Лабханди «Ҷаҳони зан»

АЗ СУҲБАТИ ЗАНУ ШАВҲАР

Аз суҳбати навхонадорон:
- Азизам, ман намефаҳмам, андози мустақим аз ғайримустақим чӣ фарқ дорад?
- Мустақимаш маълум-ку.
- Чӣ хел маълум?
- Охир, ту, ки чанд пул будани моҳонаи маро аниқ медонӣ, маошамро танга ба танга ҳисоб карда мегирӣ. Ҳаминаш мустақим.
- Пас, ғайримустақимаш-чӣ?
- Ғайримустақимаш, ҳамин ки маро хоб бурд, хеста кисаҳоямро боз як бори дигар мекобӣ, ки мабодо ягон сӯмаша пинҳон надошта бошам.

АНГУШТАРИН

Зан ба шавҳараш гуфт:
- Ангуштарини дастамро 20 сол пеш гирифта будед. Кӯҳна шуд, бо наваш иваз карда диҳед.
- Ба туро гирифтанам ҳам 20 сол шуд, туро ҳам бо наваш иваз кунам?!

Таҳияи Далер АЗИЗОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: