«КӢ ГУФТ, КИ СУРУД ХОНЕД?»

«Муноҷот»-ро бисёр овозхонҳо хондаанд.

«Муноҷот»-ро бисёр овозхонҳо хондаанд. Мегӯянд он гултоҷи таронаҳои классикист. Мусиқӣ ва шеър бо ҳам мутаносиб...
Аввалин иҷрогари ин суруд кист?
Аввалин иҷрогари ин суруд Берта Давидова мебошад.
Артисти мардумии Ӯзбекистон Б.Давидова (Довудова) «Ушшоқи Самарқанд», «Баёт II», «Баёт V», «Насри баёт», «Фиғон», «Дугоҳ» барин сурудҳои «Шашмақом»-ро низ ба маром расонда хондааст. Вале ӯро маҳз «Муноҷот» маълум ва машҳур сохт. Вақте ба саҳна мебаромад, илтимос мекарданд «Муноҷот»-ро хонад. Бо хоҳиши мухлисон гоҳо чанд бор такроран хондааст ин сурудро. Мешуниданд ва «об мешуданд».
Деҳқондухтар чӣ тавр ба олами мусиқӣ роҳ ёфт?
Бале, духтари деҳқон буд Берта. Падараш Довуд марде буд меҳнатдӯст, чашмикордон, ташкилотчӣ. Маҳз бо ташаббуси вай дар Ёзёвон аввалин хоҷагии ҷамоавии яҳудиён ташкил ёфт. Бо таклифи Йӯлдош Охунбобоев деҳқонон Довудакаро раиси хоҷагӣ интихоб карданд.
Дар байни 8 писар ягона духтари нозпарвард буд Берта. Оилаи онҳо миёнаи солҳои сиюм аз Марғилон ба Тошканд кӯч баст. Берта, ки ба шифокорӣ шавқ дошт, ба техникуми тиббӣ дохил ва соли 1938 онро бо дипломи имтиёзнок хатм намуд. Дар таваллудхонаи рақами 3-юми шаҳр чун ҳамшира ба кор шурӯъ сохт. Вақте ҷанг сар шуд, ӯро ба госпитал гузаронданд. Ба госпитал қариб ҳар рӯз аз фронт ярадорҳоро меоварданд, ки аксарият ҳоли табоҳ доштанд. Нолаҳо мебароварданд ҷонкоҳ...
Гирди онҳо парвонае буд духтари хилъати сафедпӯш. То дилашон бардорад, бадеҳаҳо мехонд. Бо ҳис кардани он ки ба дарди маҷруҳон бо ин роҳ андак марҳам аст, то дер наздашон хиргоҳиҳо мекард. Чӣ қадар мехостанд духтараки хушовоз аз палатаашон набарояд.
Рӯзе ҷавоне, ки аз дасти рост ҷудо шуда буд, хоҳиш кард суруд хонад. Берта ба як кунҷи кати ӯ нишаст, суруде хонд дилошӯб. Саргарми хониш сардухтур нафаҳмида монд, ки як меҳмони олиқадр чӣ тавр назди дар омада ва ӯро гӯш мекунанд.
Он меҳмони олиқадр Йӯлдош Охунбобоев буд, ҷӯраи қадрдони падараш.
Вақте сардухтур Бертаро ба кабинети худ хонд ва гуфт, шуморо дигар дар ин ҷо нигоҳ дошта наметавонем, маҷбурем «пеш кунем», ба изтироб афтод:
– Пеш мекунед? Чаро?
– Айби худатон. Кӣ гуфт суруд хонед?
Духтарак:
– Тавба кардам, – гуфт гиряолуд. – Илтимос, маро бахшед. Бо ҷамоа одат кардаам. Аз корам ҷудо накунед.
Сардухтур табассум намуд:
– Ман низ ба шумо одат кардаам, духтарҷон. Рафтанатонро намехоҳам, вале ноилоҷам. Ба оқсақоли ҷумҳурӣ не гуфтанам мумкин?
– Йӯлдошота – ҷӯраи падарам. Наход...
– Ота шуморо ба ҷои дигар гузаронданӣ, ба ҷои баландтар, – хандид сардухтур. Ва сухани гуфтаашро такрор кард: – Айби худатон. Кӣ гуфт суруд хонед?
Рӯзи дигар Йӯлдош Охунбобоев Бертаро ба Кумитаи радиои ҷумҳурӣ бурд.
– Булбули гӯё овардам, – гуфт ба роҳбари кумита, – ба кор қабул кунед, асло афсӯс намехӯред.
Ҳамин тавр Берта Давидова аз ҳамшираи шафқат ба санъаткор табдил ёфт. Дар равнақи санъати сарояндагӣ саҳми муносиб гузошт. «Муноҷот»-и ӯ ҳанӯз дигархелтар садо дода, нозуктарин торҳои эҳсосро ба ларзиш меоварад.

М. МАҲМУДЗОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: