӯяд?
Ҳамдам оқибати бад доштани дурӯғгӯйиро дар тӯли умр бори аввал медид, садо бароварда гиря кард. 
– Ба ман нигоҳ кун, мегӯям. Дурӯғ гуфтанро кӣ ба ту ёд дод? Кадом муаллимат?
Собирамоҳ ба сухан ҳамроҳ шуд:
– Як бор бахшед, дигар дурӯғ намегӯяд. Вой, тавба, чаро аз русӣ баҳои “хуб”? О, ин ба русӣ булбули гӯё-ку?! Ҳамроев аз гӯши Ҳамдам кашида, ба худ нигаронд.
– Боз дурӯғ мегӯӣ? Баъд аз ин дурӯғ мегуфта бошӣ, дар ёд дор, лату кӯби ман мисли лату кӯби модарат сабук нахоҳад шуд. Дар гумон аст, ки ту аз фанни забони русӣ баҳои “хуб” гирӣ. Хӯш, масалан, сарпӯши чойникро ба русӣ чӣ мегӯянд? Ҷумраки самоворро-чӣ?
Ҳамдам тарҷумаи ҳардуяшро намедонист. Аз ин рӯ, гирякунон ба хонаи дигар даромад. Ҳамроев аз дафтари кисагиаш баъзе навиштаҷотро хат зада, чизҳои дигар навишт.
– Не, – гуфт дафтарчаро ба кисааш андохта, – ба ин кор бояд эътибори ҷиддӣ дод. 
– Соат ҳашт шуд, – гуфт Собирамоҳ.
Ҳамроев дар худ андешид: равад, бояд ҳатман гап занад, агар гап назанад, ҳоҷати рафтан нест. Гапро аз чӣ оғоз мекунад, хулосааш чӣ мешавад?
– Не, Турондот, – гуфт, – ин дафъа шумо равед. Ман дафъаи дигар бо тайёрии пухта меравам.
– Монед-е! Ба ҷое, ки боре нарафтаам, чӣ хел меравам? Аз рафтани ман чӣ суд?
– Фоида набошад, зарар ҳам надорад.
Зану шавҳар дар бораи фоидаву зарар баҳс карданду соат ҳашту ним шуд. Ҳамроев азми ба кор рафтан кард. 
– Шумо чӣ кор мекунед? Сарвари мактаб такрор таъин карда буд, агар шумо наравед, маро коҳиш медиҳад, – садо баланд кард Ҳамдам.
– Модарат намеравад, аз рафтани ӯ суде нест, ман дафъаи дигар меравам. 
– Агар роҳбар пурсад, ҳамин хел гӯям?
– Чаро? Бачаи калон-ку ту, магар чизе гуфта наметавонӣ? Гӯй, ки падарам аз кор дер омад, модарам бетоб аст.
Ҳамдам ба падараш дуру дароз нигоҳ кард. Ӯ пагоҳ бояд айнан ҳамин тавр мегуфт.

Абдулло ҚАҲҲОР

Аз забони ӯзбекӣ тарҷумаи 
Хусрав ҲАМИДОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: